logo

иқтисод

ДЕВАШТИЧ. ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ СОКИНОН АЗ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Имрӯзҳо дар саросари кишвар бо иштироки зиёиён ва роҳбарони муассисаҳои гуногуни давлатӣ шарҳи мазмуну моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷараён дорад.

Дар ноҳияи Деваштич низ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуфар Исмоилзода, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат вохӯрии судманд баргузор гардид.
Зуфар Исмоилзода нуктаҳои муҳими Паёми Сарвари давлатро шарҳу тавзеҳ дода, зикр намуд, ки Ҳукумати мамлакат тамоми захираву имконият ва саъю талоши худро ба татбиқи се ҳадафи стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ равона намудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо, аз ҷумла лоиҳаҳои афзалиятнок ба соҳаҳои энергетика, саноат, сохтмон, алоқа, инфрасохтор, маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ 88 миллиард сомонӣ тахсис дода шудааст, ки дар пешрафту шукуфоии кишвар такони ҷиддӣ бахшид.
Таъкид гардид, ки дар зарфи 15 соли охир даромади Буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар, музди миёнаи меҳнат дар бист соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 маротиба афзуд. Ин ҳама боис шуд, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар се баробар паст карда шавад. Саҳми Тоҷикистон дар пешгирии оқибатҳои харобиовари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон назаррас арзёбӣ гардида, қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 -2028 аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории 177 кишвар барои Тоҷикистон дастоварди бузурги таърихӣ маънидод шуд.
Иштирокдорони ин чорабинии судманд - сокинони ноҳияи Деваштич, зимни суханронӣ аз дастгириву ғамхориҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори  хушнудӣ намуда, ба Сарвари муаззами кишвар барои таъмини доимии неруи барқ дар фасли сармо миннатдорӣ баён карданд. 
Лоиқ ТӮЙЧИЕВ, ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2017    №: 14-15    Мутолиа карданд: 1404

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед