logo

сиёсат

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ. ПЕШВОИ МИЛЛАТ РАМЗИ БАРДАВОМИИ ДАВЛАТДОРӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА АСТ

Бо гувоҳи таърих шахсиятҳое, ки барои сулҳу субот ва рушду пешрафти  халқҳову кишварҳо ҳиссаи арзанда мегузоранд, ҳамеша аз ҷониби мардум қадрдонӣ мешаванд ва номи некашон дар таърихи башар бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили чунин фарзандони асили миллат мебошанд, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон хидматҳои мондагори таърихӣ анҷом доданд. Маҳз ҷидду ҷаҳд, талошҳои пайгирона, сиёсати хирадмандона, эҳёи суннатҳои миллӣ, муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегӣ ва дигар иқдомҳои нек меҳру садоқати мардумро нисбат ба Сарвари дурандеши хеш бедор кард. Ин аст, ки соли 2016 мақомоти олии қонунгузории мамлакат бо такия ба азму иродаи мардуми шарафманди тоҷик Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”- ро қабул намуд.
Дар муқаддимаи қонун омадааст: “Қонуни конститутсионии мазкур вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, ягонагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, муқаррар мекунад”.
Сиёсатмадорону донишмандони шинохта дар бораи Қонуни конститутсионии мазкур баёни андеша намуда, зикр кардаанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ лаҳза ба лаҳза ва қадам ба қадам, дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст. Аммо, барои расидан ба ин мақоми милливу таърихӣ, Сарвари давлат роҳеро тай намуд, ки пур аз мушкилот, пур аз печу тоб, пур аз хавфу хатар, вале пур аз ифтихор, муҳаббат ва комёбӣ буд. Қадами нахустин ва асоситарин дастоварди давлат ва мардуми Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти мамлакат ин аст, ки бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи ӯ давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ин масъала муҳимтарин ва усулитарин дастоварди таърихи муосири мост, зеро бе доштани давлати миллии мустақили худ тамоми орзую омоли таърихии миллат ва тамоми ҳадафу барномаҳои имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод. Дастовард ё қадами устувори дигари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки бо ҷасорат ва иродаи қатъии ӯ мардуми Тоҷикистон аз вартаи ҷанги дохилии хонумонсӯз раҳо гардид ва ба ваҳдати миллӣ расид.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ҳалли низоъҳо эътироф намуда, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор медиҳад. Ба ақидаи коршиносони масоили сиёсӣ масъалаи Пешвои миллатро набояд бо падидаҳои манфие чун шахспарастӣ, мадҳу ситоиши роҳбар канори ҳам гузошт. Пешвои миллат шахсиятест, ки маҳз бо ифои нақши воқеии сарнавиштсоз барои давлату миллати худ сазовори эътирофи умумимиллӣ гашта, масъалаи пешвоии ӯ ба таври табиӣ ва воқеӣ аз тарафи ҷомеа қабул мегардад. Пешвои миллат ба таври сунъӣ ё бо мадҳу сано сохта намешавад, балки он маҳсули як марҳалаи таърих, натиҷаи ҷонбозӣ ва аз худ гузаштанҳои шахсият дар роҳи давлату миллат, инъикоси воқеияти ҷомеа ва натиҷаи эътирофи воқеии мардум аст. Ин аст, ки дар баъзе марҳалаҳои таърихӣ ҳузури Пешвои миллат барои миллат ва давлат ба як масъалаи сарнавиштсоз табдил меёбад.
Тибқи талаботи моддаи 13 Қонуни конститутсионӣ дар давраи иҷрои ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат таъсис дода мешаванд, ки онҳо сарвати миллӣ буда, моликияти давлатӣ ба шумор мераванд. Таъсис додани орден, ҷоиза, осорхона, китобхона ва бойгонӣ ин шаҳодати таърихӣ ва миллӣ будани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” мебошад. Дар ҳама давру замон, дар такя ба махзани китобхонаҳо, осорхонаҳо ва бойгониҳо коргузорӣ сурат мегирифт ва ба воситаи ин маълумотҳо китобҳои таърихӣ навишта мешуданд. Дар асоси ана ҳамин китобҳои таърихӣ насли ҳозира дар бораи шоҳони тамаддунофару хирадманди аҳди қадим, мисли  Куруши Кабир ва Исмоили Сомонӣ маълумот дорад ва халқи тоҷик Президенти мамлакатамонро давомдиҳандаи кори онҳо мешуморад, ки боиси ифтихори ҳамзамонон аст.
Аз ин рӯ, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” санади миллӣ ва таърихӣ буда, дар шинохти унсурҳои давлатдорӣ аҳамияти хеле муҳим дорад. Гузашта аз ин, мавриди амал қарор гирифтани он ифодаи меҳру садоқат, эътиқоди бузург ва умеду такягоҳи халқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Муҳаббат АЗИЗӢ, раиси суди вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2017    №: 13    Мутолиа карданд: 1798

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед