logo

иқтисод

ҶАЙҲУН ДАР ИСТЕҲСОЛИ 6 НАМУДИ ЗИРОАТИ КИШОВАРЗӢ ПЕШСАФ АСТ

Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон чанд сол аст, ки дар бобати истеҳсоли 6 намуди маҳсулот дар ҷумҳурӣ шуҳрат пайдо кардаанд. Қабл аз ҳама саҳми онҳоро оид ба истеҳсоли пиёз зикр кардан меарзад. Соли гузашта деҳқонон  дар 2130 гектар пиёз кишта, 77740 тонна маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ба ҳар як гектар 338 - сентнерӣ рост меояд. Дар бобати содироти пиёз кишоварзони ноҳия дар миқёси кишвар пешсафанд. Соли рафта онҳо ба берун аз марзи ҷумҳурӣ 37400 тонна маҳсулот содир намуданд, ки 35000 тоннаашро пиёз ташкил медиҳад. Сардори  раёсати кишоварзии ноҳия,  номзади илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ Валиев, ки таҷрибаи зиёда аз 30 - солаи корӣ дар соҳаи кишоварзӣ дорад, дар бораи бурду бохти кишоварзони ноҳия дар соли 2016 чунин нақл кард:
- Маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳия соли гузашта 608 миллиону 573 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз соли 2015 46 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар  бобати истеҳсоли пиёз, сабзӣ, зироатҳои полизӣ, ҷуворимаккаи дон, шолӣ ва лимӯ натиҷаҳои назаррасро ба даст овардем. Деҳқонон дар бобати истеҳсоли зироатҳои асосии кишоварзӣ таҷрибаи кофӣ пайдо кардаанд. Масалан, аз 1100 гектар сабзӣ 300 - сентнерӣ ҳосил бардошта, зиёда аз 35000 тонна маҳсулот истеҳсол намуданд. Аз кишти асосӣ ва такрории ҷуворимаккаи дон ҳосили баланд гирифта истодаанд. Чунончи, соли 2016 дар 1800 гектар кишт гузаронда, 9000 тонна дон ба даст  оварданд. Талабот ба баргу поя ва дони ҷуворимакка дар ноҳия зиёд аст, аз ин рӯ, сол то сол майдони кишти он меафзояд.
Соҳаи дигаре, ки ноҳияро дар мамлакат муаррифӣ мекунад, ситруспарварӣ мебошад.  Ҳоло аз 104 гектар гармхона 3000 - 3025 тонна ҳосил бардошта мешавад, ки қисми зиёдаш ба берун аз ҳудуди ноҳия интиқол меёбад. Соли 2016 майдони кишти шолӣ ба 750 гектар расонда шуд. Тавассути кишт кардани тухмиҳои серҳосил бештар аз 2450 тонна шолӣ истеҳсол гардид. Ба кишту парвариши дигар зироатҳо низ диққати зарурӣ дода мешавад.
Тирамоҳи соли гузашта дар майдони 4538 гектар кишт гузарондем, ки 127 дарсади дурнамо аст.  Ҳоло кишоварзон ба мавсими киштукори баҳорӣ омодагӣ дида истодаанд. 10800 гектар замин шудгор шудааст, ки баробари 97 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад. Рушди соҳа ва афзун гардондани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро 3263 хоҷагии деҳқонӣ ва инфиродӣ таъмин карда истодааст.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ роҳҳои рушди соҳаи кишоварзӣ нишон дода шудаанд. Мо, заҳматкашони деҳот, аз дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ рӯҳбаланд гардида, ҳаракат мекунем, ки дар соли 2017 низ дар кишвар мавқеи пешсафиро таъмин намоем.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2017    №: 11-12    Мутолиа карданд: 1536

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед