logo

иҷтимоиёт

ТАФАККУРИ МИЛЛӢ. НАБОЯД БЕТАРАФ БОШЕМ!

Пӯшида нест, ки ҳар як ҷомеаи миллӣ, пеш аз ҳама, худро дар асоси анъаноти гузаштагон, таърих ва фарҳанги таърихан ва тадриҷан ташаккулёфтаи худ, ки, албатта, дар мурури замон бо неъматҳои беҳтарин ва арзишҳои хидматкунанда ба хайрияти инсон худро ғанӣ гардондааст, инчунин, неъматҳои беҳтарини фарҳангҳои миллатҳои гуногуни дунёро ҳазм кардааст, ташаккул ва рушд мебахшад. Бинобар ин, вақте ифодаи тафаккури миллиро ба забон мегирем, бояд донем, ки он, қабл аз ҳама, ҳифз, истифода ва рушди тамоми хотираи таърихии миллатро дар назар дорад. Поягузори тафаккури миллӣ, аз ҷумла тафаккури миллии мо – тоҷикон таъриху фарҳанги пурғановати гузаштаамон ва гузаштагонамон ба шумор меравад.
Ташаккул ва рушди тафаккури миллӣ аз бар кардани тамоми донишҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеавии гузаштаву ҳозираро талаб мекунад. Масалан, адабиёт яке аз он соҳаҳое мебошад, ки кулли будубоши ҷомеаро дар худ инъикос менамояд. Чунончи, агар ба адабиёти ҳам аҷдоди гузашта ва ҳам насли муосир муроҷиат кунем, бароямон дари кохи баланди фарҳанги маънавӣ боз мегардад, ки ҳар як достони вай аз инъикоси як ҷаҳон муҳаббат ба кишвар, ба Меҳан, ба мардуми заҳматсолору эҷодгар, аз даъват ба ҳифзи марзу буми Ватан, ба шуҷоату мубориза алайҳи аду, аз даъват ба ташаккули ахлоқи ҳамида, хайру эҳсон ва амсоли инҳо иборат аст.
Албатта, Паёми Пешвои миллатро ҳар як шаҳрванди шинохтаи Тоҷикистон чун дурнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ҳарф ба ҳарф мехонад, таҳлил мекунад ва сармашқи фаъолияти меҳнативу зиндагии шахсии худ қарор медиҳад. Он натиҷаи таҳлили амиқи бурду бохти кишвар, муайянкунандаи усул ва роҳҳои бартараф кардани камбудиҳо ва ноил шудан ба муваффақиятҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба шумор меравад.
Дар Паём Пешвои миллат чанд маротиба масъалаи омили инсониро махсус қайд карданд ва ташаккули тафаккури миллиро ҳамчун зербинои ин раванд маънидод намуданд. Чунончи, дар Паём таъкид карда шуд, ки «Масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд».
Ҳамин тавр, инкишофи тафаккури миллиро Сарвари давлат дар қатори ҳифзи истиқлолият, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ёдовар шудаанд. Ин бесабаб нест, зеро ҳар қадаре ки шаҳрвандон арзишҳоро, ба мисли  худшиносӣ, худшиносии миллӣ, ташаккули тафаккури миллӣ ва, умуман, ташаккули ҷаҳонбинии созанда ва амсоли инҳоро баланд бардоранд, ҳар қадаре ки ба кадом кишвар, ба кадом миллат, ба кадом забон, ба кадом фарҳанг мансубият доштанашонро умқан ва моҳиятан дарк кунанд, ҳамон қадар имконият фароҳам меояд, то тамоми нақшаҳои дар пеш истодаро миллат ва давлатамон амалӣ созад.
Ғуломҷон Мирзоев,
профессори кафедраи фанҳои гуманитарии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2017    №: 10    Мутолиа карданд: 2430

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед