logo

иқтисод

БУНЁДИ ДИДБОНГОҲИ ОТАШНИШОНӢ ДАР ШУҒНОН

Дар  маркази ноҳияи Шуғнон – шаҳраки Ваҳдат  бо  иштироки   Шодихон  Ҷамшед, раиси  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,    бинои   нави  замонавии   дидбонгоҳи  низомии  хадамоти    оташнишонӣ  мавриди  истифода  қарор  дода  шуд. 

Зимни  ифтитоҳ  Шодихон  Ҷамшед аз  сифати  корҳои иҷрошуда  изҳори  қаноатмандӣ  карда, зикр  намуд, ки  ин аввалин  бинои мутобиқ  ба  меъёрҳои  хадамоти  оташнишонӣ  буда,  оянда  чунин  иншоотҳои  замонавӣ  дар  дигар  минтақаҳои  вилоят  низ  бунёд  мегарданд. Баракати  соҳибистиқлолии  кишвар,  сиёсати  бунёдкоронаи Сарвари   давлат мебошад, ки  имрӯзҳо   дар  ВМКБ  иншоотҳои  гуногун  бо  сифати  баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Сохтмони дидбонгоҳ моҳи  майи  соли  гузашта  оғоз  ёфта, барои бунёди  он аз Буҷети давлатӣ 2  миллиону  700  ҳазор  сомонӣ   равона  гардид.  Бино  дорои  5  ҳуҷраи  корӣ, мошинсарой  ва  ҳавливу  гулгашт  буда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст.
Чуноне Анвар  Шолангаров, сардори  хадамоти давлатии оташнишонии  ВМКБ, иброз дошт, солҳои  пеш   ноҳияи  Шуғнон  дар   самти  оташнишонӣ   мушкилиҳои  зиёд дошт.  Хизматрасонӣ аз  ҷониби  хадамоти  оташнишонии  шаҳри  Хоруғ  ба  роҳ  монда  мешуд, аз ин рӯ, оташнишонон  сари  вақт  ба  маҳали  ҳодиса  расида наметавонистанд. Соли   гузашта  бо  пешниҳоди  раиси  вилоят  Хадамоти  давлатии  оташнишонии  ҷумҳурӣ  қарор  дод, ки  дар  маркази  ноҳияи  Шуғнон  хизматрасонии  мустақили  оташнишонӣ  ташкил  карда  шавад. Инак, ин нақша амалӣ гашта,  сохтмони дидбонгоҳ  дар  муддати   кӯтоҳ  ба  охир  расид. Бо  мавриди  истифода  қарор   гирифтани  он шумораи   оташнишонон  дар  ноҳияи  Шуғнон   ба  29  нафар  расид. 
Ба шарофати истиқлолият, айни замон  дар ҳафт ноҳия   дидбонгоҳҳои  оташнишонӣ ва ду  шуъбача,   дар  шаҳри  Хоруғ қисми  мустақили  оташнишонӣ ва шуъбаи   Хадамоти  оташнишонии ВМКБ фаъолият  доранд, ки дар  онҳо  214  нафар  ифои  вазифа  намуда, дорои 18  нақлиёти  оташнишонӣ  мебошанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2017    №: 14-15    Мутолиа карданд: 1419

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед