logo

сиёсат

ДАҲСОЛАИ НАВ ЯЪНЕ, ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГИИ САЙЁРА

Бо пешниҳоди Пешвои миллатамон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид давраи солҳои  2018 - 2028   эълон гардидани  Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон ташаббускор ва пешсафи  фаъоли ҳалли  масоили глобалии вобаста ба захираҳои об аст. Ин ибтикори навбатии Тоҷикистон идомаи мантиқии пешниҳодҳои қаблӣ буда, барои густариши ҳалли масоили  мубрами марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат менамояд.
Ин нукта зимни баргузории ҳамоиши илмӣ амалии «Ибтикори навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба об», ки бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот баргузор шуд, зикр гардид.
Шариф  Комилзода, директори пажӯҳишгоҳ, зимни суханронии худ  гуфт, ки «ин пешниҳод бори аввал аз ҷониби Пешвои миллат 12 апрели соли 2015 дар Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об дар Ҷумҳурии Корея ба миён гузошта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» - ро асоснок намуда, қайд карданд, ки таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, зуд - зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа, боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, густариши бемориҳои сирояткунанда ва афзоиши фавти модару кӯдак, аз мо саъю талоши бештар ва дар ин арса андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд. Зеро таҳдидҳои зикршуда имкон надоданд, ки ҳадафу вазифаҳои даҳсолаи қаблии байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» пурра татбиқ карда шаванд”.
Абдумуъмин  Қутбиддинов, ходими пешбари илмии пажӯҳишгоҳ, зикр намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”  таъмини амнияти  экологии сайёра мебошад. Дар ибтидои соли 2016 аз  ҷониби СММ барои 15 соли оянда 17 ҳадафи асосӣ муайян гардид, ки  чанде аз ин ҳадафҳо бевосита  марбут ба  масоили экологӣ  мебошанд. Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро  ҳанӯз аз соли 2000 - ум  ба ин масъалаи ниҳоят муҳими экологӣ   ҷалб намуда буд. Пешниҳоди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама,   ба масъалаҳои глобалӣ ва экологӣ, ки  ба рушди ҷумҳурӣ ва масоили тағйирёбии иқлим  иртибот дорад, зич  алоқаманд аст.
Дар ҳамоиш, ҳамчунин, таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо ташаббусҳои қаблии Пешвои миллат, аз ҷумла  ба эълон доштани  соли 2003  “Соли байналмилалии  оби ошомиданӣ”,  2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”,  солҳои 2005 – 2015 “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти "Об барои ҳаёт” обрӯю эътибори баланд касб намудааст. Ҳадафҳои асосӣ дар ин пешниҳодҳо  ҳушдор додани  ҷомеаи ҷаҳонӣ аз  хавфи бузурге мебошад, ки   дар сурати муносибати нодуруст  ҷомеаи башарӣ дар наздиктарин фурсат мувоҷҷеҳ ба он мегардад. Аз ин рӯ, даҳсолаи нав дар самти расидан ба ҳадафҳои  муҳити зист, бахусус, дар таъмини  устувории он созгор буда метавонад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2017    №: 10    Мутолиа карданд: 1553

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед