logo

сиёсат

РУШДИ ТАЪРИХ ВА НАҚШИ КАМНАЗИРИ ҶАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

Андешаҳо дар ҳошияи шинохти ҷойгоҳи таърихии ҷавонон дар робита бо тарҳи Пешвои миллат оид ба Соли ҷавонон
Басо муҳим ва сабақангез аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон ва пазируфта шуд. Ин иқдоми пурмаънӣ ва ибтикори усулӣ дар давраи нави созандагии кишвари мо ангезаҳои ҷолиб ба бор меорад ва дар роҳи дарки дурусти моҳияти ормонгарии ҷавонон дар ҷомеаи асолаткеши мо такони ҷиддӣ мебахшад.
Эълони Соли ҷавонон, аз диди мо, танҳо як чораҷӯии иҷтимоӣ набуда, балки ин тарҳи пурманфиат бо назардошти ҷойгоҳи мумтози таърихии ҷавонон дар густураи арзу тӯли рушди миллӣ пешниҳод шудааст. Зиндагинома ва сайри таърихии корномаи ҷавонони фидоиву ҷонбози миллату давлат, маромнома ва дастовардҳои беназири онҳо дар таърихи гузашта ва имрӯзаи миллат сазовори омӯзиши ҷиддӣ аст.
Ба мисолҳо рӯ меорем. Дар таърихи гузаштаи тоҷикон олим ва мутафаккири бузург Абуалӣ ибни Сино дар 16 - солагӣ чун табиби маъруф ва ҳайратангез ном ва мақом дарёфта, подшоҳи вақти Сомониён Наср ибни Нӯҳи Сомониро табобат карда буд.
Таърих шаҳодат медиҳад, ки адиб ва сиёсатмадори номвари асримиёнагии тоҷик Низомулмулки Тӯсӣ дар ҷавонӣ майл ва талоши бесобиқаи расидан ба ормонҳои созандаро дош-тааст. Завқ, қобилият ва истеъдоди камназири ӯ дар пешбурди сиёсати рӯзгор ва ҳаёти сиёсиву иҷтимоии замон қобили мулоҳиза аст. Пазируфта шудани ӯ ба сифати вазири дарбори Салҷуқиён дар овони ҷавонӣ бисёр сифатҳои умда ва ғаризаи фитрии як нафар шахси ҷӯё ва пӯёро дар амри расидан ба зинаҳои баланди раҳбарӣ бозгӯ мекунад. “Сиёсатнома” - и ӯ беҳтарин намунаи ормонҳои адиби сиёсатмадор мебошад. Аз ин асар моҳияти воқеии сиёсат ва нақди сиёсат аз диди ин шахсияти ормонӣ равшан мешавад.
Шахсияти маъруфи мазҳабии форсу тоҷик Муҳаммад ибни Исмоили Бухороӣ маъруф ба Имом Бухорӣ дар ҷавониаш ба раванди такомули илми ҳадис ва ҳадиснигорӣ таъсири пурборе гузошта, бо асари “Саҳеҳи Бухорӣ” шуҳраи офоқ гардидааст. Баҳрабардорӣ аз такопӯҳои хоси ҷавонии мавсуф барои дарки моҳияти аслии расидан ба чораҳои амиқи созандагӣ водор мекунад.
Ҳамин тавр, яке аз неруҳои чароғбони илму ҳикмати форсии тоҷикӣ ҳамеша ҷавонон будаанд. Ин падида дар замони нав низ расму равиш ва шеваҳои хосае ба зуҳур овардааст. Аз ҷумла, таърихи рангини ҷараёни маорифпарварӣ ва ҷадидии тоҷик дар ибтидои асри ХХ маҳз бо кӯшишу талоши пайвастаи ҷавонони сертакопӯи тоҷик шакл гирифтааст, ки ба унвони наҳзати ҷавонбухориёни тоҷик маъруф аст. Пешоҳангони ашадии ҷавонбухорӣ Абдурауфи Фитрат, Абдулвоҳиди Мунзим, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Садриддин Айнӣ, Тӯрақул Зеҳнӣ ва даҳҳо дигарон барои навсозии сохтори сиёсиву иҷтимоии Бухорои Шариф талош карда буданд. Онҳо ба унвони парчамбардорони мактабу маорифи миллӣ дар он овони пуртазод корҳои шоиста ва басомонеро анҷом додаанд. Тамоми тазоҳуроти маорифпарвариву ҷадидӣ ва такопӯҳои ҷавонбухориён дар силсилаи осори таърихӣ, адабӣ ва публитсистии он давра, аз ҷумла, “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”- и устод Садриддин Айнӣ ба таври равшан таҷассум ёфтаанд. 
Нуктаи дигари муҳим ва калидӣ дар густураи мавзӯи мавриди баҳси мо таъкиди саҳми пурталоши ҷавонон дар қомат афрохтани ниҳоли навбари Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз назари ҳар тоҷики огоҳ ва таърихбохабар пӯшида нест. Натиҷаи фаъолияти пурсамари аввалин поягузорони ҷумҳурии шӯравибунёди тоҷикон Нусратуллоҳи Махсум, Чинор Имомов, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдулқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев дар овони пурҷӯши ҷавонӣ сазовори омӯзиши ҳар як фарди худогоҳ ва худшинос аст, ки бо ҳиммати баланд, ҷоннисории хоса ба амри ҳифзи тоҷикон, исботи маънавии халқи тоҷик, ташкили Ҷумҳурии мухтор ва сипас, Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон равона шуда буд. Абдулқодир Муҳиддинов фарзанди маорифпарвари бузурги тоҷик Мирзомуҳиддин Мансуров дар 25 - солагиаш раиси Ҳукумати Тоҷикистон баргузида шуд.
Ҷавонони эҷодкори тоҷик дар бунёдгузории адабиёт ва нақди нави адабии тоҷик низ саҳми муносиб доранд. Дар саргаҳи ин соҳаи эҷоди адабӣ бо сарварии маънавии устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ адибону ноқидони ҷавоне, чун Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Абдурауфи Фитрат, Раҳим Ҳошим, Ғанӣ Абдулло, Шарифҷон Ҳусейнзода, Нарзуллоҳи Бектош, Раҳим Ҷалил ва даҳҳои дигар қарор доштанд, ки бархе аз онҳо аллакай ҳамчун мутахассисони номвар шуҳрат пайдо карда буданд. Гузашта аз ин, Мирзо Турсунзода дар 28 - солагӣ ба раёсати садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузида шуда, Сотим Улуғзода дар 35 - солагӣ раиси ин муассисаи адабӣ интихоб гардид.
Шахсияти номвари таърихи тоҷикон дар садаи бист, бунёдгузори матини мактаби тоҷикшиносии муосир Бобоҷон Ғафурови ҳанӯз 33 - сола ба маснади котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва сипас, ба садри аввали кишвар расида, дар густариши ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавии Тоҷикистон, равнақи худогоҳӣ, такмили илму фарҳанги тоҷик хизмати шоиста анҷом дод, яъне, тоҷиконро “Тоҷикон” - и ӯ маъруф кард. Ходими намоёни давлатӣ Ҷаббор Расулов бошад, дар 33 - солагӣ раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда буд.
Огоҳӣ ва баҳрамандӣ аз рӯзгори наҷиби донишманди забардасти тоҷик, физик ва файласуфи маъруф, фарҳангсолор, академик Муҳаммад Осимӣ низ ба ҷавонони имрӯз хеле муфид ва шоистаи ибрат аст. Ин қомуснигори тоҷик ҳанӯз дар 26 - солагиаш муовини ректори Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С. М. Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) интихоб шуд. Муҳаммад Осимӣ дар ташкили як силсила муассисаҳои илму маориф, аз ҷумла, Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ) нақши муассир бозидааст. Мавсуф аввалин ректори донишкадаи мазкур буд, ки он вақт 36 сол дошт.
Адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров дар 29 - солагӣ ва файласуфи номвар Ғаффор Ашӯров дар синни 35 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.
Ҳамин тавр, тарҳи усулӣ ва мондагоре, ки Пешвои миллат дар рӯзгори кунунии мо ба унвони Соли ҷавонон матраҳ карданд, хеле бамаврид буда, барои тақвияти заминаҳои фикрӣ, назарӣ ва таърихии консепсияҳои муҳиме, мисли “Ҳузури мунир ва нақши камназири ҷавонон дар рушди таърих ва сулҳу суботи ҷомеа” шароити мусоид фароҳам меорад.
Субҳони АЪЗАМЗОД,
номзади илмҳои филологӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2017    №: 11-12    Мутолиа карданд: 1937

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед