logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ МАВОДИ НАШЪАОВАР МАВҚЕИ КАЛИДӢ ДОРАД

Порлумони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо ирсоли номаи расмӣ ба унвони Ашраф Ғанӣ, Раисҷумҳури ин кишвар, хостааст, ки Абдулқаюм Кучай аз мақоми сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Федератсияи  Русия бозхонд шавад.

Дар ин бора рӯзномаи «Известия»-и чопи Маскав, аз қавли намояндаи порлумони Афғонистон Аҳмадшоҳ Рамазон хабар дод. Ин вокуниш дар пайи изҳороти кӯтоҳбинонаи Абдулқаюм Кучай, сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Федератсияи Русия, нисбат ба Тоҷикистону Русия сурат гирифта, ҳамчунин, мавҷи маҳкумиятҳои зиёдеро ба бор овард. Ӯ дар як гуфтугӯи телевизионӣ зарфиятҳои ҷаҳоншумули Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол нодида гирифта, аз ҳақиқати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Тоҷикистону Русия чашм пӯшидааст.
Гуфтаҳои сафир андешаҳои шахсии ӯ буда, на мавқеи ҳукумат, на аз порлумон ва на аз мардуми Афғонистон аст,- изҳор доштааст Аҳмадшоҳ Рамазон.
Ба иттилои манбаъ, Раиси Ҳукумати иҷроияи Афғонистон Абдулло Абдулло ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар Салоҳуддин Раббонӣ низ андешаҳои бепояи Кучайро маҳкум намудаанд. Аз ҷумла, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар аз баёнияи сафир дар мавриди Тоҷикистону Русия изҳори таассуф намуда, таъкид кардааст, ки «Дидгоҳи Кучай аз сиёсати хориҷии Ҷумҳури Исломии Афғонистон дар қиболи кишварҳои ҳамсоя ва минтақа намояндагӣ намекунад».
Дар ин робита, Замир Кобулов, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия дар умури Афғонистону Покистон низ вокуниш нишон дода, дар суҳбат бо сафири нави Афғонистон дар Русия суханони ӯро ғайри қобили қабул номидааст. Номбурда бо интиқод аз ҳарфҳои ноогоҳонаи Кучай аз ӯ хостааст, ки аз чунин тарзи суҳбат худдорӣ намояд. «Ҳар он чи ки гуфта шуд, беасосанд. Баёнияҳои вай (Абдулқаюм Кучай) ғайри қобили қабуланд. Тоҷикистон шарики стратегии Русия аст ва ҳар навъ таҳқир нисбат ба Душанбе ба вокуниши мутаносиб дучор хоҳад шуд», - гуфтааст Замир Кобулов дар суҳбат бо рӯзномаи «Известия».
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар робита ба изҳороти Абдулқаюм Кучай, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Залмай Юнусиро ба вазорат даъват намуда, ёддошти эътирозии ҷониби Тоҷикистонро супурд. Бар пояи иттилои сомонаи вазорат дар ёддошти ҷониби Тоҷикистон тавсия дода шудааст, то суханони номатлуб, ки аз ҷониби шахси расмии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон садо доданд, ҳамаҷониба таҳлил гарданд ва нисбат ба он чораҳои муассир андешида шаванд.
Ба ин монанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ баёнияи беасоси Абдулқаюм Кучай мавриди интиқод қарор гирифта, корбарони интернет ӯро шахси ноогоҳ аз воқеиятҳои ҷорӣ ба қалам додаанд. Воқеан, дар ҳоле чунин як мақомдори расмӣ талошҳои Тоҷикистонро дар мавриди мубориза бо гардиши ғайриқонунӣ маводи нашъаовар нодида мегирад, ки дар худи Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷойгоҳи кишвари мо дар амри муқовимат бо ин маводи марговар эҳтироми зиёд қоиланд. Аз ҷумла, Саломат Азимӣ, вазири мубориза бо маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қаблан дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфта буд, ки «Мо талошҳои давлати дӯсту бародари Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи мубориза алайҳи маводи мухаддир хеле бо аҳамият мепиндорем. Зеро корҳо аз нигоҳи иҷрооти қонунӣ хеле босамар буда, дар самти дастгирии муҷримони қочоқбар ниҳодҳои давлатии ин кишвар натиҷаҳои чашмрас доранд. Гузашта аз ин, барои тақвияти мубориза алайҳи маводи мухаддир дар Тоҷикистон омӯзишгоҳи вижае амал мекунад, ки дар омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ нақши бориз дорад».
Аз ҷумлаи тадбирҳои чашмгири давлатӣ дар самти мубориза бо мухаддирот таъсиси ниҳоди вижа - Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар зарфи фаъолияти худ корҳои судманде анҷом додааст. Чунончи, дар давоми фаъолият аз ҷониби агентӣ тақрибан 120 тонна маводи нашъаовар аз гардиши ғайриқонунӣ боздошта шудааст, ки он метавонист ҷони миллионҳо нафар сокини сайёраро дар хатар гузорад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, танҳо соли 2016 бо ҳузури комиссияҳои вижа дар бухории агентӣ 1,5 тонна маводи нашъаовар оташ зада шуд. Дар ҳабдаҳ соли охир бошад, беш аз 17 тонна маводи мухаддири мусодирашуда сӯзонда шуда, бо ин роҳ солимии ҷомеа аз хатари ин маводи марговар ҳифз гардидааст. Гузашта аз ин, бо эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» таҳия ва қабул гардид, ки дар доираи нақша - чорабиниҳои вобаста ба татбиқи он мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар таҳким ёфтааст.
Илова бар ин, аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар мавриди пешгирии интиқоли маводи нашъаовар чораҳои низомӣ пурзӯр гардида, ҳолатҳои зиёди кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ҷилавгирӣ шудааст. Марзбонони тоҷик танҳо дар соли 2016 бо қочоқчиёни маводи нашъаовар 27 маротиба вориди задухӯрди мусаллаҳона шуда, 14 қочоқчиро безарар 6 нафарро захмӣ ва 18 тани дигарро дастгир намуданд. Дар натиҷа аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти қудратии кишвар аз қочоқчиён ба миқдори  904 килограмму 240 грамм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шуд.
Далелҳо собит месозанд, ки Тоҷикистон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавқеи оштинопазир дошта, Сарвари давлат борҳо аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба муборизаи дастаҷамъона алайҳи ин хатар даъват намудаанд. Аз ин рӯ, баррасии мавзӯъ аз дидгоҳи шахсе, ки аз ҳақиқати талошҳои судманд ва мавқеи калидии Тоҷикистон дар амри мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар рӯй метобад, салоҳи кор нест.   
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2017    №: 13    Мутолиа карданд: 2090

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед