logo

сиёсат

БА ОЯНДА БО ҚАДАМҲОИ УСТУВОР

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моҳи сентябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди истиқболи бошукӯҳи Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафтанд. Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят биною иншооти таъйиноти гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо мардум суҳбату мулоқоти судманд анҷом доданд. Аз ҷумла, аснои ин сафар дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бинои истиқоматӣ дар маркази маъмурии ноҳия мавриди истифода қарор гирифтанд. Президенти мамлакат дар ин ноҳия аз Маркази таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ дидан намуда,  бо лоиҳаи нави маркази маъмурии ноҳия ва дастовардҳои кишоварзон, хусусан дар соҳаи картошкапарварӣ, шинос шуданд.
Дар ноҳияи Зафаробод муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, маҷмааи Парчами давлатӣ, мактаби замонавӣ ва як коргоҳи ҳунаромӯзӣ расман ифтитоҳ гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Бахт» ба маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз бахшида, дар ноҳияи Спитамен корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» ва корхонаи истеҳсолии ҶСП «Норд Азия Металл» - ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бунёд гардида буданд, мавриди истифода қарор доданд. Дар ҳамин ноҳия, ҳамчунин, як мактаби нави инноватсионӣ ва бинои маъмурии Кумитаи идораи замини ноҳия ба истифода дода шуданд. Президенти мамлакат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории силро ифтитоҳ намуда, дар шаҳри Бӯстон бинои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ, дар шаҳри Хуҷанд Кохи ақди никоҳ, Кохи фарҳанги «Суғдиён», бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 19 - ум ва маҷмааи таърихӣ - фарҳангии «Истиқлол» - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат ба сохтмони бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров санги асос гузошта, дар роҳпаймоии идонаи сокинони вилоят бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Даҳаи сеюми моҳи сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои водии Рашт сафари корӣ анҷом доданд. Дар ин сафар Пешвои миллат дар ноҳияи Сангвор дар чорабиниҳои ифтитоҳи бинои суди ноҳия ва маркази савдою хизматрасонӣ иштирок намуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд. Дар ноҳияи Нуробод барномаи сафари кории Сарвари давлат фарогири чорабиниҳои ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ, боғчаи бачагонаи «Зебунисо» барои 140 нафар тарбиятгиранда, корхонаи коркарди ширу бастабандии равған ва боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои соҳаи кишоварзии ноҳия буд. Дар ноҳияи Тоҷикобод зимни ин сафар як меҳмонхонаи замонавӣ, дар ноҳияи Лахш роҳи марказии ноҳия ва бинои истиқоматии дуошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Президенти мамлакат дар ноҳияи Лахш ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшида, аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзон дидан намуданд.
Дар охири силсилаи боздидҳои корӣ ба ноҳияҳои минтақа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт омада, нахуст бо намунаи дастовардҳои кишоварзони ноҳия шинос шуданд. Сипас, Сарвари давлат маҷмааи варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон, осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ, бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи коллеҷи тиббии ноҳияро ифтитоҳ намуда, дар боғи интенсивии «Пайванд - Рашт» бо ҳолати кори боғдорон ва дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва расму оинҳои миллии сокинони ноҳияи Рашт бо намунаи анъаноти мардум ва маҳсули дастони ҳунармандон шинос шуданд. Нимаи дуюми рӯзи 27 сентябр Сарвари давлат дар варзишгоҳи марказии ноҳия дар барномаи рангину бошукӯҳи идонаи устодони санъат ва ҳаваскорон ба ифтихори 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронии пурмуҳтаво намуданд.
Дар соли ҷашнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод ва Восеи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд. Сарвари давлат дар ноҳияи Муъминобод муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 барои 624 ҷойи нишаст дар деҳаи Чашмасор, бинои маъмурии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва варзишгоҳи марказии навбунёдро ифтитоҳ ва аз боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи нур» ва намоиши дастовардҳои мардуми ноҳия дидан намуданд. Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Пешвои миллат навбати аввали роҳи мошингарди Восеъ - Ховалинг, беморхонаи № 3 ва маркази саломатии деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, варзишгоҳ, майдони корти теннис ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51 мавриди истифода қарор гирифтанд. Сарвари давлат, ҳамчунин, бо намунаи дастовардҳои заҳматкашон ва намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳия, кори боғдорони хоҷагии деҳқонии «Файзи Саид» шинос шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб ду мактаби замонавӣ, маҷмааи Нишон ва Парчами давлатӣ, маркази хизматрасонии «Роҳи абрешим» - ро ифтитоҳ намуда, ба корҳои сохтмони бинои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, бинои минтақавии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва меҳмонхонаи муосири баландошёна дар хиёбони Исмоили Сомонӣ оғоз бахшиданд. Сарвари давлат бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва соҳилбандӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақа ва намунаи дастовардҳои хоҷагидорони шаҳри Кӯлоб шинос шуда, оромгоҳи алломаи бузург Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд. Тантанаҳои бузурги ҷашнӣ ба истиқболи 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб хотирмону бошукӯҳ баргузор шуданд.
Ҷараёни корҳои барқарорсозии иншооти тақдирсози давлату миллат - Неругоҳи барқи обии Роғун ҳам дар соли 2016 таҳти назорати қатъии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Моҳи августи соли 2016 Пешвои миллат ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом доданд ва бо корҳои таъмиру навсозии ин иншооти ҳаётан муҳим шинос гардида, дар расми ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок карданд.
29 октябри соли 2016 дар мавзеи бунёди ин неругоҳи азим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун, ки барои мардуми Тоҷикистон ҳаёту мамоташ аст, ҳусни оғоз бахшиданд. Дар ин рӯзи таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид карданд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат намуда, барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ҷумла, баъди ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода шаванд.

(Идома дорад)

Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,
доктори илмҳои таърих, профессор,
Самариддини Айниддин,
муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2017    №: 10    Мутолиа карданд: 1916

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед