logo

сиёсат

ТОҶИКОБОД. АНҶОМИ ЯК МУЛОҚОТИ СУДМАНД

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров дар Хонаи фарҳанги деҳаи Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод дар робита ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагон мулоқоти судманд анҷом дод. 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ нахуст нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро шарҳу эзоҳ дода, зимнан тазаккур дод, ки соли 2016 барои Тоҷикистон соли рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ буд, зеро новобаста аз буҳрони идомаёбанда дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва дигар омилҳои берунӣ, ҷараёни дигаргунсозиҳо барои беҳбуди фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, суботи макроиқтисодӣ дар кишвар нигоҳ дошта шуд. Зиёд гардидани музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақа ва стипендия далели бебаҳс аст, ки иқтисодиёти мамлакат дар ҳоли рушд қарор дорад.
Ба гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров, ҳадафҳои стратегии мамлакат - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ қадам ба қадам наздик мешаванд ва солҳои наздик зиндагии шоистаи халқи тоҷик таъмин мегардад. Ҳадафи дигари наздиктарини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба кишвари саноатӣ - аграрӣ табдил додани Тоҷикистон аст. Ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки бо ба истифода додани корхонаҳои азими саноатӣ, неругоҳҳои барқи обӣ нақшаи стратегии Пешвои миллат зина ба зина амалӣ шуда истодааст ва он рӯз дур нест, ки Тоҷикистони азизи мо пурра ба мамлакати саноатӣ - аграрӣ табдил ёбад.
Дар Паёми навбатӣ мисли солҳои қаблӣ ба масъалаҳои рушди маориф, ҳамчун  соҳаи афзалиятнок диққати махсус дода шуд. Мо шоҳиди бунёд ва навсозии биноҳои муассисаҳои нави таълимӣ, аз ҷумла, дар ноҳияи Тоҷикобод мебошем. Маблағгузорӣ дар соҳаи маориф меафзояд. Чунончи, 56 дарсади буҷети ноҳияи Тоҷикобод дар соли 2017 ба соҳаи маориф равона мегардад. Дар баробари ин, Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки кадрҳои навовар ва ихтироъкор ҳанӯз дар ҷумҳурӣ кам буда, бозёфтҳо дар илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ назаррас нестанд. Вобаста ба ин, Сарвари давлат баланд бардоштани сифати таълиму тарбияро дар тамоми зинаҳои таҳсилот яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи устодону омӯзгорон ва падару модарон арзёбӣ намуданд.
- Масъалаи муҳими дигаре, ки боиси таваҷҷуҳи ҷомеаи Тоҷикистон гардид, ин Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 мебошад, - гуфт Шукурҷон Зуҳуров.  Зикр кард, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба ҷавонони мамлакат аз сиёсати давлатии Ҳукумати ҷумҳурӣ сарчашма мегирад. Ин амал дар ислоҳоти конститутсионӣ, яъне, тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ворид гардидаанд, дастгирии бевоситаи худро ёфт. Минбаъд ҷавонони аз сисола боло тавассути фаъолияти самараноки худ метавонанд мансабҳои олии ҳокимияти давлатиро дар мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ишғол намоянд.
Ҳамчунин, дар Паёми худ Президенти кишвар иброз доштанд, ки: «Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта бо ҷалби ҷавонон нигаронкунанда аст». Дар ҳақиқат террористон баҳри пиёда кардани ҳадафҳои нопоки худ аз таълимоти дини мубини ислом муғризона истифода бурда, исломро ба сиёсат омезиш медиҳанд. Афсӯс, ки бархе аз ҷавонони тоҷик, аз ҷумла, чанд нафар аз ноҳияи Тоҷикобод низ бар асари гумроҳӣ шомили гурӯҳҳои террористӣ гардида, Ватану диёри хешро бадном месозанд.
Ҳамин тавр, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, дарки манфиатҳои давлатию миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ  махсус таъкид гардидааст, ки шарти асосии расидан ба некуаҳволии мардуми Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Б. АБДУСАТТОРОВ,
Дилшод АМИРОВ,
ноҳияи  Тоҷикобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2017    №: 11-12    Мутолиа карданд: 1605

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед