logo

иқтисод

БОНКДОРӢ. МАРҲИЛАИ АМАЛИСОЗИИ ТАДБИРҲО ОҒОЗ ЁФТ

Раёсати ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар доираи  татбиқи тадбирҳо оид ба муназзамсозии фаъолияти бонк аз 3 январи соли равон барасмиятдарории шартномаҳои амонатии муштариёнро бо пешниҳоди тарофаҳои нав оғоз кард.
Шартномаҳои нав дар идораи марказӣ ва ҳамаи филиалҳои бонк баста мешаванд. Дар ин бора аз маркази матбуоти «Тоҷиксодиротбонк» - яке аз  бонкҳои калонтарини мамлакат иттилоъ гирифтем. Муштариёни пасандоздори бонк тавассути телефон ба суҳбатҳои инфиродӣ ҷиҳати тамдиди муҳлат ё бозгардони пасандозҳо даъват карда мешаванд. Дар марҳилаи аввал муштариёни пасандоздори бонк метавонанд ҳар моҳ ба миқдори баробар ба 50 – 200 доллар (он тадриҷан зиёд мешавад) маблағ гиранд. Ҳамчунин, муштариён метавонанд ҳар рӯз аз банкоматҳои бонк то 100 сомонӣ пули нақд гиранд ё ҳар рӯз аз марказҳои савдое, ки дар онҳо POS – терминалҳои бонк насб шудаанд, ба арзиши 200 сомонӣ маҳсулот харид намоянд. Вобаста ба беҳшавии вазъи молиявӣ ин маҳдудиятҳои муваққатӣ низ барҳам дода мешаванд.
Аксари муштариён аз иқдоми нави пешгирифтаи бонк хуш истиқбол мекунанд, аммо муштариёне низ ҳастанд, ки пасандозашонро «дирам ба дирам» пас  гирифтан мехоҳанд.
 Ин ҳаққи онҳост. Дар ҳама ҳол, тибқи иттилои маркази матбуоти «Тоҷиксодиротбонк»,  ҳамаи пасандозҳо то охири сол ба соҳибонашон баргардонда мешаванд.
Дар «Агроинвестбонк» низ алҳол барои гирифтани маблағҳои маҳдуд навбатпойӣ идома дорад, аммо, ба ҳар ҳол, раванди додани пасандози муштариён оғоз шудааст ва умед аст, ки ин амал вусъат мепазирад. Ҳаҷми умумии маблағҳои пасандозгузорон дар ин бонк наздик ба як миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Мутаассифона, дар бонкҳои дигари ба мушкилӣ мувоҷеҳ, сарфи назар аз  дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон, амалисозии нақшаи банизомдарории  фаъолият ва соҳиб шудан ба эътимоди муштариён суст ба мушоҳида мерасад.
Ёдрас месозем, ки тайи ду соли охир дар марҳилаҳои гуногун вазъи молиявии ин бонкҳо хеле мушкил гардида, пасандоздорон ва соҳибони кортҳои бонкиро сахт нигарон карда буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи ҳол дар Паёми навбатӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати андешидани тадбирҳои муассир барои ба эътидол овардани фаъолияти бонкҳо, низоми бонкӣ, риояи ҳуқуқу ҳифзи манфиатҳои пасандозгузорон ва нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ супориш доданд, ҳамчунин, муштариёни бонкҳоро умеди қавӣ бахшиданд, ки ҳамаи пасандозҳо ба соҳибонашон баргардонда мешаванд. Дар пайи  иҷрои дастури Пешвои миллат  охири соли сипаришуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани вазъи молиявӣ, раҳоӣ аз муфлисӣ ва соҳиб шудан ба боварии муштариён барои 4 бонки дар вазъи мушкили молиявӣ қарордоштаи мамлакат – «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк», «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» беш аз 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ ҷудо намуд. Бонки миллии Тоҷикистон роҳбарияти ин бонкҳоро муваззаф сохт, ки дар муддати як моҳ нақшаи солимгардонии фаъолият  ва муназзамсозии низоми бонкиро таҳия ва пешниҳод кунанд.
А. САЙВАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.2017    №: 9    Мутолиа карданд: 1745

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед