logo

иҷтимоиёт

БАРТАНГ. ЯК СОЛ ПАС АЗ ЗАМИНЛАРЗА

Бар асари заминларзае, ки 7 декабри соли 2015 дар қаламрави ҷумҳурӣ ба вуқӯъ омад, 132 хонаи  истиқоматӣ пурра ва 421 хона қисман вайрон гардиданд, даҳҳо иншооти маъмурӣ, роҳу кӯпрукҳо осеб диданд. Бештари  хисорот ба деҳоти Ҷамоати Савноб ва қисман ба деҳоти Ҷамоати Басиди  водии Бартанг рост омад. Барои бартарафсозии оқибатҳои харобиовар бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, мақомотҳои маҳаллӣ, ризокорону хайрхоҳон, хуллас, тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон гирди ҳам омада, нисбат ба хисороти баамаломада оҷилан тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намуданд. Инак, аз он рӯз як сол сипарӣ шуд.
Ба гуфтаи Худоёр Худоёров, раиси ноҳияи Рӯшон, дар рӯзҳои аввали офати табиӣ зарардидагон дар маркази ноҳия ва деҳаҳои ҳамсоя бо манзили зисти муваққатӣ, маводи хӯрока, либос ва дигар молҳои ниёзи аввал таъмин гардиданд. Бо вуҷуди хунукиҳои водии Бартанг,  сохтмони хонаҳо барои осебдидагон сари вақт оғоз ёфта, маводи сохтмонӣ бо дастури Роҳбари давлат аз маркази ҷумҳурӣ дастрас гардид. Ин имкон дод, ки то охири соли 2016 дар деҳаи Ғудара 36 хонаи истиқоматӣ пурра барқарор ва аз нав сохта шавад. Ҳамчунин, дар  деҳаҳои Бопасор, Пасор,  Рухч,  Рошорв, Бардара,  Басид, Савноб, Барчидиф ва Нисур 117 хона пурра ва аз нав сохта, барқарор  шуданд.
Дар самти таъминот бо оби нӯшиданӣ низ корҳои зиёд ба анҷом расиданд. Ба  деҳаи Ғудара, ки  сокинонаш чандин сол аз истифодаи об танқисӣ мекашиданд, ба масофаи 5787 метр лӯлаи оби тоза кашида шуд. Ғайр аз ин, неругоҳи хурди барқи обии  Пасор бо иқтидори 125 кВт мавриди истифода қарор гирифт. Хати  интиқоли барқ байни Пасор ва Ғудара гузаронда шуда, барои фаъолнокиаш зеристгоҳи нави барқӣ бунёд ёфт. Сокинони Ғудара, ҳамчунин, аз шабакаи мобилии «Мегафон» бархӯрдор  гаштанд. Дар деҳа бунгоҳи тиббӣ ба маблағи 36  ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Барои аҳли ҷамоатҳои деҳоти ин водӣ аз тарафи КВД «Тоҷикагролизинг» трактори МТЗ-82 бо тамоми таҷҳизот ва аз ҷониби Барномаи рушди минтақаҳои кӯҳистон трактор дастрас гардиданд. Дар деҳаи Бопасор бошад, барои обёрии заминҳо дар масофаи 400 метр бо лӯлаи қутраш 315 мм хати обгузар кашида шуд. Канали оби деҳаи Пасор, ки  бар асари заминларза зарари калон дида буд, бо  сарфи қариб 7 тонна  семент, 624 метр арматура ва насби 96 метр лӯлаи обгузар аз нав  барқарор гардид. Аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои барқарорсозии канали Рухч 3 тонна семент ва 5 тонна арматура дастрас шуд. То охири моҳи ноябр сохтмони 5  синфхонаи мактаби Рухч ба маблағи 420 ҳазор сомонӣ ба анҷом расид.  Бунгоҳи тиббии деҳа низ бо сарфи 48 ҳазор сомонӣ таъмир гардид. Азнавсозии НБО - и хурди деҳаи Савноб ҳам ба анҷом расид, бинои истгоҳи барқӣ таъмир шуд.
Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи сохтмони асосии ВМКБ, хоҷагии ҷангали ВМКБ мутаносибан дар сохтмони хати обгузари Нисур - Хатфат ба масофаи 2000 метр, бунгоҳи тиббии Нисур ба маблағи 314 ҳазор сомонӣ ва бунёди мактаби №31 (Нисур) саҳм гузошта, супоришҳои Сарвари давлатро сари вақт иҷро карданд. Айни ҳол дар деҳаи дурдастарини вилоят - Рошорв бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони мактаби  таҳсилоти миёнаи  умумии № 30 идома дорад. Дар Ҷамоати Басид бунёди табобатхонаи минтақавӣ ва синфхонаҳои иловагӣ, таъмири канали Дорж ва дастгоҳи тавлиди барқ ба анҷом расиданд. Ҳамчунин, дар Ҷамоати Басид бинои муассисаи роҳсозии водии Бартанг ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ, навсозии кӯпруки автомобилгарди Гурхум ба маблағи 240 ҳазор сомонӣ анҷом ёфта, ба муассисаи роҳсозӣ 4 адад техникаи нав дода шуд.
Сохтмони бинои  нави  мактаб - интернати давлатии Сипонҷ моҳи майи соли сипаришуда оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ бо маблағи 1049 ҳазор сомонӣ анҷом ёфтанд. Дар деҳаҳои Даржомч ва Равмед хати оби ошомиданӣ ба анҷом расида, кишоварзон бо 1 адад трактор ва мошинолоти кишоварзӣ таъмин гардиданд.
Феълан дар водии Бартанг корҳои бунёдкорию созандагӣ ҷиҳати ба кор  андохтани  заминҳои нав, бунёди боғу ҷангалзорҳо, коргоҳҳои истеҳсолӣ ва дар ин замина беҳтар намудани  шароити  зиндагии  сокинони  дурдастарин гӯшаи кишвар бомаром ҷараён доранд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2017    №: 10    Мутолиа карданд: 2466

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед