logo

иқтисод

ХАТЛОН. ДАСТОВАРДҲОИ ИҚТИСОДӢ НАЗАРРАСАНД

Солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ бахшҳои муҳими иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон босуръат рушд меёбанд. Вилоят қариб 70 дарсади маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро истеҳсол менамояд. Соли гузашта дар вилоят ба маблағи 4,4 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2015 наздики 500 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар ин давра дар вилоят 75 корхонаи истеҳсолӣ, назири «Ҷунтай Моҳир семент», «Криолит», «Хуачиан Ғаюр индустриал», «Кипарис» ва «Ваҳдат» дар ноҳияи Ёвон, коргоҳи «Дӯзандагӣ» ва «Сантехник сервис» дар шаҳри Қӯрғонтеппа, «Хоҷамастон» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, «Ҷунтай Данғара текстил» ва «Сабр» дар ноҳияи Данғара, «Захираҳои моддӣ» дар шаҳри Сарбанд, «Иттифоқчиён» дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, «Таҷ фрунтс» дар ноҳияи Восеъ, «Исмоили Сомонӣ», «Раҳим Мӯсо», «Умед - 2012» ва «Иборатмоҳ» дар шаҳри Кӯлоб бо истифода аз технологияи пешқадам ба кор оғоз намуда, давоми сол қариб 50 ҳазор ҷойи кор фароҳам оварда шудааст.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти вилоят, соли 2016 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии вилоят 11 миллиарду 729 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2015 536 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш 5 дарсадро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 870 ҳазор тонна ғалладона, 193 ҳазор тонна пахта, 246 ҳазор тонна картошка, 954 ҳазор тонна сабзавот, 463 ҳазор тонна полизӣ, 259 ҳазор тонна меваҷот, 126 ҳазор тонна гӯшт, 447,1 ҳазор тонна шир, 69,3 миллион дона тухм, 4,9 ҳазор тонна пашм, 381,4 тонна пилла, 1527 тонна моҳӣ ва 960 тонна асал истеҳсол гардид. Афзоиши маҳсулот нисбат ба соли 2015 мутаносибан аз 2 то 8 дарсадро ташкил медиҳад.
Соли 2016 аз вилоят 91 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид. Тибқи барномаи рушди боғутокпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020 давоми сол дар ҳудуди вилоят 1390 гектар боғу токзори нав бунёд ёфт. Дар вилоят ба беҳтар намудани зоти чорво аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Дар ноҳияи Хуросон хоҷагии махсуси чорводорӣ мавҷуд аст, ки дар он аз ҳар як сар гови ширдеҳ рӯзе ба ҳисоби миёна то 50 литр шир дӯшида мешавад. Дар ноҳияҳои Ёвону Абдураҳмони Ҷомӣ низ ин гуна дастовардҳо ба чашм мерасанд.
Деҳқонони хатлонӣ азм доранд дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафту шукуфоии ҷумҳурӣ меҳнати софдилона намуда, дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоранд.
Раҳматулло КАРИМОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2017    №: 13    Мутолиа карданд: 1342

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед