logo

иқтисод

СИТРУСПАРВАРӢ. ВАЗЪ ВА ИМКОНОТИ РУШД

Меваҳои ситрусии Тоҷикистон, аз ҷумла, лимӯ аз ҷиҳати мазаю хушбӯйӣ ва фоиданокии худ дар ҷаҳон ҳамто надоранд. Парвариши меваҳои ситрусӣ барои хоҷагиҳои деҳқонию шахсӣ манбаи хуби даромад аст, зеро талабгорони ин меваҳои хушсифати содиротии Тоҷикистон дар Аврупою Осиё, кишварҳои пасошӯравӣ, хусусан Русия ва Қазоқистон – шарикони стратегии мо, хеле зиёданд.
Ҳарчанд солҳои охир ба ин соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад, мутаассифона, рушди он ҳанӯз ба таври дилхоҳ ба роҳ монда нашудааст. Саидалӣ Гулов, доктори илмҳои биологӣ, профессор, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» доир ба вазъ, проблема ва имконоти рушди соҳа чунин ибрози назар намуд:

- Дар пешрафти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ  ба назар гирифтани  хусусиятҳои ҳар  як минтақа  аҳамияти калон дорад.  Бо ин мақсад моро зарур аст, ки   соҳаҳои фавкулинтенсивии  кишоварзиро  ривоҷ диҳем. Яъне, бояд дар навбати аввал ҳамон соҳаҳоеро, ки аз онҳо даромади хуб  ва зиёд  ба даст меояд, инкишоф диҳем. Мутаассифона, мо то ҳол  аз захираҳои беҳамтои  биоиқлимӣ, хоку об ва неруи пуриқтидори  истеҳсолоти кишварамон ба таври бояду шояд  истифода намебарем.  Дар шароити имрӯза  яке аз чунин  соҳаҳои сердаромади кишоварзӣ  ситруспарварӣ мебошад. Дар таркиби  меваҳои ситрусӣ бисёр моддаҳои органикии барои саломатии инсон хеле муфид мавҷуданд, ғайр аз ин, онҳо  хуштаъму гувороанд.
Ҳарчанд тайи чанд соли охир дар ин соҳа пешравиҳо мушоҳида мешаванд, вале миқдори истеҳсоли меваҳои ситрусӣ  дар ҷумҳурӣ ҳанӯз қонеъкунанда нест. Зарур аст, ки  аз шароити хеле мусоиди иқлимӣ ва хоки ҳосилхези Тоҷикистон самари хуб гирем, захираи заминҳо ва қитъаҳои кишоварзиро  самаранок истифода бурда, аз ҳар гектар замин даромади зиёдтар ба даст орем. Парвариши меваҳои ситрусӣ дар шароити иқлими аксари минтақаҳои кишвар роҳи беҳтарини ба даст овардани даромади калон аст.
Дар доираи барномаи нави Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба рушди боғдорӣ барои солҳои 2016 - 2020 бояд дар манотиқи ҷумҳурӣ 207 гектар гармхонаҳо барои парвариши рустаниҳои ситрусӣ бунёд карда шаванд. Барои ривоҷи ситруспарварӣ  замини зиёд лозим нест. Ҷумҳурии мо дорои доманакӯҳҳо, талу теппаҳои зиёд буда, онҳо барои боғдорӣ   ва парвариши меваҳои  тухмдор мувофиқ мебошанд. Парвариши меваҳои  субтропикиро дар ин мавзеъҳо метавон  ба роҳ монд. Ва дар байни онҳо ҷойи асосиро бояд  ситруспарварӣ ишғол  намояд. Вилоятҳои Хатлону Суғд, мавзеъҳои поёноби дарёи Кофарниҳон, водии Ҳисор ва ҳатто  ВМКБ (ноҳияи Дарвоз) барои ситруспарварӣ хеле мувофиқанд.  Дар водии  Вахш қариб 200 ҳазор гектар замини талу теппаҳоро метавон  барои  истеҳсоли  меваҳои субтропикӣ  (хурмо, анор, бодом, анҷир, уноб)  кор фармуд ва дар байни онҳо ҷойи намоёнро  ситруспарварӣ ишғол намояд. Мувофиқи  маълумоти пажӯҳишгоҳҳои  иқтисодии кишвар, ситруспарварӣ, хусусан  парвариши лимӯ, нисбат ба пахтаи миёнанах  самаранок буда, аз ҳар як гектар 40 - 50 баробар даромади бештар  медиҳад.  Пас, дар сурати хуб ба роҳ мондани  ситруспарварӣ  ва дуруст маблағгузорӣ кардани соҳа  чӣ қадар даромади соф ба даст меояд! 
Бояд таъкид намоем, ки лимӯпарварӣ нисбат ба  пахтакорӣ 4 - 6 маротиба  меҳнати зиёдро талаб менамояд. Аз ин лиҳоз, ситруспарвариро бояд дар он ноҳияҳое ривоҷ диҳем, ки қувваи корӣ зиёд аст.  Ситруспарварӣ, ҳамчунин, маблағгузории бештарро тақозо дорад, аммо хароҷотро дар муддати кӯтоҳ пӯшондан имконпазир аст. Лимӯ ба хунукиҳои сахт тобовар нест. Бинобар ин, онро  дар кишвари мо дар  гармхонаҳо  парвариш менамоянд.
Олимони тоҷик бунёдгузори  усули дар хандақҳо  парвариш кардани  рустаниҳои  ситрусӣ дар Осиёи Марказӣ  мебошанд. Тадқиқоти солҳои охир нишон дод, ки  лимӯпарвариро дар водиҳои Вахшу Ҳисор ва минтақаи Кӯлоб берун аз хандақ, яъне,  дар лимӯхонаҳои  рӯизаминӣ низ  парвариш кардан имкон дорад. 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2017    №: 14-15    Мутолиа карданд: 1428

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед