logo

энергетика

"ЭНЕРГИЯИ САБЗ". ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ 6 КИШВАРИ ПЕШСАФИ САЙЁРА

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз масъалаҳои меҳварӣ буд.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки “Тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне, неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад”. Ин навъи манбаъҳои энергетикӣ безарар буда, ба вазъи экологии муҳити зист таъсири манфӣ намерасонад. Расидани Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад, зеро он заминаи бунёдӣ барои боз ҳам баландтар бардоштани сатҳи зиндагиву хизматрасонӣ ва пешбурди иқтисодиёт мебошад. Зимнан, мавриди истифода қарор додани “энергияи сабз”  аз тарафи ниҳодҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳама вақт қобили дастгирӣ мебошад. Сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар, яъне, сиёсати “дарҳои кушода”, имкон дод, ки сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон бештар ҷалб шавад.
Ҳар як кишвари ҷаҳон вобаста ба мавқеи ҷуғрофиаш  дорои иқлими ба худ хос ва сарватҳои табиии гуногун мебошад. Тоҷикистон аз сатҳи баҳр хеле баланд ҷойгир буда, захираҳои нафтӣ камтар дорад. Аммо он аз ҷиҳати захираи обӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Пас, роҳи асосӣ барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ин боз ҳам бештар истифода бурдани  манбаъҳои гидроэнергетикӣ мебошад. Тибқи ҳисобҳо танҳо истифодаи 30 дарсади захираҳои обӣ  имкон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо ба истиқлолияти энергетикӣ бирасад, балки ҳар сол ба маблағи 2 миллиарду 77 миллион доллари амрикоӣ неруи барқ содир намояд.
Бояд зикр кард, ки Пешвои миллат ҳамчун ташаббускори фаъоли ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба истифодаи захираҳои об ҳамеша дар арсаи байналмилалӣ ҷиҳати ҳифзи ин арзиши моддии ҷаҳонӣ иқдом менамоянд.  Хурсандибахш аст, ки дар Паёми Президент аз қабул гардидани иқдоми навбатии Сарвари давлат, яъне, пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” хабар ёфтем. Маҳз дар рӯзи ироаи Паёми Президент аз тарафи раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ин муносибат унвонии Пешвои миллат ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон расидани табрикот рӯйдоди муҳиму фоли нек аст. Аз ин рӯ, бояд тамоми мардуми Тоҷикистон дар атрофи сиёсати хирадмандонаи  Пешвои миллат муттаҳид гардида, дар ҳамбастагӣ бо мардумони кишварҳои дигар баҳри татбиқи ин ташаббуси бузурги созандаю наҷиб кӯшиш намоянд. Боварии комил дорем, ки тамоми аҳолии Тоҷикистони азиз барои татбиқи нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат, ки ҳидоят ба фардои боз ҳам дурахшон дорад, талош меварзанд.
Қурбониён Меҳрдод СУБҲОНӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2017    №: 14-15    Мутолиа карданд: 13851
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед