logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

2. АВВАЛИН ТАҒЙИРЁБИИ ГЕНҲОИ ИНСОН
Олимони Донишгоҳи Сичуан (Чин)  моҳи ноябр аввалин маротиба барои ҷойгир кардани генҳои тағйирёфта дар организми инсон технологияи CRISPR-Cas9 – ро истифода бурданд. Онҳо ҳуҷайраҳои бемори саратони шушро гирифта, рамзи ирсияти синтезаторҳои сафедаҳои PD-1-ро дур карданд. Он ба организм имкон намедод, ки ба ҳуҷайраҳои саратонӣ пурра мутаассир шаванд.
Ҳуҷайраҳои тағйирёфтаро баргашта ба бемор ворид карданд. Акнун, маснуияти бемор қавӣ гашта, бо беморӣ фаъолона мубориза мебарад. Ин ҳодисаро метавон яке аз аввалин қадамҳо дар рушди тағйирдиҳии геноми инсон номид.
Таҳияи Ш.ҚУРБОН

КИМ УНГ – ЙОНГ
Аз ҳама одами оқилтарин дар рӯйи олам-вундеркинд Ким Унг-Йонг шинохта мешавад. Кӯдак - мӯъҷизаи кореягӣ соли 1962 ба дунё омадааст ва то кунун рекордсмени китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун барандаи баландтарин   IQ-210 мебошад.
Ӯ ҳанӯз дар синни 4 - солагӣ ба забонҳои японӣ, кореягӣ, олмонӣ ва англисӣ китоб мехонд. Дар 5 - солагӣ Ким тартиби мураккаби эҳтимолияти муодилаи дифференсиалиро ҳал кард.
Баъд аз он, ӯро ба барномаи телевизонии Япония даъват намуданд. Вай дар он ҷо маҳорати хешро бобати донистани забонҳои хитоӣ, испанӣ, вйетнамӣ, тагалӣ (филиппинӣ), олмонӣ, англисӣ, кореягӣ намоиш дод.
Аз 3 то 6 солагӣ Ким донишҷӯи Донишгоҳи Honyanq буд. Дар 7 - солагӣ   ӯро барои кор ба НАСА даъват намуданд. Дар 15 - солагӣ ба гирифтани унвони доктори илмҳои физика (донишгоҳи Colorado State University) мушарраф гашта, дар ИМА то соли 1978 фаъолият дошт. Пас, барои иҷрои корҳои шаҳрвандӣ (мулкӣ),  лоиҳакашӣ  ва сохтмон ӯ ба Корея баргашт.  Бо ин мақсад рисолаи докторӣ марбут ба соҳаи фавқро ҳимоя намуд.
Таҳияи Умари ШЕРХОН

ПАНДҚИМОБ. ДАР БОРАИ ҚОРИИШКАМБА
Қориишкамба чун одати дерин дар як зиёфати бошукӯҳи сарватмандон «меҳмони бологузар» шуда менишаст. Сармои қаҳратун ҳукмфармо буд. Баъди нӯши ҷон кардани нозу неъмати дастархон лаҳзаи зарофату хушгӯӣ расид. Ин лаҳзаҳои фароғатӣ, албатта ба Қориишкамба дахл надошт. Ҷое, ки ин қадар кабобу шароб ҳаст, ба дилаш ҳазлу шӯхӣ магар мегунҷид?!
Инро яке аз нишастагон пай бурда, ба ӯ суол дод:
- Сесад тангаи тиллоӣ мехоҳӣ ё се панди муфид, ки рӯзе ба кор ояд?
Қориишкамба дар ҳоле, ки дандон ба кабоби мурғ гузошта буд, ногаҳон «се панд», гуфтанашро надониста монд.
- Панди аввал он ки чун мӯзаи ту кӯҳна гардад, мӯзаи нав бипӯш, ки либоси наву мӯзаи кӯҳна баднамост.
- Қориишкамба аз дил гузаронд: «Панди муфид агар ин бошад, во ҳасрато. Сад тангаи зарам бисӯхт!».
Гӯянда табассум кард ва панди дигар гуфт:
- Чун атр ба риши худ бимолӣ, ба зери риш марасон, ки гиребон чиркин кунӣ.
Қориишкамба ба худ печида фиғони ниҳонӣ баровард: «Дар ин муддате, ки зиндаам, танам атр он сӯ истад, собунро надидааст. Бимир ба ҳамин пандат, ки сад тангаи дигарамро сӯзондӣ!»
Гӯянда хост панди сеюм гӯяд. Аммо Қориишкамба аз ҷо бархост ва дар ҳоли парешонӣ аз он, ки панди дигар нашнавад, саросемавор гуфт:
- Эй бародар, ба Худо, ки панди сеюмро захира нигаҳ дор ва сад тангаи боқӣ ба ман биспор, ки он маро дар ин сармо аз ҳазор панд заруртар аст.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР

АВТОАҶОИБОТ
То соли 1930 ширкати ҷопонии «Mazda», ки дар истеҳсоли автомобил яке аз ширкатҳои маъруф аст, номи «Toyo Cork Kogyo Ltd» дошт.  Аз соли 1931 ширкат номи худро дар радифи номи худои ориёӣ Аҳура Маздо, ки ба номи сардори он Дзюдзиро Матсуда монанд аст, иваз  мекунад.
***
Ба Гагарин баъди парвози бобарораш ба кайҳон, автомобили «Волга», бо рақами давлатии 12-04  ЮАГ туҳфа мекунанд.  12-04 таърихи парвози ӯ ба кайҳон, ЮАГ – Юрий Алексеевич Гагарин. Рақамҳо сохта набуда, балки дар вилояти Маскав чунин серия, яъне ЮА дар қайд буд.
***
Ситораи сегушадори «Мерседес» маънии се самт – хушкӣ, ҳаво, обро дорад. Онро соли 1909 кашф карда, ҳамчун нишони беҳамто будани «Мерседес» қарор доданд.
***
Соли 2008 дар шаҳри Қоҳира ҳамагӣ 9 чароғаки роҳнамо амал мекард.
***
Калонтарин автомобили ҷаҳон боркаши олмонӣ «Liebherr T 282B» бо вазни 222 тонна ба ҳисоб меравад.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР

ШИОРҲОИ ЗИНДАГИСОЗ
Хирадманд аз камбудиҳои худ шарм медорад, аммо аз ислоҳи онҳо ибо намекунад.                                                 
Конфутсий
Саодати ягона дар зиндагӣ ҳамеша ба пеш ҳаракат кардан аст.
Э. Золя
Инсон  умри худро на барои сарватманд  шудан, балки барои хушбахт шудан бояд сипарӣ намояд.                              
Стендал
Беақл касест, ки дар вақти доро буданаш дӯсташро фаромӯш мекунад.                          
Григорий  Богослов
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ

Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд.
ЛАВҲАЧАҲОИ ГИЛИН ЧӢ МЕГӮЯНД?
Шаш ҳазор сол пеш дар соҳилҳои халиҷи Форс тамаддуни шумерҳо вуҷуд дошт, ки аз худ лавҳачаҳои гилини бо хати мехӣ пуршударо ба мо ба мерос гузоштаанд. Лавҳачаҳо ривоятҳо, афсонаҳо, солномаҳои таърихӣ, маҷмӯи қонунҳо, санадҳои хоҷагидорӣ, номаҳои шахсӣ ва ғайраро акс месозанд. 
Аз матнҳои хондашуда бармеоянд, ки шумерҳо дар бораи Коинот, ситораҳо ва сайёраҳо маълумоти комил ва дар соҳаҳои астрономия, математика, тиб, оҳангудозӣ, кишоварзӣ дониши кофӣ доштаанд. Ҳанӯз 6 ҳазор сол пеш медонистаанд, ки Замин дар атрофи Офтоб чарх мезанад ва маҳз астрономҳои онҳо осмонро ба бурҷи дувоздаҳгона тақсим намудаанд. Ба онҳо ҳамаи сайёраҳои системаи Офтоб, таърихи пайдоишашон маълум буд. Ҳол он ки Уран «расман» дар соли 1781 ва Плутон соли 1930 кашф гардидаанд.
Чи тавре ки лавҳачаҳои гилин нақл мекунанд, 4 миллиард сол пеш ба системаи офтобии мо «муҳоҷире» аз қаъри кайҳон бо номи Нибиру, ҷисми осмонии раҳгумзадаи ҳаҷмаш баробари Замин, бо суръати 65 ҳазор километр дар як соат ворид гардид.  Дар он вақт дар атрофи Офтоб (Апсу) сайёраҳои Уторид  (Мумму), Зуҳра (Лахаму), Миррих (Лахму), Тиамат бо ҳамсафари худ Маҳтоб, Муштарӣ (Кишар), Сатурн (Аншар), Уран (Ану), Нептун (Эа) ва Плутон (Гага) ба муқобили ақрабаки соат давр мезаданд. Вақте ки Нибируи пурасрор ба ҳудуди системаи Офтоб даромад, ба майдони гравитатсионии Офтоб афтод ва асири он гашту чун ақрабаки соат давр зада, ба майдони гравитатсионии дигар сайёраҳо таъсир расонд. Дар натиҷа аз ҳама зиёдтар Тиамат зарар дид. Равандҳои муқтадири тектоникӣ Тиамитро ба ду ҳисса тақсим карданд. Яке аз он қисмҳо бо ҳамроҳии Маҳтоб ба дигар мадор афканда шуд ва бо номи Замин зиндагиашро идома дод. Дигар ҳиссааш пора – пора гашта, дар байни Миррих ва Юпитер ба астероидҳо табдил ёфт.  
Ба Нибиру чӣ ҳодиса рӯй дод? Дар зери таъсири неруҳои аз фалокати Тиамат ба вуҷудомада вай низ ба мадори дигар гузашта ба сайёраи 10 – уми аз ҳама дуртарини системаи Офтоб мубаддал гашт. Дар адабиёти илмӣ ва илмию тахайюлотӣ онро Трансплутон меноманд. Шояд ин як афсонаи ҳайратоварест? Аммо дар соли 1766 физик ва риёзидон, ситорашиноси немис Иоганн Титсиус ва ҳамшаҳрии ӯ Иоганн Боде масофаҳои сайёраҳои системаи Офтобро омӯхта «қоидаи Титсиус – Боде» - ро асоснок намуданд, ки мувофиқи он бояд дар байни Миррих ва Юпитер «сайёраи № 5» меистод. Ҳол он ки вай имрӯз вуҷуд надорад. Аз рӯи ҳамин қоида минбаъд Уран, Нептун ва Плутон кашф шуданд. Пас, «сайёраи № 5» низ вуҷуд доштааст? 
Дар шаби якуми солинавии асри ХIХ  мунаҷҷими итолиёвӣ Ҷузеппе Пиатси онро ёфту Серера ном гузошт, вале вай ҳаҷман ниҳоят  хурд буд, соли 1802 Паллада ва баъди 2 сол Юнона ва баъди 3 сол Веста кашф шуданд. Ҳамаи онҳо дар мадоре давр мезаданд, ки бояд «сайёраи № 5» чарх мезад. Ситорашиноси олмонӣ Генрих Олберс, баъди кашфи Паллад ва Веста, гуфт, ки онҳо шояд аз таркиши «сайёраи № 5» пайдо шуда бошанд. Дар он замон оид ба лавҳачаҳои гилини шумерҳо маълумот дастрас нашуда буд. Вале афсона дар бораи Фаэтон, писари Офтоб, дар Аврупо машҳур буд. Гӯё Фаэтон ба аробаи тиллоии падараш аспҳои оташафшонро баста дар осмон давонд, аммо аробаро идора карда натавонист ва ҳамаи мавҷудоти зиндаи Заминро сӯзонд. Ин ҳодиса дар Замин фалокат хезонд. 
Дар оғози соли 1970 массаи «сайёраи № 5», ки онро Генрих Олберс Фаэтон номида буд,  ҳисоб карда шуд ва гуфтанд, ки вай  16 миллион сол пеш мавҳ шудааст. Вале сабаби фалокат ҳанӯз норавшан аст. Дар соли 1997 олимони амрикоӣ иброз доштанд, ки дар канораи аз ҳама дурдасти системаи Офтоб сайёраеро ёфтаанд, ки шояд Нибиру бошад.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ

ОЁ МЕДОНЕД?
Бразилия ягона кишварест, ки дар тамоми мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳонӣ оид ба футбол иштирок кардааст.
***
Калонтарин фурудгоҳи байналмилалии ҷаҳон дар Ҳонконг ҷойгир шудааст.
***
Мексика дар истеҳсоли нуқра дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад.
***
Баъди зарба суръати тӯбчаи голф ба 270 км/соат баробар мешавад.
***
Лонаи уқоб метавонад то 2 тонна вазн дошта бошад.
***
Асал ягона ғизоест, ки таркибаш ҳеҷ гоҳ вайрон намешавад.
Таҳияи Холназар КАСИРОВ

ЛУТФ
Зебосанаме аз Марк Твен мепурсад:
- Рост  аст,  ки  ҳамаи  инсонҳо аз маймун баромадаанд.
- Бале.
- Ҳамаи ҳама, ҳатто ман?!
- Албатта,  вале  фикр  мекунам,  шумо  аз ягон маймуни хеле зебо.
***
Сарватманде аз Марк Твен мепурсад:
- Шумо ин қадар ақли зиёд, вале ҳамин қадар пули кам доред, инро чӣ хел фаҳмем?
- Медонед, ҷаноб, табиат мувозинатро дӯст медорад.  Масалан, шумо пули бисёру ақли кам доред. Яъне, ба ҳисоби миёна мо ҳар ду баробарем.
***
Марк Твен ба зебосанаме лутф кард: «Шумо ниҳоят дилрабоед!».
Хонум, ки аз ҷумлаи ҳаводорони нависанда набуд, ин лутф барои як шахси маданӣ, тарошаи аз бом афтидагӣ барин, бисёр нозеб ва бегона баромад.
- Мутаассифона, дар бораи шумо инро гуфта наметавонам, - ҳавобаландона посух дод хонум.
 Марк Твен ҳам паст наомада, бадоҳатан гуфт:
- Пас мисли ман рафтор кунед, яъне  дурӯғ гӯед.

РЕКОРДИ ПИРАМАРДИ 105 – СОЛА
Роберт Маршан, сокини 105 - солаи Фаронса, аз рӯи варзиши велосипедронӣ рекорди нав гузошт. Ӯ дар велодроми Сен – Кентен – ан – Ивлини Фаронса 22 километру 547 метрро дар як соат тай намуд.
Замоне, ки Маршан даври 92 - юми трекро мегузашт, тамоми тамошобинон рост истода кафкӯбӣ мекарданд.
«Ман инҷо барои чемпион шудан наомадаам, балки нишон додан мехостам, ки пиронсолон низ велосипедронӣ карда метавонанд... Фикр мекунам, ки ин ҳадди ниҳоӣ нест. Аз ин ҳам нишондоди беҳтарро иҷро карда метавонам, зеро қувваи зарурӣ барои велосипедронӣ дар ман ҳаст», - гуфтааст худи Р. Маршан.
Роберт Маршан дар соли 2012 ғолиби мусобиқаи велосипедрононии синни зиёда аз садсола шуда, ҳамон замон рекорди аввалини худро гузошт. Он замон, ӯ дар велодроми Леон 100 километрро дар 4 соату 17 дақиқаву 27 сония тай карда буд.
Таҳияи Шаҳбози АБРОР

ОДАМОНИ ЗЕБО КАМТАР БЕМОР МЕШАВАНД
Одамони дорои симои ҷолиб нисбатан камтар аз бетобӣ азият мекашанд. Гурӯҳи олимони амрикоӣ пас аз гузарондани таҳқиқоти зиёду гуногун ба чунин хулоса омаданд.
Мутахассисон муайян карданд, ки одамони дорои симои ҷолиб умри нисбатан зиёд мебинанд, вале ин аз бисёр ҷиҳат ба вазни ҷисми онҳо вобаста аст. «Агар инсон аз фарбеҳӣ азоб накашад, он гоҳ организмаш ҳам солим хоҳад буд», - собит намудаанд олимон.
Дар ин ҳол мутахассисон чунин воқеиятро маълум карданд, ки одамони зебо камтар мубталои бемории қанд ва диққи нафас шуда, дар онҳо амалан афсурдаҳолӣ мушоҳида нагардидааст.
Ҳамчунин, олимон қайд карданд, ки одамони зебо ба ҷинси муқобил «ишорат» мекунанд, ки насли онҳо зебо ва солим хоҳад буд.
Таҳияи З. АКРАМОВ

ЯК ДОНА КАРТОШКА - ЯК МИЛЛИОН ДОЛЛАР
Айни замон, дар олам гаронбаҳотарин акс кори тарроҳ ва аксбардори амрикоӣ Ҷеф  Фрост бо номи «Ист дар ҳалқа» ба шумор меравад, ки дар музояда бо арзиши  6,5 миллиону 10 сент фурӯхта шудааст. Ин сурат воқеан ҳам хеле аҷиб баромадааст.
Вале чанде пештар диққати ҳамагонро як расми аҷибтаре ба худ ҷалб намуд, ки маҳсули кори аксбардори ирландӣ Кевин Абоша аст. Ин сурат аз нигоҳи аввал хеле одӣ ба назар мерасад, зеро як дона картошка дар пасманзари сиёҳ аксбардорӣ шудааст. Вале, соҳибкори аврупоӣ, ки ному насабашро махфӣ медорад, дар ин расм мазмуни амиқтареро дарк намуда, онро бо арзиши як миллион доллари америкоӣ харидорӣ намуд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО

ДАР ЧИН ПАЙИ ПОЙИ ДИНОЗАВР ЁФТ ШУД
Дар вилояти Гуйчжоуи Чин пайи пойи  динозавр, ки  145 миллион сол пеш зистааст, ёфт шуд, хабар додааст нашрияи “Ria.ru”
Пайи динозаврро дар тарафи рости кӯҳи округи Битсзе мушоҳида кардаанд. Ба ақидаи олимон ин динозаврҳо чорпоя буда, асосан растаниҳоро истеъмол менамудаанд. Онҳо дар ин ҷо 56 миллион сол пеш аз давраи Юра зистаанд. Давраи Юра 145 миллион сол пеш аз ин интиҳо ёфтааст.  Миллионҳо сол пеш аз замони мо он ҷо ҷойе, ки пайи пойи динозавр ёфт шудааст, макони обнӯшии онҳо будааст. Дарозии пайи ёфтшуда 30 сантиметрро ташкил менамояд. Ба андешаи олимон қади динозавр бояд 6 метрро ташкил диҳад.
Таҳияи Муҳаммадраҷаби ПАЙК

ЗИНДАГӢ ВА МАРГ
Зиндагӣ аз Марг бо ифтихор мепурсад:
- Барои чӣ одамон маро дӯст медоранду туро ҳеҷ намехоҳанд ва чун душмани худ меҳисобанд?
Марг бо оромӣ ва таҳаммул посух медиҳад:
- Барои он ки ту онҳоро як умр бо дурӯғу хаёлҳои ширин мефиребӣ. Ман бошам, ҳақиқатро як бор мегӯям, аммо он барояшон талху ногувор аст.
Аз англисӣ тарҷумаи
Исмоил ҲАМИДЗОДА

ТАЙ НГОТ.  13870 ШАБИ БЕХОБӢ
Тай Нготи ветнамӣ 38 сол боз нахуфтааст. Ин ба 13870 шаби бехобӣ баробар аст. Ӯ ҳатто фаромӯш кардааст, ки хоб чист. Тай тамоми ин солҳо дар хоҷагии калони деҳқониаш машғулияти доимӣ дошт. Соҳиби ҳавзи моҳипарварӣ низ ҳаст, ки шабу рӯз дар он кор мекунад.
Сабаби тӯли ин солҳо хоб накарданаш бемории вараҷа буд. Дар соли 1973 гирифтори ин навъи беморӣ мегардад. Маҳз аз ҳамон вақт  дигар хоб карда наметавонад. Ба гуфти худи ӯ бехобӣ ба  саломатиаш зарар намерасонад. «Ман худро хуб эҳсос мекунам, корҳои хоҷагидориро мисли дигарон анҷом дода метавонам, ҳар рӯз то 100 килограмм борро мекашонам».
Аҷиб, ки ҳангоми ташхиси охир табибон дар ӯ бемориеро пайдо накарданд.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА

ЗАРАРИ ТАМОКУРО ДЕР ФАҲМИД
Мӯйсафеди 106 – солаи фаластинӣ  тамокукаширо қатъ кард. Аз ӯ сабаб пурсиданд.
- Шунидам, ки тамокукашӣ ба саломатӣ зарар доштааст, - гуфтааст ӯ.
Таҳияи Мирзои ФИРӮЗ

«МАНЧЕСТЕР ЮНАЙТЕД» - ПЕШСАФИ ФУТБОЛИ ҶАҲОН ОИД БА ДАСТМУЗДИ БОЗИГАРОН
«Манчестер Юнайтед»  (Англия) оид ба дастмузди (маоши) бозигарон пешсафи футболи ҷаҳон мебошад.
Тибқи маълумоти таҳқиқоти анҷомшуда футболбозони ин клуб ба ҳисоби миёна дар як сол 5,77 миллион фунт (7 миллиону 212 ҳазору 500 доллар) дарёфт менамоянд. Дар қатори пешсафон «Барселона» (Испания)  (5,65 млн.фунт) ва «Манчестер Сити» (Англия) (5,42 млн.фунт) шомиланд.
Дар таҳқиқот 10 ҳазор варзишгар аз 333 даста дар 17 лигаи сарватмандтарини ҷаҳон аз рӯи 7 намуди варзиш баррасӣ шуданд. Дар рейтинги умумии клубҳои варзишӣ «Манчестер Юнайтед» дар зинаи чорум қарор дорад. Дастаҳои баскетболи амрикоӣ – «Кливленд» (6,54 млн.фунт), «Лос – Анҷелес Клипперс» (5,78 млн.фунт) ва дастаи бейсболи «Ню – Йорк Янкис» (5,81 млн.фунт) лидери клубҳои варзиши ҷаҳон маҳсуб мешаванд.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.2017    №: 9    Мутолиа карданд: 3372

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед