logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ТАРЗИ НИШАСТАИ ҲАЁТ ХАТАР НАДОРАД, АГАР...
Олимони амрикоӣ пас аз таҳқиқоти шонздаҳсола ба чунин хулоса омаданд.
Гурӯҳи олимони амрикоӣ ақидаи  зарари тарзи нишастаи ҳаётро рад карданд, иттилоъ медиҳад  маҷаллаи International Journal of Epidemiology.
Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти шонздаҳсола, ки дар он ҳудуди панҷ ҳазор хоҳишманд иштирок дошт, вазъи саломатии одамони тарзи ҳаёти мунтазам баранда, нисбат ба шаҳрвандони фаъол беҳтар арзёбӣ мегардад.
Тӯли ин муддат олимон иштирокдорони озмоишро назорат карда, дар бораи чи гуна гузарондани вақт ва чанд муддат ба варзиши ҷисмонӣ машғул шудани ҳар нафар, маълумот ҷамъ оварданд.
Ба ақидаи мутахассисон набудани фаъолии варзишӣ ба саломатии инсон таъсир надорад ва ба марги бармаҳал намерасонад. Вале, нафароне, ки ба варзиш машғуланд, камтар аз рӯҳафтодагӣ азият мекашанд.
Чанде пеш таҳқиқгарони донишгоҳи Корнеллаи иёлати Ню - Йорк формулаи тарзи ҳаёти солимро дар ҳолати кори нишаста муайян карданд. Ба андешаи онҳо пас аз ҳар 20 дақиқаи нишастан бояд 8 дақиқа рост истод ва 2 дақиқа қадам монд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН

Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд.
ДАР ҶУСТУҶӮИ АЭЛИТА
«Аксарияти сайёраҳо, бешубҳа, аҳолинишинанд, беаҳолиаш бо гузашти айём аҳолинишин мешаванд», - нависта буд Иммануил Кант дар асараш «Таърихи табиатшиносии умумӣ». Ин на танҳо ақидаи шахсии ӯ буд, дар хусуси он ки сайёраҳои системаи Офтоб аҳолинишинанд, дар асрҳои XVII-XVIII як қисми олимон ба ин бовар буданд. Христиан Гюйгенс, яке аз асосгузорони илми астрономияи муосир, ки дар қисми дуюми асри XVII мезист, ҳатто тарзи ҳаёти осудаҳолонаи сокинони Уторид, Миррих, Юпитер ва Сатурнро тасвир намудааст. Ба ақидаи вай дар он ҷойҳо абрҳо парвоз доранду заминҳои серҳосил аз нури офтоб баҳраваранд, ба майдонҳои кишт шабнаму борон фаровон мерезанд. Ва махлуқони боақл дар киштаҳо, боғот ва талу пуштаҳо қадам мезананд.
Бештар таваҷҷуҳи Гюйгенсро Миррих – сайёраи ба Замин наздиктарин ба худ мекашид, ки аз бисёр ҷиҳатҳо ба сайёраи мо шабоҳат дорад. Соли 1659, дар вақти тамошои Миррих ба воситаи телескоп, Гюйгенс муқаррар намуд, ки Миррих ба монанди Замин дар атрофи мадори худ дар 24 соат як маротиба пурра давр мезанад. Ҳамчунин, вай нахустин шуда дар болои Миррих «доғ» - ҳои доимиро пайхас кард. Баъдтар исбот намуд, ки ин «доғҳо» дар ҷое сиёҳанду дар ҷое равшан ва онҳоро «биёбонҳо» ва «баҳрҳо» номид.   Дар қутбҳои Миррих кулоҳҳои яхинро метавон ба мушоҳида гирифт, ки ба монанди Арктика ва Антарктикаи мо мебошанд.
Дар соли 1860 олимон фарзияе пешниҳод сохтанд, ки дар Миррих ҷангалзорҳо ҳастанд. Соли 1877 Ҷованни Скиапареллии итолиёвӣ як кашфиёте намуд. Ба ақидаи ӯ биёбонҳои Миррих пур аз каналу ҷӯйборҳои сунъианд, ки ба садҳо километр мерасанд.  Каналҳо! Яъне, ки иншооти сунъӣ, бо дасти махлуқи бошуур сохташуда…
Мушоҳидаҳои Скиапарелли бис-ёриҳоро бовар кунонд, ки дар Миррих ҳаёт ҳаст. Яке аз ҷонибдорони ин ақида астрономи амрикоӣ Персивал Ловелл, ба ҳисоб мерафт. Вай соли 1894 расадхонаи махсус барои мушоҳидаву омӯзиши Миррих сохт ва тамоми умрашро ба омӯхтани ин сайёра бахшид ва дар охир ба хулосае омад, ки дар Миррих ҳаёт ҳаст.
Маҳз ба шарофати Ловелл образи «миррихӣ» аз саҳифаҳои маҷаллаҳои илмӣ ба адабиёти бадеӣ кӯчид ва дар шуури омма як табаддулоти азиме ба вуҷуд овард. Ва ба пайдоиши «Аэлита» - и Алексей Толстой, «Ҷанги оламҳо» - и Уэллс ва садҳо роману повесту филмномаву намоишномаҳои дигар сабаб гардид.
Ловелл соли 1916 фавтид, аммо назарияи вай солҳо ақли одамиро ба туғён меовард… Баъдтар дар зери таъсири санадҳои илмӣ назарияи ин олим чун яхҳои кулоҳи Миррих об шуданд ва маълум гашт, ки дар Миррих ягон хел канал, ҷӯйбор, боғу бӯстонҳо, яхистонҳо нестанд ва Миррих нисбат ба Замин ба Маҳтоб бештар шабоҳат дорад. Алвидоъ, Аэлита.
 Вале дастгоҳҳои кайҳонӣ дар рӯи Миррих бисёр шохобҳои хушкидаро ба акс гирифтаанд. Ва ин шохобҳо аз Замин дида намешаванд ва онҳо ба «канал» - ҳои дидаи Ловелл ягон муносибате ҳам надоранд. Пас, маълум мешавад, об будааст. Бале, будааст. Соли 1976 дар атмосфераи Миррих далели мавҷуд будани буғи обӣ ва ҳам мавҷудияти яхи обӣ дар қутби шимолии Миррих тасдиқ шуданд. Зоҳиран, миқдори зиёдтари об дар минтақаҳои қутбӣ дар шакли яхбандии умрбод мемондаанд. Обу ҳаёт гуфтаанд. Ҳаёт дар Миррих ҳаст ё буд, маълум нест, аммо ҷустуҷӯ идома дорад. Тавре ки як қаҳрамони филми шӯравӣ мегуфт: «Оё ҳаёт ҳаст дар Миррих, оё ҳаёт нест дар Миррих, ин ба илм норавшан аст».
Қ. МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ

3. МАВҶҲОИ ҶОЗИБАВӢ
Кормандони расадхонаи LIGO (Laser Interferometric Gravitational Observatory) 11 феврали соли гузашта мавҷудияти мавҷҳои ҷозибавиро тасдиқ карданд. Онҳо аз ду сӯрохии сиёҳ дар дақиқаҳои охирин қабл аз якҷояшавӣ, тавлид шудаанд. Яке аз сӯрохиҳо 36 баробар ва дуюмӣ 29 баробар нисбат ба Офтоб вазнинтар буда, объекти мавҷии дар натиҷаи он пайдошуда 62 баробар буд. Ин зуҳуротро соли 1916 Алберт Эйнштейн дар назарияи нисбият пешгӯйӣ кардааст.
Арзиши ихтирои илмӣ дар он аст, ки агар воқеияти каҷшавии фазо ва вақт муқаррар шуда бошад, пас ҳоло метавон онро таҳқиқ кард, дар оянда - идора намуд. То дараҷае ин кашфиёт инсониятро ба сайёҳат дар замон наздик месозад. Албатта ин ҳоло дурнамо аст.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН

ҲИКОЁТИ  ЛАТИФ
Фахриддин Алии САФӢ
Файласуфе дар саҳрое сайр мекард. Тирандозе ҷоҳилу навомӯзро дид, ки ҳадафе нишон карда буду тир бар росту чап меандохт ва аслан тираш наздики ҳадаф намеафтод. Файласуф тарсид, ки мабодо тире бар ӯ занад. Рафту муттасил ба ҳадафи ӯ нишаст ва гуфт: - Надидам мавзее ба саломаттар аз ҷо, чи яқин медонам, ки тири ӯ бар ҳадаф нахоҳад омад.
***
Рӯзе гадое аз Абдулмалики Марвон чизе талабид.
Гуфт: - Аз Худо талаб кун.
Гуфт: - Талабидам, ба ту ҳавола кард.
Абдумалик бихандиду ӯро хушнуд баргардонд.
Таҳияи  Абдулқодири РАҲИМ

ТЕАТР ДАР РӮЙИ ОБ
Тамошобини имрӯзаро ба ҳайрат овардан хеле мушкил аст. Вале, коргардонҳо кӯшиш карда истодаанд, ки боз ҳам бо намоишҳои ғайриодии худ муштоқони ин ҳунари қадимаро ба ваҷд оранд. Айни замон, онҳо барои намоишҳои худ на танҳо саҳнаи одӣ, балки рӯйи обу зери об ва саморо низ истифода мебаранд.
Яке аз саҳнаҳои диққатҷалбкунанда Театри операи Брегентс  мебошад. Таърихи он низ хеле ҷолиб аст. Соли 1946 дар Австрияи баъдиҷангӣ  фестивали санъати операро гузаронданӣ мешаванд. Вале, маълум мегардад, ки дар шаҳр на танҳо бинои мувофиқ нест, балки ҷой ҳам барои сохтани чунин як театр надоранд. Ҳалли мушкилот шаҳр, театр ва фестивали онро дар тамоми олам машҳур гардонд. Саҳнаро дар кӯли Боден, рӯйи ду биржаи бо ҳам пайвастшуда сохтанд. Тамошобинон дар соҳили кӯл нишаста ба рафти воқеаҳо назора мекарданд. Аслан, чунин конструксияҳо на бештар аз ду сол хизмат менамоянд. Ин театри шинокунанда бошад, инак ҳафтод сол ба мардум хизмат мекунад. Ороиши он низ қариб ҳар сол тағйир меёбад.
Таҳияи М. ТАБАРӢ

ДУЧАРХА - НИМ МИЛЛИОН ДОЛЛАР
Қиматтарин дучархаи ҷаҳон  – Damien Hirst «Butterfly»  Trek Madone мебошад. Арзиши он 500 000 долларро ташкил медиҳад. Таҳиягари он рассоми машҳури бритонӣ Домиэн Хёрст мебошад. Барои оро додани дучархаи худ ӯ аз пару боли садҳо шоҳпаракҳои парваришнамудааш истифода бурдааст. Қобили зикр аст, ки Домиэн Хёрст ин дучархаро ба хотири гиромидошти велосипедрони моҳир  Лэнс Армстронг офаридааст.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА

ШАҲРИ ТОЗАТАРИНИ ДУНЁ
Калгарӣ - шаҳри ковбойҳо ва ҳиндуҳои ғарбии ваҳшӣ, соли 2016 тозатарин макон дар ҷаҳон эътироф шуд. Аз рӯи қоида дар шаҳр барои партофтани боқимондаи сигор ва ё ифлос намудани кӯчаҳо то 1000 доллари амрикоӣ ҷарима ситонда мешавад.
Калгарӣ - дар Канада ҷойгир буда, мақоми 31 - умро дар байни 130 шаҳрҳои бузургтарини ҷаҳон аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ ишғол мекунад. Калгарӣ аслан баъди гузарондани бозиҳои Олимпӣ дар соли 1988 машҳур шудааст.
Агар шумо хоҳед обу ҳавои тозатаринро истифода баред ва ё кабудтарин осмонро бинед, пас онро дар Калгарӣ меёбед. Шаҳр бо боғи дорои паҳноии 8 ҳазор гектар ва дарёҳои бисёраш машҳур гаштааст, аммо аслан онро баландкӯҳҳо ва ҷангалзорҳо иҳота намудаанд. Аз ин рӯ, Калгариро шаҳри аз ҷиҳати экологӣ тоза медонанд.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР

ВАРЗИШ   МАЙНАИ САРРО ҶАВОН МЕКУНАД
Муҳаққиқон муайян кардаанд, ки машқҳои муътадили ҷисмонӣ, ба мисли роҳгардии босуръат, йога, шиноварӣ ва ғайра хатари бавуҷудоии мушкилиҳои зеҳниро дар одамони синну соли миёна ва болотар аз он коҳиш медиҳанд. Олимон аз маркази таҳқиқоти Сиэтл иттилоъ медиҳанд, ки дар ним соли машқи мунтазам (ҳафтае  4 карат, 60 дақиқагӣ машқ дар велотренажёр) иштирокдорони санҷиш, ки аллакай иллатҳои хотира ва ақлонии муътадил доштанд, қобилияти банақшагирӣ ва мутамарказ кардани диққаташонро афзоиш додаанд. «Эҳтимол, гап дар он аст, ки ҳаракат ҳассосии бофтаҳоро нисбат ба инсулин афзоиш медиҳад, - тахмин мекунанд муҳаққиқон. – Ин ҳормон дар таъмини тамоми узвҳои бадан, аз ҷумла, майнаи сар, бо энергия нақши муҳимро мебозад».
Фаромӯшхотирӣ ва ҷамъ карда натавонистани диққат нишонаҳои иллати кори майнаи сар мебошанд, ки онҳоро бо ҳаракатҳои аэробӣ рафъ намудан мумкин аст. Ашхосе, ки ин оризаҳоро доранд, дар пиронсолӣ метавонанд ба камақлӣ дучор шаванд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР

ГУРДА – КОНИ ОКСАЛАТ
Табиби ҳиндӣ Ашиш Пател дар натиҷаи гузарондани яке аз амалиётҳои ҷарроҳӣ ва берун овардани шумораи рекордии сангҳо аз як гурдаи сокини шаҳри Дхулеи музофоти Махараштра Дханраҷ Вадиле шомили «Китоби рекордҳои Гиннес» гардид.
Чуноне ки рӯзномаи «Hindustan Times» хабар медиҳад, Вадиле ба бемории шадиди гурда гирифтор шуда, ба табибон муроҷиат мекунад. Табибе Вадилеро барои маслиҳат назди директори донишкадаи урологӣ Ашиш Пател мефиристад. Дар натиҷаи ташхис муайян гардид, ки бемор нуқсони модарзодӣ дошта, ба бемории иллати гурда гирифтор аст. Яке аз гурдаҳои ӯ поён фаромада, боиси пайдо гаштани шумораи зиёди сангҳо гардидааст.

Моҳи декабри соли 2009, пас аз ҷарроҳии 4 - соата аз гурдаи Вадиле табиб Пател бо яке аз ҳамкорони худ ва як мутахассиси алмосшинос тӯли як моҳ барои муайян намудани шумораи сангҳо, ки аз оксалат ва фосфати калсий таркиб ёфтаанд, заҳмат кашида, дақиқ карданд, ки 172155 дона санг бо қутри аз 1 миллиметр то 2,5 сантиметр берун оварда шудааст.

Ба андешаи мутахассисони соҳаи тиб пайдошавии чунин шумораи зиёди сангҳоро дар як гурдаи одам таърихи инсоният ёд надорад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО

ҶОН РОКФЕЛЛЕР ШАХСИ БОЙТАРИНИ ҶАҲОН
Ҷон Рокфеллер яке аз шахсиятҳои бойтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Ӯ соли 1839 дар Амрико, дар оилаи камбағал ба дунё омадааст. Аввалин маротиба дар 16-солагӣ ба ҳайси муҳосиб ба кор оғоз кардааст. Дар 31 – солагӣ ширкати нафти «Standatd Oil» - ро таъсис дода, сарварии онро ба зимма мегирад. Чанде нагузашта ширкати рақибони худро харидорӣ намуда, фаъолияти соҳибкориашро боз ҳам мустаҳкам менамояд.
Соли 1997 боигарии ӯ ба 44 миллиард доллар мерасад. Дар соли 2013 шахси бойтарини дунё ба шумор мерафт. Ӯ 16 ташкилоти роҳи оҳан, 9 бонк, 9 ширкати бузург, 6 иттиҳодияи киштисозӣ ва 3 корхонаи шарбати афлесунбарорӣ дошт.
Ҷон Рокфеллер зиндагии солимро пеш мебурд, соҳиби 4 духтар ва 1 писар буд. Баъди худ корхонаҳояшро ба писараш ба мерос монд.
Таҳияи Марзияи ИҚБОЛШО, донишҷӯ

ОБ ҲАМ ДИЛЕ ДОРАД
Олимон собит намудаанд, ки об андешаи одамонро дарк мекунад. Ба андешаи олими  ҷопонӣ  Массеру Эмотӣ, об ба ҳар паёме, ки мегирад - зиштӣ ё зебоӣ онро дар худ таҷассум мекунад. Ӯ рӯзе рӯйи зарфи обдор менависад  «сипос бар ту». Баъди чанде мебинад, ки ин об хеле зебо мисли пештара софу зулол аст. Аммо мушоҳида мекунад, ки  зарфи обдоре, ки рӯйи он  навишта буд, «ту девонаӣ» тира гаштааст. Ҳангоми иҷрои симфонияи «Ариа» - и оҳангсози маъруф Иоҳан Себастян Бах,  ки он хеле форам буд, олимон мушоҳида намуданд, ки таркиби об ва молекулаҳои он аҷибу зебо шуданд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ

ПОСУХ БА МУАММО ВА ШАРҲИ ОН
Ба муаммои дар шумораи 30 сентябри соли 2016 дарҷшуда ягон хонанда посухи дуруст нафиристод, аммо бисёриҳо хоҳиш намуданд, ки ҷавоби дурусташро бо шарҳи истифодабарии рақамҳои римӣ дар яке аз шумораҳо чоп кунем.

Инак, посух ба муаммо:
1. Рақамҳои римӣ аз 7 аломат:  I  - як, V  - панҷ,  X – даҳ, L – панҷоҳ,  C – сад,  D – панҷсад,  M - ҳазор иборатанд.
2. M C M L I X – 1959 - ро ифода мекунад.
Тарзи истифодабарии рақамҳои римӣ чунин аст:
Тавре маълум аст, рақами 1 бо аломати «I» ишора мешаваду 3 бо «III»; рақами 5 бо «V» ишора мешаваду 4 бо «IV», рақами 6 бо «VI» ва 7 бо «VII». Бисёриҳо дар нишон додани рақами 40 ба хатогӣ роҳ дода, онро бо 4 «XXXX» ишора менамоянд, ки ғалат мебошад. Рақами 40 бояд бо «XL» нишон дода шавад ва 60 бо «LX».
Таҳияи Мирзои ФИРӮЗ

ТАҒЙИР ДОДАНИ ДУНЁ АЗ ЧӢ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
Дар лавҳаи мазори роҳиби англис, ки дар шаҳри Лондон ҷойгир аст, чунин навишта шудааст:
«Вақте ҷавону озод будаму сарҳади хаёлам охир надошт, орзу мекардам, ки тамоми дунёро иваз кунам. Аммо вақте пирӣ аз худ дарак  дод, оқилтар шудаму дарк кардам, ки дунё тағйир намеёбад. Ман сарҳади хаёлҳоямро каме тангтар кардаму хостам танҳо кишвари худро иваз кунам. Вале, чанде пас дарк кардам, ки он ҳам тағйир намеёбад.
Вақте пирӣ ба ман пурра ғалаба кард, ҷаҳди вопасинамро ба миён гузоштам: хостам аҳли оилаамро дигар кунам. Вале, ба он ҳам муваффақ нашудам. Ҳоло бошад, сар ба болинионда, дар интизори  Малак-ул-мавт ҳастам.  Ин дам дарк кардам, ки агар ивазкуниро аз нафси  хеш оғоз мекардам, барои аҳли оилаам ҳамчун намунаи ибрат ва сабаби ивазшавии рафтори онҳо мегаштам. Дар навбати худ, аз тағйир ёфтани  онҳо илҳом гирифта, барои беҳбудӣ ва тағйир додани кишварам талош мекардам. Кӣ медонад, эҳтимол, ҳамон замон фурсати тағйир додани тамоми дунё ҳам муйясарам мегашт».
Таҳияи Лола РИЗОЕВА

ОЁ МЕДОНЕД?
Бостоншиносон аз ғори (мағоки) Ҳемар, наздики Байтулмуқаддас матоеро дарёфт намуданд, ки таърихи 8500 – соларо дорост. Мувофиқи гуфтаи олимон ин матоъ се ҳазор сол қабл аз матое, ки мисриён дар он мумиё мепечониданд, тайёр карда шудааст.
***
24 – уми январи соли 1918 дар шаҳри Броунинги Амрико якуякбора паст шудани ҳарорати ҳаво ба қайд гирифта шуд. Дар давоми як шабонарӯз ҳарорати ҳаво аз +7 то – 49 дараҷа паст гардид.
***
Киштии нафткаши аз ҳама калонтарин дар ҷаҳон бо номи «Шоҳи баҳрҳо» мебошад, ки соли 1979 дар Япония сохта шудааст. Ҳоло ин киштӣ дар зери байрақи давлати Норвегия дар баҳрҳо шино мекунад. Киштӣ 565 ҳазор тонна борро қудрати кашондан дошта, саҳни болоияш баробари панҷ майдони бозии футбол мебошад.
***
Бузургтарин ва куҳансолтарин метеорит дар ҷаҳон мувофиқи тахмини олимони Чин дар шаҳрчаи Сиани ин кишвар мавҷуд аст. Ин метеорити бузург 1,9 миллиард сол пеш ба замин афтида, худи он 4,6 миллиард сол умр дорад. Вазнаш қариб 2 миллион тоннаро ташкил медиҳад.
Ҳозиркунандаи чоп
Абдулқодири РАҲИМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.01.2017    №: 16    Мутолиа карданд: 2871

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед