logo

маориф

МАОРИФ. ТАВАҶҶУҲ БА ОН ТАВАҶҶУҲ БА ОЯНДАИ МИЛЛАТ АСТ

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози фаъолияти сарварияшон изҳор дошта буданд, ки илму маориф аз самтҳои хели муҳими сиёсати  давлатӣ аст. Аз ин рӯ, барои рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти таълим шароиту имкониятҳоро фароҳам меоварданд. Чаро? Чунки он дар ҳар давру замон ба пешрафти минбаъдаи кишвар вобаста мебошад. «Зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ (23 январи соли 2015) изҳор доштанд, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад».
Ҳамзамон, бо сабаби ба низоми кредитӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъкид намуданд, ки роҳбарони ин муассисаҳо меъёрҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшударо ба пуррагӣ татбиқ намоянд. Инчунин, ба василаи омӯзиши  технологияҳои  инноватсионӣ, воридоти таҷҳизоти ҳозиразамон ба баланд бардоштани сифати таълим ва забономӯзии донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад.
Бояд махсус ёдовар гардид, ки забон аз рукнҳои  бунёдии фарҳанг маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, забондонӣ аз омилҳои фарҳангу маънавиёт мебошад ва онро ниёгони бузурги мо аз ҳунарҳои воло донистаанд. Донистани забонҳои гуногуни дунё имкон фароҳам овард, то робитаҳои фарҳангӣ, илмӣ мустаҳкам гардад ва ҳам дар талаби дониш ва ноил шудан ба бузургтарин дастовардҳо монеаҳо бардошта шаванд.
Ҷойи масаррат ва шодмонист, ки сол ба сол шумораи  ҷавонони мо, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, меафзояд. Албатта, ба ин туфайли забондонӣ  ва омӯзиши илмҳои муосири ҷаҳон муваффақ гаштаанд.
Воқеан, ҳолиё даврони  дастовардҳои бузурги илмиву  техникӣ ва кашфиётҳост. Зарур аст, ки ҳамқадами замон бошем. Барои ин, албатта, мактабу маориф ва низоми дурусту муосири таълим заминаҳоро фароҳам меорад.
Бо эҳсос ва шинохти масъулият ва талаботи давр бояд мутахассисонро дар сатҳи баланд омода намоем. Бо ин мақсад ҳанӯз чанд сол пеш Сарвари давлат дар назди мо вазифа гузоштанд, ки таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таълимии кишварҳои тараққикардаро биёмӯзем ва дар ҷараёни таълим аз онҳо самаранок истифода бибарем. Мусаллам аст, ки дар ин раванд бояд китобҳои дарсӣ низ ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ ва ё худ давр бошанд. Дар ин росто нақшаву барномаҳои таълимӣ низ бояд ба талаботи стандартҳои байналмилалии таҳсилот мувофиқат бикунанд. Пойгоҳи моддиву техникиро бештар аз пештар мустаҳкам бинамоем.
Пешвои миллат зимни ироаи Паём (20 январи соли 2016) таъкид намуданд: «Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».
Ҳамин тавр, ҳама саъю кӯшиши мо ба мақоми арзанда пайдо кардани миллат дар ҷомеаи мутамаддин бояд равона гардад.
Дар Паёми навини худ Президенти мамлакат барои расидан ба ин ҳадафи бузург изҳор доштанд, ки вазифаи аввалиндараҷаи мо – омӯзгорон, аҳли маориф аст, то дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сатҳу сифати таълимро баланд бибардорем. Агарчи дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, аммо қонеъкунанда нестанд.
Дар ҳақиқат, ин соҳа низ дар дунё ба сурати кайҳонӣ пеш меравад. Аз ин рӯ, андак ғафлат варзидан ва ё тадбирҳои саривақтӣ наандешидан моро аз расидан ба мақсади бузурге, ки дорем, дур мекунад. Маълум аст, ки ҷуброни он ба осонӣ даст намедиҳад.
Тавре аз Паёми навин бармеояд, нарасидани омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, аз фанни забонҳои хориҷӣ аз мушкилоти соҳа арзёбӣ гардидааст. Мо – омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муваззаф шудем, ки ҷиҳати таъмини ин муассисаҳо бо муаллимони баландихтисос тадбирҳои заруриро биандешем. Сарвари давлат дастур доданд, ки масъалаи нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ дар кишвар то соли 2019 ба пуррагӣ бартараф гардад. Ҳалли он, бешак, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбия, пешрафти соҳаи маориф ва дигар соҳаҳо мусоидат мекунад.
Воқеан, Паём, ки раҳнамои ҳар шаҳрванди кишвар маҳсуб мешавад, моро вазифадор месозад, то барои пешрафту тараққиёти кишвар, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ саҳми бештару арзанда бигирем. Махсусан, дар тарбияи ҷавонон, ки ояндаи мамлакатамон мебошанд, ҳама донишу таҷрибаҳои андӯхтаамонро сари вақт ва дуруст истифода бикунем.
Сарвари давлат бо назардошти саҳми ин насл дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар пешниҳод намуданд, ки соли 2017 – Соли ҷавонон эълон гардад. Ҳамзамон, таъкид доштанд, ки «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд». Воқеан, боиси ифтихор аст, ки ҷавонони замони истиқлол бо маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ пешрафта маҳсуб мешаванд. Ба ҷуз ин, масъулияти ватандориро хуб шинохтаанд. Зарур аст, ки ин сифатҳои некро дар онҳо бо таълиму тарбияи дуруст тақвият бибахшем.
Маҳмадулло РАҶАБЗОДА,
ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2017    №: 13    Мутолиа карданд: 3860

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед