logo

энергетика

«Сангтӯда-1» ба истифодаи пурраи саноатӣ супурда шуд

Субҳи 31 июл  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев дар маросими ба истифодаи пурраи саноатӣ супурдани Нерӯгоҳи барқи  обии «Сангтӯда-1»  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҳузури сарони ду давлат нахуст санади қабули давлатии иншооти Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда – 1»  ба имзо расид.
Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев тугмаро пахш намуда, агрегати чаҳорум ё худ охирини нерӯгоҳро ба кор дароварданд ва  ин иншооти таҷассумкунандаи дӯстӣ ва ҳамкории стратегии ду кишвар  ба истифодаи пурраи саноатӣ супурда шуд.
Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар  саҳни ҳавлии бинои асосии нерӯгоҳ ба умеди  дӯстии абадии миёни Тоҷикистону Русия як навниҳоли ҳамешасабз шинонданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев дар назди анбӯҳи зиёди бинокорони нерӯгоҳ ва намояндагони сершумор аз қишрҳои гуногуни ҷомеа суханронӣ намуда, пурра ба кор шурӯъ намудани ин иншооти азимро ба онҳо ва тамоми мардуми Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Ба гуфти сарони ду давлат, дӯстию рафоқат ва ҳамкории дорои собиқаи пурғановату беназири бинокорони иншооти гидротехникӣ  яке аз ҳазорон риштаҳои устувор аст, ки пайванди ногусастании халқҳои Тоҷикистону Русияро таъмин менамоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 654

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед