logo

иқтисод

СИФАТ. АГАР БА ТАЛАБОТ ҶАВОБГӮ НЕСТ...

Ҳимояи бозори истеъмолии мамлакат аз вазифаҳои масъулиятноки мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мебошад. Зеро маҳсулоти хӯроквории пастсифат метавонад ба саломатии истеъмолгарон таҳдид кунад.
Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон давоми соли сипаришуда дар бозор ва нуқтаҳои савдо барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон, таъмини ченаки ягона, бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ  дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ 590 назорати давлатӣ бурдааст.
Бино ба иттилои Нурмаҳмад Каримзод, директори Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар ноҳияи Данғара, соли 2016 аз тарафи бахши назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ зимни санҷиш 9 соҳибкори инфиродӣ барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи стандартизатсия ва савдо бо моддаҳои 626, 627, 633 ва 634 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаримабандӣ шуданд. Ҳамчунин, чанд адад воситаҳои ченаки бадсифати истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сабаби ғайристандартӣ будан аз бозор ва нуқтаҳои савдо мусодира гардид.
Аз ҷониби Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар ноҳияи Данғара миқдори зиёди нон, шир, машруботи спиртӣ, хӯришҳои гуногун ва консерв, ки ба регламентҳои техникӣ ҷавобгӯ набуданд, аз фурӯш гирифта шуданд.
Марказ соли 2016 дар маҷмӯъ 48 санади маъмурӣ тартиб дода, аз ин ҳисоб 8840 сомонӣ ҷарима ситонда, ба буҷаи давлат ворид кардааст. 
- Ҳарчанд аз ҷониби мутахассисони марказ бо соҳибкорон вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шавад ҳам, аз тарафи баъзе фурӯшандаҳо иҷро нагардидани қонунҳо мушоҳида мешавад ва дар ниҳояти кор соҳибкорони мардумфиреб аз ҷониби мақомоти дахлдор мавриди муҷозот қарор мегиранд, - гуфт Нурмаҳмад Каримзод. 
 Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2017    №: 14-15    Мутолиа карданд: 1453

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед