logo

сиёсат

2016. ЧАНД ДАСТОВАРДИ ЯК СОЛ

Моҳи ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дуюм бо сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, дар расми ифтитоҳи корхонаи азими металлургии тоҷик, меҳмонхонаи замонавӣ, маркази хизматрасонӣ ва кӯдакистон иштирок намуданд. Сарвари давлат бо фаъолияти кишоварзони корпоратсияи "Баракат" ва чорводорони хоҷагии навтаъсиси Абдурауф Юсуфов шинос шуданд.
Дар ин соли пурфайзу бобарор дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат биною иншооти нави таъйиноти гуногун, корхонаҳои азими истеҳсоли семент, оҳану металлургӣ, истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ ва нассоҷии дар Тоҷикистон ва минтақа беназир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки дар таъмини рушди иқтисодии кишвар ва муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ такони ҷиддӣ бахшиданд. Дар соли сипаришуда иншооти дигари азим - роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб ба истифода дода шуд, ки дар таъмини пайванди пойтахти мамлакат бо вилояти Хатлон нақши чашмрас мегузорад. Дар охири сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 - ро бо иқтидори 300 мегаватт мавриди истифода қарор доданд, ки он имконияти энергетикии мамлакатро ба таври назаррас афзун менамояд.
Соли 2016 Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги ҷумҳуриявӣ ва минтақавии сармоягузорӣ муваффақ шуда, барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёт ва беҳтар гардондани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои муассир ба роҳ монданд. Натиҷаи амалӣ гардондани чунин иқдомҳои бузург буд, ки дар ин сол ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ ҳафтуним миллиард сомониро ташкил дод, ки 51 дарсади он сармояи мустақим мебошад. Дар ин соли таърихӣ ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид. Дар соли 2016, новобаста аз таъсири манфии омилҳои берунӣ, бо ҷаҳду талошҳои рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин гашт. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он ба 6,9 дарсад баробар шуд.
Бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар ва дар ин замина ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ соли 2016 дар мамлакат 251 коргоҳу корхонаҳои нав бо 9165 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Тавассути дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар доираи татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ 40 ҳазор нафари бекор бо ҷойҳои корӣ таъмин гардид. Умуман, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 114 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд, ки аз ин 56 ҳазор ё худ 49 дарсад ҷойи кори доимӣ мебошад.
Таваҷҷуҳу дастгирии Пешвои миллат аз кори кишоварзони мамлакат дар соли 2016 имкон фароҳам овард, ки рушди устувори ин соҳаи ҳаётан муҳим идома ёфта, истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба маротиб афзун ва таъминоти мардум бо маводи ғизоӣ аз солҳои пеш беҳтар гардад. Натиҷаи дастуру тавсияҳои судманди Сарвари давлат буд, ки соли 2016 маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 22,2 миллиард сомонӣ баробар гашта, суръати афзоиш 5,2 дарсадро ташкил намуд.
Дар соҳаҳои иҷтимоӣ низ роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат барномаҳои зиёди муҳимро амалӣ намуданд, ки ҳадафи онҳо беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии мардум мебошад. Танҳо дар соҳаи маориф соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва навсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст. Дар ифтитоҳи қисми зиёди ин биноҳои нави мактабу дигар муассисаҳои таълимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита иштирок намуда, пайваста аз ҳолу аҳволи кормандони соҳа ва хонандагон бохабар мешаванд.
Дар соҳаи варзиш низ Тоҷикистон дар соли 2016 ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Дар остонаи таҷлили 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ комёбии беназири варзишгари номдори тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии Рио - де - Жанейро - 2016 шуҳрату нуфузи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ аз пештара бештар гардонд. Дар ин рӯзҳо ин варзишгари номвар дар мусобиқоти гурзпартоӣ пешсафӣ нишон дода, барандаи медали тиллои бозиҳои олимпӣ гардид. Ин бори дигар собит сохт, ки варзишу тарбияи ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат қарор дорад. Дастоварди бузурги варзишии Дилшод Назаров аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври шоиста қадр карда шуд.
Тавре таъкид гардид, соҳаи иҷтимоӣ дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат мақоми шоиста дошта, ҳамасола маблағгузории соҳа ба маротиб афзун карда мешавад. Дар маҷмӯъ, соли 2016 - ум барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 52 дарсади хароҷоти буҷет, яъне, 8,1 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Бояд гуфт, ки моҳи майи соли 2016 дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Ширкати бевоситаи Сарвари давлат дар раъйпурсӣ далели воқеии арҷгузорӣ ба муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва иштироки фаъол дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Ҳамчунин, дар соли 2016 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита дар кори ҷаласаҳои Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар охири сол Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ироа гардид. Дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири сол баргузор гардид, нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2016 натиҷагирӣ ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2017 муайян карда шуданд.
Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,
доктори илмҳои таърих, профессор,
Самариддини Айниддин,
муовини роҳбари Хадамоти матбуоти
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2017    №: 11-12    Мутолиа карданд: 1723

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед