logo

сиёсат

ОБ. РУШДИ УСТУВОР ВА АМНИЯТИ САЙЁРА

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити ҷаҳонӣ бахшида ба Ҷашни 70 - солагии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи октябри  соли 2015 дар шаҳри  Ню - Йорки  ИМА  баргузор гардид, диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои  глобалии умумибашарӣ ҷалб намуда, пешниҳод карданд, ки Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 - 2028 мавриди баррасӣ ва дастгирии кишварҳои  аъзои  Созмони Милали Муттаҳид қарор дода шавад.
Хушбахтона, пешниҳоди мазкур аз ҷониби аксари кулли кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфт ва 21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ  Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» - ро  қабул намуд ва боиси хушнудист, ки Дабири кулли СММ  ва Раиси Маҷмаи умумии СММ Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба  муносибати қабул гардидани  қатъномаи мазкур табрик сохта, саҳми  Ҷаноби Олиро дар ҳалли масъалаҳои  глобалии умумибашарӣ, аз ҷумла, масоили марбут ба об, махсус қайд намуданд. Ин мақому манзалати Тоҷикистон ва обрӯю шуҳрати мардуми сарбаланди моро дар арсаи байналмилалӣ бештар гардонд.
Дар конфронсҳо ва ҳамоишҳои сатҳи баланд, аз ҷумла, дар Конфронси байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005 - 2015, ки моҳи июни  соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, масъалаҳои марбут ба об баррасӣ гардида, саҳми гурӯҳҳои кории асосӣ, хусусан, Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар амалӣ намудани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои марбут ба об махсус таъкид ёфт. Даҳсолаи байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор» бо назардошти аҳамияти ҳалкунанда доштани манбаъҳои об барои рушди устувор ва аз байн бурдани камбизоативу гуруснагӣ, рушди захираҳои инсонӣ, расидан ба Ҳадафҳои  Рушди Устувор ва дигар ҳадафҳои марбут ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии сатҳи байналмилалӣ эълон гардид.
Моҳи августи соли 2016 дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми Ҳадафҳои Рушди Устувор баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 700 намоянда аз 90 кишвари ҷаҳон,  47 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумлаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби Сурх, иштирок намуданд.
Чунин ҳамоиш моҳи ноябри  соли 2016 дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии  Венгрия баргузор  гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмуҳтаво таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро бори дигар ба масоили доғи рӯз, яъне, ҳалли саривақтии мушкилоти марбут ба об дар сайёра ҷалб сохта, аз нақш ва мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об  дар минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуд. Пешвои миллат  қайд намуданд, ки Тоҷикистон тайи  даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба обро фаъолона пеш бурда истодааст.
Ташаббуси нави Сарвари давлат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» заминаи мусоиди таҳкими нақши об дар раванди ноил гаштан ба дигар ҳадафу мақсадҳои  дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашударо фароҳам оварда,  ба ҳамкории бештару зичтари давлатҳо дар соҳаи об мусоидат менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки Маҷмаи умумии СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои сатҳи ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, аз байни роҳбарони 193 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид ӯро узви Панели сатҳи баланди об интихоб намуданд, ки ин боз як далели обрӯи давлат ва Пешвои миллати мо дар ҳаллу фасли масоили об ва таҳкими эътибори байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла, кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқдомҳои Ҷаноби Олиро бо эҳсоси ифтихор истиқбол намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани онҳо,  аз маҳорату кордонӣ ва тамоми имкониятҳо истифода хоҳанд бурд.

Сафаралӣ НАҶМУДДИНОВ,

директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2017    №: 13    Мутолиа карданд: 2258

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед