logo

маориф

«ДОНИШ ВА ОМӮЗГОР» 90 - СОЛА ШУД

Дар фаъолияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ матбуоти соҳавӣ нақши муҳим дорад. Гузашта аз ин, матбуоти соҳаи маориф ба рушду инкишофи тамоми соҳоти иҷтимоии кишвар, ташаккули маърифати мардум аз ибтидои таъсисёбиаш таъсири махсус мерасонад. Айни ҳол, вазорат муассиси як ҳафтанома – «Омӯзгор» (бо замимааш «Пайрав») ва се маҷалла – «Маърифати омӯзгор», «Маорифи Тоҷикистон» ва «Русский язык и литература в школах Таджикистана» буда, аксари зерсохторҳои он низ соҳиби нашрияҳои худ мебошанд.
Нахустин маҷаллаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ, адабӣ, фаннӣ, илмӣ ва танқидии мо бо номи «Дониш ва омӯзгор» 5 марти соли 1926 таъсис ёфта, ба муносибати яксолагии таъсиси Нозироти маорифи Тоҷикистон дар Душанбе аз чоп баромад. Муҳаррири масъул нахустин нозири маориф Аббос Алиев буд. Бо сабаби норасоиҳои техникӣ дар матбааи аввалини ҷумҳурӣ баъди чор моҳу даҳ рӯз маҷалла аз чоп бозмонд. Аммо маорифпарварони тоҷик саъю кӯшиш карданд кори саркардаашон дар нимароҳ намонад, баъди як сол - моҳи августи соли 1927 дар шаҳри Самарқанд маҷаллаи дигар бо номи «Дониш - биниш» аз чоп баромад, ки аз шумораи дуюм номи «Раҳбари дониш» - ро гирифта, дар шаҳри Тошканд ба чопи худ идома дод. Баъди беҳбудӣ ёфтани вазъи табъу нашр соли 1930 идораи маҷалла ба шаҳри Душанбе кӯчид. Соли 1932 бо тақозои давр аз рӯйи муҳтаво ба ду тақсим шуд: яке бо номи «Инқилоби маданӣ» инъикоси масъалаҳои маорифро идома дода, қисми адабӣ бо номи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» ҳамчун маҷаллаи алоҳида ба кор шурӯъ кард, ки минбаъд номи «Садои Шарқ» - ро гирифт. Баъдтар «Инқилоби маданӣ» бо номҳои «Мактаби советӣ», «Маърифат» ва «Маърифати омӯзгор» фаъолияти худро идома дод.
Айни замон, «Маърифати омӯзгор» маҷаллаи ҷумҳуриявии таълимиву методӣ ва илмиву оммавӣ буда, дар бораи омӯзгорон, пажӯҳишгарон, аҳли илму адаб ба забони тоҷикӣ (баъзан русиву англисӣ) мақолаҳо чоп мекунад. Маҷалла дар давраҳои гуногун дар ҳаҷми 64 саҳифа бо назардошти вазъи иқтисодӣ соле 4, 6 ва 12 маротиба чоп мешуд. Авҷи шуҳрати маҷалла ба солҳои ҳаштодум то ибтидои солҳои 90 – уми асри гузашта  («Мактаби советӣ») рост меояд. Баъди ин теъдоди обуна коҳиш ёфт, дастрасӣ ба матбуот маҳдуд гашт. Аммо чопи маҷалла қатъ нашуд, ҳарчанд имкони чоп хеле кам (соле 4 - 5 маротиба) буд.
Хушбахтона, аз оғози соли гузашта чопи ҳармоҳаи маҷалла ба роҳ монда шуд. Ҷалби мутахассисон тавассути пешниҳоди мақолаҳои арзишманд бо мақсади баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот, ташаккули касбият, инкишофи малака, худомӯзӣ, такмили ихтисос, методикаи таълим дар  робита бо раёсатҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм, раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо торафт бештар сурат мегирад.
Соли ҷорӣ маҷаллаи «Маърифати омӯзгор»  90 - сола мешавад. Ин ҷашни на танҳо аҳли маҷалла ва кормандони маориф, балки тамоми маърифатпарварони тоҷик ба ҳисоб меравад.
Саида НАБИЕВА,
сармуҳаррири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2017    №: 10    Мутолиа карданд: 4246

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед