logo

ҳуқуқ

НОМАИ ҲИДОЯТ. АНДЕШАҲО ДАР БОРАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷанбаи амиқу пурвусъати ватанхоҳию ватанпарастӣ дошта, аз таҳлили пурраи раванди рушди миллӣ ва  мушаххас намудани самтҳои стратегии дурнамои пешрафту тараққиёти  давлати соҳибихтиёрамон иборат аст.  Аз нигоҳи моҳият ва таъйиноти иҷтимоӣ бошад, Паёми навбатӣ  дастури мукаммали   сабақомӯз,  ҳидоятномаи  ояндасоз ва як ҳуҷҷати муҳими  барномавии сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангист, ки  дар  он  афзалиятҳои давлатдории миллӣ таъкид гардида, аз тарафи кулли мардуми ҷумҳурӣ, бо арзи қаноатмандӣ ва бо як рӯҳияи пурифтихор   пазируфта шуд.
Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ ба асли риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун  устувор  мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф ва муқаррар намудааст. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, аз равандҳои рушд ва таҳаввул дар ҷомеа канор намонда, барои фатҳи зинаи навбатӣ бо такя ба соҳибҳуқуқӣ ва фаъолмандии худ такон мебахшад.
Масъалаи таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан мақомоти судӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон аз ҷумлаи мавзӯъҳои муҳиме мебошанд, ки дар ҳар Паёми Сарвари давлат  мавқеи  хос доранд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ  Президенти мамлакат аз баланд бардоштани сатҳи касбияти судяҳо ёдовар гардида,  бо назардошти нақши муҳими иҷрои қарорҳои судӣ дар таъмини адолати судӣ, таҳия ва пешниҳоди механизми самараноки иҷрои қарорҳои судӣ ва чораҷӯӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти иҷрочиёни судро зарур шумурданд. Маврид ба зикр аст, ки бо фароҳам овардани заминаҳои қонунӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба санадҳои танзимкунандаи фаъолияти мақомоти судӣ мавқеъ ва нақши низоми судии кишварамон боло рафта, дар маҷмӯъ як марҳалаи сифатан навро дар таърихи ҳокимияти судии кишвар ташаккул бахшид. Таъмини пешрафти дилхоҳ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла, мақомоти  судӣ  ба интихоб ва ҷобаҷогузории мутахассисони варзида ва лаёқатманд вобастагии амиқ дорад. Бо назардошти ин нукта Сарвари давлат дар Паёми худ ба масъалаи  пешбарии номзадҳо ба вазифаи судя  дахл намуда,  пешниҳоди ҳуқуқшиносони дорои дониши хуби назариявӣ ва таҷрибаи кофии касбӣ ва аз ҷиҳати одобу ахлоқ, рафтору кирдор  ба ин мансаби масъули давлатӣ муносиб вазифагузорӣ намуданд.
Дар Паём оид ба  масъалаи саҳмгузории мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тазаккур дода шуд. Зеро бе таъмини волоияти қонун ва ба камол расондани шаҳрвандони соҳиби маърифати баланди ҳуқуқӣ рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ  ғайриимкон мебошад. Аслан, масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳои  муҳими  ҳаёти имрӯза ба шумор меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ин самти фаъолият таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, бо мақсади баланд бардоштани  дониши  ҳуқуқии аҳолӣ чандин санадҳои муҳим ва барномаҳои алоҳидаи тарбияи ҳуқуқиро таҳия ва қабул намудааст. Бо боварӣ ва эътимоди комил метавон гуфт, ки минбаъд низ кормандони мақомоти судии кишвар фаъолияти хизматии худро дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, ба роҳ монда, саҳми арзандаи худро дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистон мегузоранд.
Суҳроб  РӮШАНЗОДА,
муовини  якуми  раиси  суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2017    №: 14-15    Мутолиа карданд: 2662

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед