logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН. ОЯНДА ДУРАХШОН АСТ

(Идома аз шумораи гузашта)

Дар давоми сол, ҳамчунин, сафарҳои кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон анҷом дода шуданд. Дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Сарвари давлат моҳи апрел чорабиниҳои ифтитоҳи мактаби нав, корхонаи истеҳсоли гаҷкартон ва боғчаи бачагона, дар моҳи август корхонаи истеҳсолии «Моҳирсемент», оғози сохтмони мактаби нав барои 680 хонанда ва моҳи сентябр ифтитоҳи корхонаи азими истеҳсоли криоллит, кислотаи сулфат ва алюминийи фтордор баргузор шуданд. Моҳи апрел дар шаҳри Норак гимназияи давлатӣ, ду мактаби нав, истироҳатгоҳи замонавии «Пули Сангин» ва дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии - 500 кВ - НБО Норак бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Моҳҳои май ва август Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат дар расми ифтитоҳи бинои истиқоматии 5 ошёна, бинои нозироти андози шаҳр, Корхонаи металлҳои рангаи «Покрӯд», фабрикаи ғанигардонии маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Покрӯд» ва қисми низомии навтаъсиси таъйиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Пешвои миллат дар намоишгоҳи деҳоти Ромит бо намунаи ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахш шинос шуда, бо вазъи картошкапарварӣ ва парвариши занбӯри асал дар мавзеи Канаски деҳоти Ромит ошноӣ пайдо карданд.
Дар ин соли ҷашнӣ, ҳамчунин, дар моҳи июн сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сурат гирифт. Дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Дарвоз Президенти мамлакат бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиат шинос шуда, як зумра иншооти мактабу маориф ва фарҳанг, нозироти андоз, маркази эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди туризм, биноҳои маъмурии мақомоти иҷроия, маҷмааҳои варзишӣ ва хатҳои оби нӯшиданиро мавриди истифода қарор доданд ва ба сохтмони биноҳои 12 ошёна дар маркази вилоят - шаҳри Хоруғ ва мактаби нав дар ноҳияи Ишкошим оғоз бахшиданд. Бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар вилоят тантанаҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор шуда, Президенти мамлакат дар расми гузашти низомӣ ба ифтихори ин санаи фархунда ширкат варзиданд. Пешвои миллат дар ҷараёни ин сафар, ҳамчунин, аз отряди сарҳадии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Ишкошим дидан карда, дар ҳама шаҳру ноҳияҳо бо мардум суҳбату мулоқотҳои самимию судманд анҷом доданд.
Бояд таъкид кард, ки моҳи сентябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвоз ташриф оварда, дар деҳоти Сағирдашт як варзишгоҳ барои 400 ҷойи нишастро мавриди истифода қарор доданд ва ба сохтмони мактаби нав барои 450 ҷойи нишаст оғоз бахшиданд. Сипас, дар ҳамин ноҳия Сарвари давлат дар расми аз нав ба фаъолият оғоз кардани қисми низомии 02011 Б - и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа иштирок карда, аз намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияи Дарвоз боздид ба амал оварданд.
Охирҳои моҳи июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сафари корӣ анҷом дода, як қатор иншооти муҳими таъйиноти гуногунро ифтитоҳ намуданд. Аз ҷумла, бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳияи наздисарҳадӣ мактаби нав, бинои шуъбаи маориф, нозироти андоз ва хати нави оби нӯшиданӣ мавриди истифода қарор гирифта, Сарвари давлат аз қисми низомии 2133 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ва намоиши дастовардҳои меҳнаткашони ноҳия дидан намуданд.
Ба ноҳияи Варзоб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2016 се маротиба ташриф оварда, ду маротиба дар расми ифтитоҳи иншооти наву замонавии Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед - Дара» ва маротибаи дигар дар намоишгоҳи дастовардҳои чорводорони мамлакат иштирок карданд. Дар ин ноҳия моҳи июл бори аввал намоишгоҳи дастовардҳои чорводорони мамлакат дар чунин сатҳи баланд ва бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар он дастовардҳои чорводорон ва занбӯри асалпарварони номдори шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба маъраз гузошта шуда буданд.
Зимни боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед - Дара» дар ноҳияи Варзоб дар моҳи август меҳмонхонаҳои барҳавои замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхона, марказҳои савдо ва иҷораи лавозимоти варзишию барфбозӣ, майдонҳои лижаронию барфгардӣ, роҳҳои танобӣ ва мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои варзиши зимистона мавриди истифода қарор дода шуданд.
Охири моҳи декабр дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед - Дара» бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биною иншооти дуошёнаи тарабхона, маҷлисгоҳ, нуқтаи иҷораи лавозимоти лижаронӣ, майдончаҳои дорои воситаҳои муосири дилхушкунанда барои бозиҳои зимистонаи кӯдакона, майдони бузурги бозиҳои конкию хоккей ва иншооти роҳи танобӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Умуман, дар соли 2016 бо таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед - Дара» пурра навсозию таъмир гардида, ба як мавзеи воқеан дилфиреби истироҳатию фароғатӣ, сайёҳӣ ва машқу тамрингоҳи намудҳои гуногуни варзиши зимистона табдил ёфт.
Дар моҳи август сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Сарбанд, ноҳияҳои Бохтар ва Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон бобарору самарабахш ва фарогири иштирок дар чорабиниҳои ифтитоҳи иншооти нав, оғози сохтмони иншооти дигар ва чорабиниҳои фарҳангии ҷашнӣ анҷом ёфт. Дар ин рӯзҳои хотирмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи таҷлили Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз намоиши театрикунондашудаи аҳли фарҳанги вилоят иборат буд, иштирок карда, шодию нишоти сокинони шарафманди вилоятро бо ҳузури худ афзунтар намуданд. Бояд хотирнишон сохт, ки моҳи ноябри соли 2016 Президенти мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ташриф оварда, дар шаҳри Сарбанд ба корҳои таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Сарбанд ва марҳалаи дуюми таҷдиду навсозии корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» оғози расмӣ бахшиданд.
Охири моҳи август дар таърихи рушди истеҳсолоти ватанӣ ва пешрафту тараққиёти соҳаи саноати нассоҷии мамлакат таҳаввулоти назаррас ба вуқӯъ пайваст. Дар остонаи таҷлил аз ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин корхонаи истеҳсолӣ - маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии «Ҷунтай - Данғара Син - Силу текстил» ба фаъолият оғоз намуд, ки дар ҷумҳурӣ ва минтақа беназир мебошад. Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия Донишгоҳи давлатии Данғара ва як маҷмааи муҳташами варзиширо ифтитоҳ намуда, ба сохтмони меҳмонхонаи муосири «Дарё - 2015», бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва беморхонаи бисёрсоҳавӣ санги асос гузоштанд.
Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Расадхонаи байналмилалии астрономии “Санглох” - и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз таъмири асосӣ ифтитоҳ ёфт. Расадхона аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ беҳтарин дар ҷаҳон аст ва он дар замони соҳибистиқлолӣ бо назардошти аҳамияти бузурги илмӣ ва байналмилалии мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди системаи офтобӣ, кометаҳо, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди 20 соли аз кор мондан, барқарор карда шуд. Расадхонаи байналмилалии астрономии “Санглох” дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва соли 1977 сохта шудааст. Расадхона аз соли 1995 мақоми байналмилалӣ гирифтааст, зеро саҳми он ва олимони соҳа дар пешрафти илми кайҳоншиносӣ дар ҷаҳон назаррас аст.
Тантанаҳои марказондашудаи ҷумҳуриявӣ ба истиқболи Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд доир гардиданд. Ба ифтихори ин санаи фархундаю таърихии давлату миллат дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ҷамъомади бошукӯҳи тантанавӣ, гузашти низомӣ, роҳпаймоӣ ва барномаи фарҳангии театрикунондашуда баргузор шуд. Дар роҳпаймоӣ, ки дар майдони «Дӯстӣ» - и шаҳри Душанбе ба ифтихори 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир  гардид, аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ 52 ҳазор нафар донишҷӯйи макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандону хизматчиёни сохторҳои  давлатии мамлакат ширкат намуданд.

(Идома дорад)


Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,
доктори илмҳои таърих, профессор,
Самариддини АЙНИДДИН
муовини роҳбари Хадамоти матбуоти
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.2017    №: 9    Мутолиа карданд: 1789

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед