logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ. БАРДОШТЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ПАРТОВ БӮЙДОҚОВ

Аз 8 июли соли 1992 коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ба номи Бӯйдоқов Партов Ҷалилович гузошта шуд.  Ӯ 26 сол, аз соли 1959 то соли 1985 сарвари ин муассисаи таълимӣ буд. Авҷи шукӯҳу шуҳрати  таълимгоҳ ба ин давра рост меояд. Мутахассисони зиёде, ки баъдҳо номбардори  илму фарҳанги миллат гардидаанд, дар ҳамин давра, дар ҳамин боргоҳи таълимӣ таҳсил  кардаанд.
Худи ӯ низ шуъбаи китобдории ҳамин коллеҷро соли 1949 бо баҳои аъло хатм менамояд ва таҳсилро дар Институти давлатии маданияти шаҳри  Москва идома медиҳад.
 Солҳои 1953 – 1955 дар ин муассиса муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбия буд. То соли 1987, то охири рӯзҳои зиндагияш ба сифати омӯзгор фаъолият дошт.
 Дар хурдсолӣ аз падару модар ятим мемонад. Ду бародари саробонаш дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок мешаванд. Моҳи майи соли 1943 ба ҳимояи Ватан меравад, бар зидди фашизми гитлерӣ меҷангад. Се маротиба дар ин ҷанг ҷароҳат мебардорад. Аммо баъди табобат боз ба корзор меравад ва барои нобуд кардани душман меҷангад. Моҳи июни соли 1945 ба Ватан бармегардад.
Ба ҳангоми сарварии таълимгоҳ талошҳо, кӯшишҳои зиёд барои пешрафт, ободӣ, шуҳратманд гардидани он кардааст. Ба ин макони илму ҳунар, ҳар ки дар даврони ӯ хатм кардааст, ифтихор менамояд. То ба ҳанӯз бисёр аз шахсони маъруфу бузурги илму маърифату ҳунар ин даргоҳро Академияи санъат ном мебаранд.
 Ҳамсараш, шодравон апаи Фотима ёдовар  мешуд: «Як рӯзи сарди зимистон аз хона ба таълимгоҳ бо кулоҳи нав, ки онро бо умедҳои зиёд барои худ дӯзонда буд, рафт. Гуфтам, ки бисёр хуб дӯхтаанду зебат медиҳад. Рафт ва бегоҳ бе кулоҳ омад. Аз нигоҳи ман дарёфт, ки чӣ мегӯям, аз ин рӯ, пешдастӣ кард ва гуфт: «Дилам нашуд, дилам сӯхт. Оре, ятим буд, ҳеҷ кас надошт, дидам, ки хунук мехӯрад. Хайр, ҳамин як кулоҳ чӣ арзиш дорад?
Пас аз даргузашташ қуттии оҳанинашро кушоданд. Аз он ҷо  шумораи зиёди квитансияҳоро пайдо  карданд. Ба шаҳрҳои гуногуни хориҷи кишвар, ба ятимон, собиқ хатмкунандагони коллеҷ  пул фиристодааст. Мегуфтанд, ба дигар ятимон, хатмкунандагони ин муассиса, ки дар донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таҳсил менамуданд, аз ҳисоби  маоши худ ёрии пулӣ мерасонд.
Абдулваҳҳоб Оқилзода, собиқ  сарвари ин таълимгоҳ, бо ифтихор изҳор медорад: «Ман дар мактаби бузурги Партов Ҷалилович таълиму тарбия гирифтаам. Ӯро падари маънавии худ мешуморам. Ҳеҷ гоҳ намегӯяму намепиндорам, ки дар миёни мо нест.»
Аҳли коллеҷ ба хотири гиромидошти устоди худ ҳамасола дар қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъ меоянду аз рӯзгори ибратомӯзаш ба хотири тарбияи насли наврас, донишҷӯён, ёд меоранд. Чунин чорабинӣ чанде пеш дар ин ҷо доир гардид. Сарвари таълимгоҳ Идрис Оқилзода аз саҳми ин фидоии фарҳанги миллат сухан кард ва афзуд, ки минбаъд низ ин анъанаи нек ба хотири гиромидошти Партов Бӯйдоқов идома меёбад.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2017    №: 13    Мутолиа карданд: 2928

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед