logo

фарҳанг

САРИ ҶАР. ОМӮЗИШИ ҲАМАҶОНИБАИ ИН ЁДГОРИИ ТАЪРИХӢ ДАР ФАРҲАНГИ ҶАҲОН САҲИФАИ НАВЕ БОЗ ХОҲАД КАРД

Ёдгории бостонии Сари Ҷар (аслан ёдгориҳоро вобаста ба мавзеи ҷойгиршавиашон номгузорӣ менамоянд) аз зумраи ёдгориҳоест, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар кашф шудааст. Онро соли 2010 кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳо дар ҳамкорӣ бо шуъбаи АвруОсиёи Институти бостоншиносии Олмон ва факултети ҷуғрофиёи Донишгоҳи Гумболди шаҳри Берлин кашф намуданд.
Ёдгорӣ дар соҳили рости дарёчаи Ҷинсой, ҷойи омезиши он бо дарёи Яхсу, воқеъ мебошад. Ёдгорӣ дар ҳудуди ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон  байни деҳаҳои Сари Ҷар ва Канап ҷойгир буда, масоҳати умумиаш 4 гектарро ташкил медиҳад.
- Тоҷикистон сарзаминест, ки дар он ёдгориҳои зиёди бостонӣ мавҷуд аст. Мутаассифона, ҳоло аксари  ёдгориҳои  манотиқи гуногуни кишварамон ҳанӯз пурра ва ҳамаҷониба омӯхта нашудаанд. Хусусан, дар қисми ҷанубии кишвар, яъне, вилояти Хатлон. Ин минтақа ҳанӯз ёдгориҳои зиёди нуҳуфта дорад, ки кашф нагардидаанд. Аз ин рӯ, дар ин мавзеъ бозёфти ёдгорӣ аз дастоварди бузурги мутахассисони соҳа мебошад, - мегӯяд Шералӣ Хоҷаев, сардори шуъбаи ҳифзи мероси таърихӣ - фарҳангии Вазорати фарҳанги кишвар.
Ба гуфтаи коршиносон Сари Ҷар дар тарафи ҷануб бо соҳили нишебдори дарёи Яхсу, аз тарафи шарқ ва ғарб бо ҷарии чуқур маҳдуд мешавад. Аз замони бозёфташ то имрӯз дар ин макон экспедитсияи муштараки бостоншиносони Тоҷикистону Олмон, аз ҷумла, Майк Тойфер, корманди Институти бостоншиносии Олмон ва аспирантони Донишгоҳи Озоди шаҳри Берлин, солҳои 2010, 2012, 2013, 2015, 2016 корҳои ҳафриётӣ гузарондаанд. Аммо бо вуҷуди ин, макон ҳанӯз пурра ва ҳамаҷониба омӯхта нашудааст.
Омӯзиши пешакӣ нишон медиҳад, ки он ба фарҳанги миёнаи “Саппалӣ” мансуб мебошад. Ҳангоми гузарондани корҳои ҳафриётӣ -  омӯзишии пешакӣ 4 унсуре, ки  деҳшаҳр будани мавзеи мазкурро собит месозад, яъне, қисми хоҷагидорӣ, мудофиавӣ, аҳолинишин ва қабристони ин мавзеъ ёфт гардид. Аз ин рӯ, бостоншиносон ин маконро деҳшаҳри асрҳои XVII-XVI - и то мелод мехонанд. Ба андешаи онҳо деҳшаҳри Сари Ҷар аз камтарин деҳаҳои бозмондаи   давраи биринҷ ва аввали оҳан дар Тоҷикистон аст. Беназир будани онро бостоншиносон дар мавҷудияти биноҳои истиқоматӣ, хоҷагидорӣ - истеҳсолӣ, қисмати мудофиавӣ ва гӯристон медонанд.
- Дар натиҷаи корҳои ҳафриётӣ  4 хона пайдо гардид, ки дарозӣ ва паҳноашон  8 метр аст. Паҳноии деворҳои похсагии онҳо тақрибан 50 сантиметр мебошад. Дар қисми шарқии хона суфае ёфт шуд. Болои он зарфи сафолини навъи хумча ва боқимондаи оташдонро пайдо намудем. Байни суфа ва девори ғарбии хона  танӯр мавҷуд будааст. Тахмин меравад онро барои пухтани зарфҳои сафолӣ истифода мебурданд. Дар баробари хумҳо,  кӯзаҳо, мевадон, ширполои сафолин ва дигар навъи маҳсулоти кулолӣ, сӯзан ва корди биринҷӣ, устухони ҳайвонот, ҳамчунин, миқдори зиёди маҳсулоти сангӣ, ки барои зерпояи дарҳо истифода мешуд, пайдо гардид. Миёни бозёфтҳо танҳо як порча оҳан ёфт шуд, ки муайян кардани таърихи он мушкил мебошад. Эҳтимол он ба асри оҳан рост меояд. Бозёфтҳо ба давраи анҷомёбии маданияти саппалии зироаткорӣ монанд мебошанд. Бозёфтҳои сершумори иборат аз сангҳо ва лавозимот барои майдакунии гандум ва ғайра  аз парвариши васеи ғалладона дар ин деҳа шаҳодат медиҳанд. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки дар минтақаи поёнии водии дарёи Яхсу, охири асри биринҷ ва аввали асри оҳан (3700-3600 сол пеш) одамон зиндагӣ мекарданд, - мегӯяд сардори экспедитсия Тӯрахон Хӯҷагелдиев, ходими илмии шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳо.
 Соли 2016 аз ин мавзеъ хумдони қутраш тахминан 2,70 метра пайдо гардид. Бостоншиносон ҳоло  танҳо сатҳи болоии хумдонро тоза намудаанд. Чизи дигаре, ки диққати бостоншиносонро ҷалб намудааст, баъзе бозёфтҳое мебошанд, ки ба ашёҳои асри X монандӣ доранд. Ҳафриёти минбаъда  нишон хоҳад дод, ки дар дохили хумдон чӣ мавҷуд аст. Ҳамзамон равшан хоҳад шуд, ки ин мавзеъ то кадом андоза ҳифз шуда, то ба имрӯз расидааст.
Муҳимияти ёдгории бостонии Сари Ҷарро бостоншиносон дар он медонанд, ки барои омӯзиши соҳа хеле ояндадор аст ва ҳамаҷониба омӯхтани он метавонад дар илми бостоншиносии ватанӣ ва ҷаҳонӣ фарҳанги навро ворид созад.
Ин бозёфти ниҳоӣ нест. Оянда сарзамини Тоҷикистон ба саҳифаи  таърихи ҷаҳонӣ  ёдгориҳои нодиру ҷолиби зиёдеро пешкаш хоҳад намуд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2017    №: 11-12    Мутолиа карданд: 3153
01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.06.2020


ХУШХАБАР. 72,4 ДАРСАДИ СИРОЯТШУДАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

ҚУБОДИЁН. БОЗДИДИ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА АЗ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ЯХМОС

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. АВВАЛИН БОХТҲОИ "ФАЙЗКАНД" ВА "ХАТЛОН"

СУТ: «МО ШОҲИДИ ҚАҲРАМОНӢ ВА ФИДОКОРИИ ПИЗИШКОНИ ТОҶИК БУДЕМ»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 71,2 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУДАНД

НУРОБОД. МАЙДОНИ КИШТИ КАРТОШКА ТАВСЕА МЕЁБАД

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. ДАСТАҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН (U-16) ВА (U-19) БА КАДОМ ГУРӮҲ ШОМИЛ ШУДАНД?

18.06.2020


ХАТЛОН. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР КАРДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед