logo

иқтисод

ДАР ҲИФЗИ МАРЗҲО ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Пайдоиши фаъолияти гумрукӣ аз замони равнақ ёфтани тиҷорату бозаргонӣ сарчашма мегирад. Тоҷикон, хусусан дар давраи давлатдории Сомониён, бо давлатҳои дуру наздики араб, Аврупо, Ҳиндустону Хитой, Эрон ва мамолики дигари Шарқ робитаҳои хуби тиҷоратӣ барқарор намуданд. Маҳз дар ҳамин давра низоми гумрукӣ, андоз ва боҷу хироҷи марзӣ ташаккул ёфт.
Дар замони шӯравӣ ягона гузаргоҳи гумрукӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ дидбонгоҳи гумрукии Тирмиз (ва шуъбаҳои он, аз ҷумла, шуъбаи назорати гумрукии Панҷи Поён, соли 1987) буд. Соли 1989 гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён ба Тоҷикистон мерос монду бас.
Баъди соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон Кодекси гумрукӣ ва Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифи гумрукӣ» таҳия шуданд, ки дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии кишвар ба тасвиб расиданд. Соли 2004 Кодекси нави гумруки Тоҷикистон қабул гардида, минбаъд мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ такмил ёфт.
Танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ки ба рушди иқтисодиёт ва густариши соҳибкорӣ мусоидат мекунад, яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти кормандони Хадамоти гумрук аст. «Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори ҳифзи ҳуқуқии ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ буда, бо мақсадҳои гумрукӣ татбиқи мустақими вазифаҳоро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд», - омадааст дар Низомномаи Хадамоти гумрук. Таъмин намудани истиқлолият, амнияти  миллӣ ва иқтисодии кишвар, ягонагии қаламрави гумрукӣ, воридоти саривақтии боҷу андоз ва хироҷ ба Буҷети давлатӣ, низоми интиқол, воридот, содирот, назорат ва баҳисобгирии гардиши мол, барасмиятдарории  гумрукӣ, назорати гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт, ки тавассути марзи гумрукӣ интиқол меёбанд, роҳандозии робитаҳо ва ҳамкориҳои соҳавӣ бо мамолики дигар ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, мубориза бар зидди қочоқ ва ҷиноятҳои дигари гумрукӣ, гузарондани корҳои  профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо соҳибкорон вазифаҳои асосии кормандони ин мақомот ба шумор мераванд.
Соли гузашта ба буҷети давлат аз ҳисоби ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ 3 миллиарду 824, 8 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли пешӣ 2, 2 дарсад зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ 2060 ҳолати нодуруст пардохт намудани боҷу андозҳои гумрукӣ ошкор сохта, аз он ба хазинаи давлат қариб 37 миллион сомонӣ ворид карда шуд. Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии кишвар ба 3 миллиарду 930 миллион доллари амрикоӣ баробар ва таносуби воридоту содирот ба нафъи содирот беҳтар шуд. Назар ба соли 2015 воридоти молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ ба маблағи зиёда аз 400 миллион доллар коҳиш ёфта, содирот 8 миллион доллар зиёд гардид. Маблағи пардохтҳои гумрукии ҷамъоваришуда нисбат ба соли 2015 ба андозаи 207, 6 миллион сомонӣ афзуд.
Дар маҷмӯъ соли гузашта аз ҷониби кормандони мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 4644 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукӣ ошкор гардид. Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ 4459 нафар шахсони мансабдор, воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ба маблағи 7 миллиону 410, 1 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрук ва ба маблағи 7 миллиону 884, 8 ҳазор сомонӣ ҷарима ба фоидаи буҷети давлат ситонда шуд.
Кормандони гумруки ҷумҳурӣ аз аввалин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ содиқ мондаанд. Мардонавор садди роҳи онҳое шуданд, ки аз вазъи ноором истифода бурда, Тоҷикистонро ғорат кардан мехостанд. Онҳо ҳатто дар лаҳзаҳои душвортарин вазифаи худро софдилона адо намуданд. Ёди неки Мавлон Олимов, Алмос Гадоев, Назирмад Гулмадов, Рустамбек Ғаниев, Ғоиб Мирзоев, Шавкат Агаев, Алӣ Имомназаров, Сергей Ситковитский, ки дар роҳи ҳифзи манфиатҳои Ватан вазифаҳои хидматии худро сарбаландона адо намуда, қаҳрамонона ҷон бохтанд, ҳамеша дар дилҳост.
Кормандони Хадамоти гумрук имрӯзҳо ба анъанаи неки гумрукчиёни аввалину далери Тоҷикистони соҳибистиқлол содиқ монда, барои ҳифзи марзҳо ва манфиатҳои гумрукии Ватан  пайваста малакаю маҳорат ва дониши касбии худро сайқал медиҳанд.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.01.2017    №: 16    Мутолиа карданд: 1754

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед