logo

иҷтимоиёт

ФОЛБИН. ТО БА КАЙ БОЯД ФИРЕБ БИХӮРЕМ?!

Шумо дидаед ва ҳам шунидаед. Агар надидаед ва ҳам нашунидаед, аз он аст, ки дур аз маркази пойтахти кишвар зиндагӣ мекунед. Ва ё ба бозорҳои он сар нахалондаед. Вагарна, медидед ва ё мешунидед, ки  чӣ хел инсон бечора тӯтиро ба хидмат ҷалб кардааст. Аҷаб як хидмате: фолбинӣ. Шакли он тамоман нав мебошад. Тӯтӣ аз миёни коғазҳои навишташуда якеро бо амри соҳибаш интихоб мекунаду мегирад ва ба ӯ медиҳад. Амр тааҷҷубовартар аст: «Канӣ, тӯтиҷон, бахти амакашро як бисанҷ!» Нахуст амакаш барои ин як сомонӣ бояд пардохт намояд. Амакаш матни пур аз ғалатро мехонад:
Тақдирномаи шумо аз назари Ҳофизи Шерозӣ
Ту инсони сода дил ва пок ҳасти аммо ба доми Макр ва хилаи нокасон гирифтор шудаи ба умеди Худо он ки туро ба ин дом андохта ба зуди расво Хоҳад шуд ва хосили ба ҷуз шармандаги нахоҳад Бурд. Гар чи дасти ту аз гирифтани интиком кутоҳ Ҳаст вале бидон ки худо беҳтари интиком гиранда аст Ва хеч чурми назди у бикайфар ва ба мучозот Намемонад. 69
Биёед, боре нек биандешем ва ба дидаи ибрат бинигарем. Наход Ҳофизи Шерозӣ, он шоири ориф, тақдирнома навишта бошад, хоса тақдирномаи моро? Охир ӯ дар асри XIV зиста ва бо ифтихору сарбаландӣ мегӯяд:
Ман на онам, ки забунӣ кашам аз чархи фалак,
Чарх барҳам занам, ар ғайри муродам гардад.

Бо фол гирифтанҳо мо на пайрави Ҳофизи Шерозием, балки бо забуниҳо гирифтор дар чоҳи фолбинҳоем. Интизорем, ки дар фоламон биёяд, ки чарх ба муродамон мегардад.
Бо ин ки медонем, фол дурӯғ аст, ба он дил бохтаем. Ҳатто гоҳо ба худ мегӯем: «Як бисанҷем, шояд рост бигӯяд».
Солҳои сол бо қарта фол мегирифтем. Фолбин онҳоро омехта мекард ва аз он миён чандтоашро мегирифту мекушод. Баъд вобаста ба он тақдири моро пешгӯӣ ва аз гузаштаамон ҳикоят менамуд. Усулҳоро баъдҳо дигар карданд. Ҳатто  бо ифтихор мегуфтанд, ки пиронамон, ҷинҳо, париҳо чунину чунон мегӯянд. Ин гурӯҳ ба хонаи муштариёнашон низ роҳ меёфтанд ва чизҳои ғариб пайдо мекарданду онҳоро ба тааҷҷуб меоварданду метарсонданд.  Ва низ мегуфтанд, ки ин амалҳои номатлубро нисбати шумо хешовандон, ҳамсоя раво диданд. Бо сухан тахминан қиёфаи онҳоро бозгӯ мекарданд. Албатта, муштарӣ дар ин маврид бо фирефтагӣ тухми фитнаву душманиро дар дил нисбати хешованду ҳамсояи тасаввуркардааш мепарварид.
Фолбинии лӯлиён барои ҳамаи мо маълум аст. Шукр, шумораашон солҳои охир кам гардид. Не, балки бозори онҳоро фолбинҳои маҳаллӣ танг карданд.
Чунин ба назар мерасад, ки то дунё боқист, аз  вартаи макру фиреби онҳо инсонҳо раҳоӣ намеёбанд. Онҳо вобаста ба сохту замон шаклу усулҳои фаъолияташонро тағйир медиҳанд, аммо асл боқӣ мемонад. Бояд гузаштаи моро бозгӯӣ бинамоянд ва аз тақдири ояндаамон хабарамон бидиҳанд. Ҷойи тааҷҷуб аст, кас гузаштаашро беҳтар аз ҳама, хоса он фолбин медонад, пас, чаро ба он мароқ зоҳир мекунад? Боре аз худ пурсидаем, ки донистан ба чӣ хотир аст? Он чӣ омаданист, меояд, ба сухану кори нафаре тағйир намеёбад. Агар ҳам онро бидонем, ба чӣ дардамон мехӯрад? Боре аҳамият додаед, ки фолбинҳо қариб ҳамеша дар бораи ояндаи одамон суханони нек мегӯянд. Дар ин ҳол ин ашхоси  фиребхӯрда дар додани пул боҳиммат мешаванд. Ҳаминтавр, бардурӯғ худро шахси тақдири некдошта меҳисобанд ва ба умеди он рӯзи «нек» даст болои даст менишинанд. Ин фиреб онҳоро аз фаъолият ва саъю кӯшиш барои беҳтар омӯхтану кор кардану зиндагии шоиста барқарор намудан боз медорад. Агар ҳам фолбин ба тасодуф ба муштарие бигӯяд, ки ояндаи ту дурахшон нест, торик аст, дар ин ҳол низ ноумедона ҳама фаъолиятро беҳудаву беасар меҳисобад.
Ин ҳама боз дар ҳолест, ки медонем ба ин ашхос, яъне, фолбинҳо бояд на танҳо бовар накунем, балки ба амалашон нафрат дошта бошем.
Низомии Ганҷавӣ, он шоири ҳакими мо, пештар аз  Ҳофизи Шерозӣ бо таъкид гуфта буд:
Банди фалакро кӣ тавонад кушод?
Он кӣ бар ӯ пой тавонад ниҳод.

Ва баъдтар Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ иброз дошт:
Одами хокӣ зи Ҳақ омӯхт илм,
То ба ҳафтум осмон афрӯхт илм.
Замонест, ки банди фалакро бояд бикушоему бо илм ба ҳафтум осмон биравем, на ливои фолро баланд бибардорему фолбинҳоро гиромӣ бидорем. То ба кай бояд фиреб бихӯрем?!
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.01.2017    №: 16    Мутолиа карданд: 1986

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед