logo

иҷтимоиёт

ЭҲТИЁТ. БОЗИЧАҲОИ ҒАЙРИСТАНДАРТӢ ҲАНӮЗ ҲАМ ДАР ФУРӮШАНД

Имрӯзҳо дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯш даҳҳо намуди бозичаҳои кӯдаконаи истеҳсоли кишварҳои гуногун ба фурӯш бароварда мешаванд, ки як қисми онҳо ба меъёрҳои стандарт ҷавобгӯ набуда, ба ҳаёт ва саломатии кӯдакон хатар доранд.
Ҳар як мамлакат дар истеҳсол, назорат ва истифодаи бозичаҳои кӯдакона талаботи умумӣ ё стандартҳои худро дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стандарти байнидавлатии ГОСТ 25779 - 90 «Талаботҳои умумии бехатарӣ ва тарзи назорати бозичаҳои бачагона» амал мекунад, ки дар асоси он бехатарии маҳсулоти номбурда назорат мешавад.
Мутобиқ ба талаботи стандарт ва регламенти техникии бехатарии бозичаҳо мутахассисони шуъбаи нозироти савдои Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд дар ҳамаи бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши вилоят корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, фурӯшандагонро оид ба пешгирии фурӯши бозичаҳои пастсифат огоҳ намудаанд. 
Боиси таассуф аст, ки аз ҷониби бархе аз истеҳсолкунандагони бозичаҳои бачагона ва воридкунандагону фурӯшандагон ба хотири бештар суд бардоштан дар бисёр ҳолатҳо талаботи стандарти байнидавлатӣ риоя намешавад. Дар натиҷаи гузарондани санҷиши  мутахассисони шуъбаи нозироти савдои Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯш миқдори зиёди бозичаҳои бачагонаи ғайристандартӣ ошкор шуд. Аз ҷумла, дар натиҷаи гузарондани чор рейди назоратӣ аз се нуқтаи савдои бозори ҶДММ «700 - солагии Ҳамадонӣ» - и шаҳри Бӯстон ва якчанд нуқтаи фурӯши бозорҳои шаҳри Хуҷанд номгӯи зиёди бозичаҳои бачагонаи шаклу намудашон гуногуни лӯхтакҳо, хирсак, палангча, аспак, тӯбчаҳо ба миқдори 308 адад мусодира карда шуд.
Маълум гардид, ки аксарияти бозичаҳо аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шуда, ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бехатарӣ надоранд ва тамғагузории онҳо ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқат намекунанд. Аз маҳсулоти мазкур намунаҳо ба озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрока ва хоҷагии қишлоқи марказ барои ташхис супурда шуд. Бино ба арзёбии мутахассисон, базичаҳои мазкур ба талаботи стандарт ҷавобгӯ нестанд. Бино ба гуфтаи сардори озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрока ва хоҷагии қишлоқи Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд Равшан Бақоев, ҷудошавии рангҳо, овози баланд ва бӯйи номгӯи зиёди бозичаҳо ба талаботи стандарти байнидавлатии СБД 25779 - 90 мувофиқ набуда, дар асоси хулосаи озмоишгоҳ нобуд карда шуданд.
Дар озмоишгоҳ 49 намунаи бозичаҳои бачагона ба миқдори 36 ҳазору 365 дона аз ташхис гузаронда шудааст, ки 38 намунаи он ба миқдори 2635 дона ба талаботи стандарт ҷавобгӯ намебошад. Нисбат ба соҳибкороне, ки ба фурӯши бозичаҳои ғайристандартии бачагона машғул буданд, мутобиқи моддаи 625 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои истеҳсол, фурӯш, барориш, таҳвил, истифодаи маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, ки ҷавобгӯйи талаботи стандартҳои давлатӣ ва шартҳои техникӣ нестанд» чораҳои қонунӣ андешида шуданд.
Дар вақти харидани бозичаҳои бачагона кадом талаботи бехатарии онро бояд риоя кард? Пеш аз ҳама, харидор ба бехатарии маҳсулоте, ки аз он бозича тайёр карда мешавад, бояд эътибор диҳад. Сониян, ба бехатарии болопӯши он, яъне ба устувории рангҳои истифодашуда аҳамият бояд дод. Гузашта аз ин, бозичаҳои бачагона бояд шиносномаи махсус дошта бошанд, ки дар он маълумот оид ба бехатарии маҳсулоти истифодашуда, инчунин, дар таркибаш моддаҳои заҳрнок ва ангезандаҳои ғайритабиӣ, яъне аллергияоваранда надошта бошад. Яке аз талаботи дигари бехатарии бозичаҳо ин мустаҳкамӣ ё устувории он ба ҳисоб меравад.
 Дар вақти интихоби бозичаҳо бехатарии ранг низ хеле муҳим аст. Чунки ранги аз ҳад зиёд баланд метавонад ба узвҳои биноӣ ва ҳолати равонии кӯдак таъсири манфӣ расонад. Гузашта аз ин, аз харидани бозичаҳои овозашон баланд ва тез бояд худдорӣ намуд, зеро дар натиҷаи истифодаи онҳо узви шунавоии кӯдак зарар мебинад. Яке аз талаботҳои муҳими бехатарии бозичаҳо ин кафолати сифат мебошад. Бозичаҳо бояд сертификати мутобиқат дошта бошанд. Дар тамғакоғази онҳо нишон додани маълумот оид ба номи бозича, мамлакати истеҳсолкунанда, номи ширкат, иқтибос аз регламенти техникӣ ё стандарт, ки сифати молро тасдиқ мекунад, маълумот дар бораи хусусиятҳои асосии бозича, шароити нигоҳдорӣ ва истифода, инчунин, нишон додани санаи истеҳсол ва муҳлати истифодаи он ҳатмист. Ҳар истеҳсолкунанда бояд талаботҳои зикршударо ҳатман риоя намояд.
Маҳкамбой КАРИМОВ,
сардори дафтари матбуоти Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд,
Ҷовиди АШТӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2017    №: 10    Мутолиа карданд: 2205

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед