logo

сиёсат

ПАЁМ. МУЖДАЕ АЗ РУШДИ НЕРУИ ИНСОНӢ

Таърих собит намудааст, ҳар як ҷомеае, ки ба сифати сармояи бунёдӣ дар рушди давлатдории худ ба неруи инсонӣ такя мекунад, қодир аст ояндаи рушди босуботи худро муташаккилона таъмин намояд. Зеро маҳз инсон бо қобилиятҳои фитрии худ метавонад ба рушди тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа таъсиргузор бошад. Аз ин нуқтаи назар, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон Паёми рушди неруи инсонӣ маънидод намуд.

Тадбирҳои дар самти рушди маориф анҷомдодаи Пешвои миллат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ омили тақдирсоз баҳри роҳ надодан ба бесаводӣ, новобаста ба вазъи мушкили сиёсии кишвар, гардиданд. Қадрдонӣ ва ҳавасмандгардонии заҳмати омӯзгор, муайян намудани имтиёзҳо барои онҳо, андешидани чораҳо баҳри бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ имкон доданд, ки мактаб ҳамчун даргоҳи маърифат фаъолият намуда, омӯзгор рисолати тарбиятгарии худро софдилона амалӣ намояд. Ин аст, ки мушкили мавҷудаи нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ зина ба зина бартараф гашта, татбиқи даҳҳо барномаҳои давлатӣ дар ин соҳаи муҳим баҳри таҳкими заминаи моддию техникии иншооти соҳаи маориф мусоидат намуда истодаанд.  Чуноне ки дар Паём зикр гардид, фақат дар соли таҷлили 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зиёда аз 2500 муассисаи таълимии шакли гуногун мавриди истифода қарор гирифтааст.
Бо мақсади таъмини рушди муассисаҳои томактабӣ ва ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон дар ҳудуди вилоят  муассисаи томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак таъсис дода шуданд. Ин ҳама заминагузорӣ ҷиҳати рушди неруи зеҳнии кӯдакон буда, баҳри камолоти минбаъдаи онҳо такони ҷиддӣ мебахшад.
Савод ва дараҷаи маърифатнокӣ аз ченакҳои муҳим дар самти рушди неруи инсонӣ маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, ба таҳсили сартосарӣ фаро гирифтани кӯдакони синни мактабӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рушди инфрасохтори соҳаи маориф, беҳтар гардидани заминаи моддию техникӣ ва меъёрии ҳуқуқӣ, баланд шудани маърифатнокии аҳолӣ, мубориза бо ақидаҳои хурофотӣ имкон фароҳам оварданд, то масъалаи аз таҳсил дур мондани хонандагон, бавижа, духтарон марҳала ба марҳала ҳалли худро ёбад.
Маврид ба зикр аст, ки яке аз ченакҳои рушди неруи инсонӣ ин дарозумрӣ мебошад. Чуноне ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шуд, дар ин масъала низ дастовардҳо назаррас буда, сатҳу сифати зиндагии мардум хеле беҳтар гардид ва дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 73,5 сол боло рафт. Ин нишондиҳанда аз он далолат мекунад, ки дараҷаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, тиббӣ хеле беҳтар шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб боло рафтааст.
Масъалаи таъмини баробарии гендерӣ соли 2010 ба қатори ченакҳои рушди инсонӣ ворид шуд. Вале, таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ин масъалаи муҳим, ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ басо нуктасанҷона ва ҷиддӣ буд. Маҳз тавассути ғамхориҳои доимии роҳбарияти олии мамлакат тайи ин солҳо дар кишвар сиёсати гендерӣ устуворона амалӣ гашта истодааст. Таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқӣ тавассути қабули қонунҳо, стратегия ва барномаҳои давлатӣ, муқаррар намудани квотаҳо баҳри боло бурдани сатҳи маърифатнокии духтарони деҳот, тақвияти чораҳои институтсионалию сохторӣ, андешидани тадбирҳои иловагӣ барои ба мансабҳои роҳбарикунанда ҷалб намудани занону духтарон, бартараф намудани қолабҳои куҳна дар бораи нақши зан дар оила ва ҷомеа имкон дод, то кишвари мо дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Бо вуҷуди ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми навбатии муқаррар намудани квота ва имтиёзҳоро барои дастгирии занону духтарон дар зинаҳои гуногун пешниҳод намуданд, ки ин таҷриба метавонад ба раванди кунунии татбиқи сиёсати гендерӣ такони ҷиддӣ бахшад.
Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар заминаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ, сохторию ниҳодӣ ва ташкилӣ дар кишвар замина фароҳам овард, то дар самти фаъолгардонии нақши ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии мамлакат натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шаванд. Дастовардҳои ҷавонони солҳои соҳибистиқлолӣ боиси ифтихор ва сарбаландии насли калонсол аст.
Пешвои миллат дар Паёми худ зикр намуданд, ки «Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне, насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори  мо мебошад».  Ин беҳтарин баҳо ба ҷавонон ҳамчун қишри созандаи ҷомеа, ояндаи давлат ва миллат мебошад. Чунин баҳои баланд ва эътимоди қавии Пешвои миллат ҳар як ҷавони бонангу номусро вазифадор менамояд, ки бо талошу кӯшиши дучанд дар роҳи ободии давлат ва пешрафти Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошад.
Ҳамин тавр, метавон хулоса намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муждаест, ки дар марҳалаи кунунии рушди ҷомеа афзалиятнокии сармояи инсониро таъкид намуда, баҳри тақвият бахшидан ва рушди минбаъдаи он вазифагузорӣ намудааст.
Махфират ХИДИРЗОДА,
муовини  раиси вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2017    №: 11-12    Мутолиа карданд: 1684

03.05.2019


 ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ СОХТОРҲОИ ГЕОЛОГИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕ-КИСТОН

 МУЛОҚОТИ ИСМАТУЛЛО НАСРЕДИН БО МЕҲР ХОЛИД

 ФИЛМИ «ТАНГНО» АЗ ҚАЗОН БО ҶОИЗА БАРГАШТ

 ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТОРИ НИЗОМИ ПАРДОХТӢ

 ЁВОН. БУНЁДИ 341 ИНШООТ ТО ҶАШНИ ФАРХУНДА

 ВАРЗОБ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР ХОҲАД ШУД

 ОЛМОН ЗИДДИ ВУРУДИ НИЗОМИЁН БА ВЕНЕСУЭЛА

 ДАР ҲИНДУСТОН АЗ ХАТАРИ ТУНДБОДИ «ФАНИ» БЕШ АЗ 800 ҲАЗОР НАФАР КӮЧОНДА ШУД

 ПАРЛАМЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН КОРКАРДИ КОНҲОИ УРАНРО БОЗДОШТ

 ДАР ТУРКМАНИСТОН НАРХИ ЧИПТАИ ҲАВОПАЙМОҲО ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ТУРКИЯ СЕЮМ КИШВАРИ САБЗТАРИНИ ДУНЁ ЭЪТИРОФ ШУД

02.05.2019


 Ҳадияи раиси шаҳр ба ифтихори 74 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба

 Мулоқоти Хусрав Нозирӣ бо Муҳаммад ибни Абдураҳмон

 Баррасии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишвар

 ҶОМИ КФО. Пирӯзии «Истиқлол» бар «Дордой»

 Баргузории мизи гирд доир ба дипломатияи мардумӣ дар Тошканд

 Ҷонибҳои тақобули Сурия қисме аз масоили баҳсиро ҳал намуданд

 ЮНИСЕФ: "Беш аз 2 миллион нафар мардуми Ангола аз хушксолӣ дар азоб аст"

Дар Ҷопон давраи нави Рэйва оғоз ёфт

 Ҷаҳон дар як сатр

01.05.2019


Ноболиғони тоҷик ба Ватан баргардонда шуданд

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамад Солим

Рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар матраҳ гардид

Се собиқадори тоҷик дар паради Ғалаба дар Москва ва Санкт - Петербург ширкат мекунанд

Дар Венесуэла исён зидди ҳукумат бебарор анҷом ёфт

Дар Либия 345 нафар қурбони бархӯрди мусаллаҳона гашт

Истеҳсоли рекордии чой дар Кения

Дар Париж ба барҷастатарин занҳои олим арҷгузорӣ намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед