logo

иқтисод

"АМОНАТБОНК". ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРОН ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ҚАРЗИСТ

Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади беҳбудӣ бахшидани фаъолияти  соҳибкорону  сармоягузорони ватанӣ, ки  дар   рушди босуботи иқтисод,  пеш аз ҳама воридоти технологияҳои навин,  таъсиси ҷойҳои кор, афзоиши даромади аҳолӣ ва  корҳои созандагӣ нақши калидӣ доранд, дар радифи имтиёзҳои зиёд дастгирии давлатиро ба роҳ монд. Дар натиҷаи ислоҳот ва тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ давоми соли гузашта ба 290 ҳазор расид, ки нисбат ба 5 соли пеш 110 ҳазор адад зиёд мебошад. Кумаки молиявӣ ба  соҳибкорон  фаъолияти тиҷоратию истеҳсолии онҳоро густариш дод.  Рӯҳулло Ҳикматзода, раиси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», вобаста ба пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорони ватанӣ аз тариқи ин бонки сернуфуз чунин изҳор дошт:
- Фаъолияти  соҳибкорӣ яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат мебошад. Дар шароити гузариш ба муносибатҳои нави хоҷагидорӣ нақши он дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ, фаровонии бозори истеъмолӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, сатҳи муътадили  нархҳо, устувории қурби пули миллӣ ва мунтазам воридшавии андозҳо ба буҷети давлатӣ баланд арзёбӣ мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорону сармоягузоронро қувваи бузурги созандаю ободгари Ватан ва  пешбарандаи иқтисодиёти кишвар арзёбӣ намуда, соҳибкориро “муҳаррики иқтисодиёт» номидаанд. Дастрасии соҳибкорон ба манбаъҳои молиявии арзон  аз омилҳои асосии рушди фаъолияти онҳо маҳсуб меёбад. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади рушди ин бахш  барои дастрасии истеҳсолгарону савдогарон ба захираҳои қарзии имтиёзнок Фонди дастгирии соҳибкорӣ таъсис дод. Ҳамасола тавассути фонди мазкур  аз буҷети давлатӣ маблағҳои қарзии имтиёзнок ҷудо гардида, он тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ба соҳибкорон дастрас мешавад. Дурнамои  маблағгузории соҳибкорони ватанӣ аз ҳисоби ин захираи молиявӣ то соли 2020  як миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки заминаи рушди соҳаро устувор месозад. Таҳлилҳо дар самти дастгирии соҳибкорон нишон медиҳанд, ки кумаки молиявии Ҳукумати мамлакат ба соҳибкорон истеҳсолоти ватаниро ба маротиб афзун сохтааст.
Дар самти амалишавии иқдомҳои бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат “Амонатбонк” ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохилию хориҷӣ ҳамкориҳоро бо шарикони тиҷоратӣ ва ташкилотҳои молиявии ҷаҳон  густариш медиҳад. Раванди маблағгузории субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла занони соҳибкор, ба тадриҷ беҳтар шуда,  барои амалисозии иқдомҳои созандаи соҳибкорон, бахусус дар самти таъсиси корхонаҳо ва ташкили ҷойҳои кор, шароити зарурӣ муҳайё  мегардад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2017    №: 8    Мутолиа карданд: 1833

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»

Прокурорҳои генералии СҲШ мубориза бо нашъафурӯшӣ ва қочоқро баррасӣ намуданд

Таъкиди сарвазири Гурҷистон аз зарурати беҳсозии муносибат бо Россия

Ҷаҳон дар як сатр

01.10.2019


Тоҷикистон 48 зиндониро ба Афғонистон интиқол дод

Намояндагони комиссияи Аврупо барои музокирот ба Беларус мераванд

Ҳукуматдорони Ироқ сарҳад бо Сурияро кушоданд

Дар Ӯзбекистон дар ду соли охир 238 мактаби нав бунёд ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

30.09.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Антониу Гутерриш

Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар иҷлосияи солонаи вазирони корҳои хориҷӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед