logo

иҷтимоиёт

ОБ. ОЯНДАРО ИМРӮЗ НАҶОТ БОЯД ДОД!

Қабули пешниҳоди Пешвои миллатамон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали  Муттаҳид дар бобати эълон намудани Даҳсолаи   байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 барои Тоҷикистон мояи ифтихори бузург аст. Эълони даҳсолаи нав даҳҳо ҳадафҳоро пайгирӣ менамояд, ки имрӯзу ояндаи ҷомеаи инсонӣ ба онҳо ниёзманд мебошад. Яке аз ҳадафҳои меҳварӣ таъмини амнияти экологии сайёра аст. Дар ибтидои соли 2016 аз ҷониби СММ барои 15 соли оянда 17 ҳадафи асосӣ муайян гардид, ки чанде аз онҳо ба масоили экологӣ иртибот доранд.

Бинобар ифлосшавии атмосфера ва дигаргун гаштани иқлим пиряхҳои Тоҷикистон сар аз солҳои шастуми асри гузашта бо суръати баланд об мешаванд. Яъне, бетафовутӣ ба обшавии пиряхҳо барои оянда даҳшатбор хоҳад буд. Ба ҳисоби мутахассисон, агар тамоми пиряхҳои ҷаҳон об шаванд, сатҳи об дар рӯи замин 64 метр баланд мегардад.
Ҳадафи асосии ташаббусҳои  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон доштани Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005 - 2015) ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013) ҳушдор додани ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хавфи бузурге мебошад, ки дар сурати муносибати нодуруст ҷомеа ба он мувоҷеҳ хоҳад шуд. Дар робита ба ин, даҳсолаи нав дар самти расидан ба ҳадафҳои муҳити зисту беҳдошт,  бахусус, дар таъмини устувории муҳити зист, хеле созгор буда метавонад.

Ҳадафҳои иқтисодӣ аз об
Ҳадафи дигари қабул ва эълон гардидани ин даҳсола обро ба манбаи истеҳсоли энергияи арзон ва тозаю безарар табдил додан аст. Моҳияти аслии инро воқеоти неругоҳи Фукусимои Япония барои тамоми ҷаҳон собит намуд. Дар Тоҷикистон об захираи асосии энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад. Мавриди зикр аст, ки аз иқтидори  гидроэнергетикии кишвар, ки дар ҳаҷми 527 миллиард кВт - соат баҳогузорӣ шудааст, имрӯз ҳамагӣ 3 - 4 дарсади он истифода карда мешавад. Яъне, захираҳо барои баҳрабардорӣ аз ин сарчашмаи неруи аз лиҳози экологӣ тоза ва аз лиҳози иқтисодӣ нисбатан арзон кифояанд. Ҳоло зиёда аз 98 дарсади неруи барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда  «неруи сабз» аст.

Аҳамияти сарфаи обҳои ширин
Ҳамасола дар ҷаҳон 22 март чун Рӯзи захираҳои обӣ таҷлил мешавад, то ин ки аҳли башар моҳияти масъаларо дарк намояд. Аммо ҳанӯз ҷомеаи башарӣ ба дарки амиқи ин мушкил нарасидааст, ки ҳарчанд 70 - 80 дарсади рӯи заминро об пӯшонда бошад ҳам, танҳо як дарсади он ошомиданист.
 Тоҷикистон аз рӯи сифати об дар қатори кишварҳои даҳгонаи аввал қарор дорад. Бояд боиси нигаронии аҳли башар бошад, ки зиёда аз як миллиард сокини сайёра аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашад. На ҳама захираҳои оби ошомиданӣ барои инсоният дастрасанд. Дар сурати масрафи беҳудуд инсон метавонад ба хавфи беобӣ дучор гардад.

Об ва ҳаёт
Инсон бояд дарк намояд, ки об неъмати ивазнашаванда ба шумор меравад. Агар инсон 2 фоизи оби баданро аз даст диҳад, ташна мемонад, 10 дарсадро аз даст диҳад, бемор аст, 12 дарсадро аз даст диҳад, бе табобати духтур ба по истода наметавонад, 15 - 20 дарсадро аз даст диҳад ба марг дучор мешавад. Баъди оксиген дувумин омили бақо барои инсон об аст. Коршиносону муҳаққиқон ба он назаранд, ки инсоният дар оянда бештар ба мушкилоти экологии вобаста ба об рӯ ба рӯ мешавад. Тоҷикистон чун ташаббускори даҳсолаи нав  ҷонибдори якҷоя ҳал кардани печидагиҳои ин проблемаи ҷиддии аҳли башар аст.
Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2017    №: 11-12    Мутолиа карданд: 2411

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед