logo

иқтисод

"АГРОИНВЕСТБОНК". ВАЗЪИ МОЛИЯВӢ БЕҲТАР МЕШАВАД

Аз пайи «Тоҷиксодиротбонк» дар ҶСК «Агроинвестбонк» низ додани пули нақд ба муштариён аз нав роҳандозӣ гардид. «Шодмонем иттилоъ диҳем, ки ҶСК «Агроинвестбонк» дар банкоматҳои худ додани пули нақд ва пардохти маблағ аз кортҳои бонкиро дар муассисаҳои тиҷоратию хизматрасонӣ барқарор намуд. Муштариён метавонанд аз банкоматҳо ҳар рӯз ба миқдори 600 сомонӣ пули нақд гиранд. Қабули маблағҳо аз кортҳои бонкии «Агроинвестбонк» дар марказҳои тиҷорату  хизматрасонӣ номаҳдуд аст», яъне,  муштариёне, ки дорои кортҳои бонкианд, метавонанд аз муассисаҳои савдо ба андозаи дилхоҳашон мол бихаранд ё аз хизматрасониҳо баҳраманд шаванд. Дар ин бора 16 январ сомонаи ин муассисаи бонуфузи молиявии кишвар иттилоъ додааст.
«Агроинвестбонк» тобистони соли гузашта дар пайи «Тоҷпромбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва «Фононбонк» ба мушкили сахти молиявӣ рӯ ба рӯ гардид. Нахуст дар пушти банкоматҳои муассиса навбатҳои калон пайдо шуданд,  сипас, банкоматҳо низ аз кор монданд. Додани пасандозҳо ва фоидаи онҳо ба муштариён қатъ гардид. Фақат  муштариёни хеле ниёзманд бо пешниҳоди санадҳои боварибахш маблағҳои хеле кам мегирифтанд. Шикояти мардум аз муомилаи сарду ваъдаҳои зиёди  маъмурони ин бонк ҳам хеле зиёд шуд, зеро дар саридора ва филиалҳои бонк ба муштариёни ба суроғи пасандозҳояшон омада ба ғайр аз ваъда чизе дода наметавонистанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ супориш дод, ки барои ислоҳи вазъ чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд ва дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат сокинони кишварро эътимод бахшиданд, ки онҳо пасандозҳои бонкии худро ҳатман мегиранд. Бонки миллии Тоҷикистон низ ҷиҳати аз нав ба боварии муштариён соҳиб шудани бонкҳо ва ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ тадбирҳо роҳандозӣ намуд. Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати аз вазъи мушкили молиявӣ ва  муфлисӣ раҳондани чор бонк – «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк», «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ ҷудо намуд, аз ҷумла, 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ барои «Агроинвестбонк». Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳоди Ҳукумати ҷумҳуриро дар бобати ба ҳамин маблағ баровардани коғазҳои қиматнок (векселҳо) пазируфт.
Бонкҳо метавонанд ин коғазҳои қиматнокро дар Бонки  миллии Тоҷикистон ҳамагӣ бо 2 дарсади солона ба пули нақд иваз намоянд. Коғазҳои қиматнок, тавре вазири молияи кишвар Абдусалом Қурбониён иброз дошт, ба муҳлати 5 сол бар ивази дороиҳои манқулу ғайриманқули бонкҳо бо кафолати Бонки миллии Тоҷикистон дода мешаванд. Ҳамчунин, дар ин чор бонки ба мушкили молиявӣ мувоҷеҳ шӯроҳои назоратӣ таъсис меёбанд, ки роҳбари онҳоро Ҳукумати ҷумҳурӣ таъйин менамояд.
 Тавре ба мушоҳида мерасад, мушкилоти бонкҳои Тоҷикистон дар пайи тадбирҳои роҳандозишуда тадриҷан бартараф мегардад. Ва муштариёни бонкҳоро низ аксаран на пул, балки эътимодпазирӣ ва то чӣ андоза имконияти пардохти маблағ доштани бонкҳо ба ташвиш меандозад.
А. САЙВАЛӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2017    №: 14-15    Мутолиа карданд: 1523

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед