logo

иҷтимоиёт

ДАР ҶАВОНӢ САЪЙ КУН…

Бо пешниҳоди Пешвои миллат дар кишвар соли 2017 – Соли ҷавонон эълон гардид. Омилҳо барои ин пешниҳоди муфид, хушбахтона, зиёд буданд. Зеро саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа зиёд буду ҳаст. Ва, низ онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат иштироки фаъолона доштанду доранд.

Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки ҷавонони мо, новобаста  аз макони зисту фаъолияташон, бояд дорои ҳисси баланди миллӣ бошанд. Инчунин, бо ин Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии худ ифтихор намоянд. Ба ҷуз ин, зарур мешуморанд, ки ин насл барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва зираку ҳушёр бошанд. Албатта, ин беҳтарин дастуру раҳнамо на танҳо барои ҷавонон, балки барои ҳар зиёӣ аст. Яъне, ҷавонон бояд мавқеъ, мақому вазифаҳои худро бишиносанд ва зиёиён, хоса онҳое, ки донишу таҷрибаи зиёди кору рӯзгор доранд, дар тарбияи ин насл масъулиятшинос бошанд. Чаро? Чунки ояндаи мамлакат аз онҳост. Агар ин насл солиму хирадманд ба воя бирасад,  пас, ояндаи кишвар ва худи мо дурахшон мебошад. Ва баръакс.
Ҷавонон дар ҳар давру замон неруи пешбарандаи  ҷомеа маҳсуб мешуданд. Аз ин рӯ, дар тарбияи дурусти онҳо масъулон саҳми чашмрас мегирифтанд. Намуна ва мисоли онро мо дар адабиёти гузаштаамон фаровон пайдо карда метавонем. Аз ҷумла:
Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст,
- мегӯяд Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ.

Воқеан, ин давроне аст, ки кас дар он аз илми андӯхтааш ба ҷомеа бештар нафъ оварда метавонад, ба бузургтарин иқдому ташаббусҳо рӯ меорад, дар пешрафту тараққиёт ва ободии кишвар саҳми бештару арзанда мегирад, дар ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ бо ҷасорат омода мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар як рӯзи сол - Рӯзи ҷавонон аст. Сарвари давлат ба ин қишри ҷомеа махсус таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, то бештар аз пештар ба илмомӯзӣ, ихтироот, ободонӣ бо майлу рағбат ва муҳаббату самимият рӯ биёранд. Инчунин, бо фарҳангу забони миллии худ ифтихор дошта бошанд. Донистани фарҳангу забони миллӣ ва ифтихор бо он ба чӣ хотир аст? «Бе донистани таърихи гузаштаи миллату давлати хеш, бе худшиносӣ, бе анъанаҳои аҷдодӣ, бе ифтихори ватандорӣ ягон халқи ҷаҳон пеш намеравад ва ягон кишвар соҳибэҳтирому муқтадир намегардад»,- изҳор доштаанд Пешвои миллат.
Бо ҷаҳолат бошад, фақат маърифат мубориза бурда метавонад. Дар ҷое агар маърифат мақому мавқеашро аз даст бидиҳад, ба яқин, ҷои онро ҷаҳолат мегирад.
Ҷавонон бо дастуру раҳнамоии Президенти мамлакат хуб медонанд, ки бе аз худ намудани дастовардҳои илму техника ва технологияи ҳозиразамон ва дар сатҳи баланд донистани забонҳои хориҷӣ наметавон мутахассиси комил шуд. Онҳо таъкиди Пешвои худро аз Паём ба Маҷлиси Олӣ (20 январи соли 2016) хуб дар хотир доранд, ки «Танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».
Ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо, фароҳам овардани шароиту имконот умед аст, ки соли 2017, яъне, Соли ҷавонон, воқеан, соли дастовардҳои бузург дар тамоми соҳаҳо мегардад. Инчунин, онҳо саъю талошашон, донишу таҷрибаашонро дар ободиву пешрафту ҳифзи сарзамини аҷдодӣ, рушди илмҳои муосир ва нофеъ равона менамоянд.
Абдукарим МУСТАФОЗОДА,
сармутахассиси шуъбаи
дин,  танзими анъана
ва ҷашну маросимҳои
Дастгоҳи иҷроияи Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2017    №: 11-12    Мутолиа карданд: 2454

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед