logo

сиёсат

2016 ВА ҚАДАМҲОИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ

Дар рӯзҳои охири ин соли таърихӣ, яъне, 21 декабр Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи худ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 - 2028 - ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул намуд.
Дар робита ба ин, Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ва раиси Маҷмаи умумии ин созмони ҷаҳонӣ Питер Томсон бо ирсоли номаи табрикӣ ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон ва мардуми шарафманди тоҷикро бо қабули муваффақонаи қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 самимона шодбош гуфтанд.
Дар номаҳои табрикӣ изҳори боварӣ карда шудааст, ки Даҳсолаи нави марбут ба масъалаҳои рушди устувор ва истифодаи ҳамгироёнаи захираҳои обӣ, густариши ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо метавонад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои байналмилалии тасдиқшудаи марбут ба об, бахусус он ҳадафҳое, ки дар Рӯзномаи Рушди Устувори 2030 инъикос шудаанд, мусоидат намояд. Хотиррасон менамоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2015 дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея бо назардошти идомаи татбиқи амалии тадбирҳои нақшавӣ дар чаҳорчӯбаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» ва барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор пешниҳод намуданд, ки Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об барои рушди устувор» эълон карда шавад.
Даҳсолаи дуюми байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028 ташаббуси чоруми ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон мебошад, ки бо қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибдории давлатҳои аъзои ин созмони муътабар қабул карда мешавад.
Маҷмӯан, соли 2016 Тоҷикистони соҳибистиқлол дар партави сиёсати хориҷии “дарҳои кушода” - и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба як сарзамини меҳмоннавоз ва баҳаморандаи роҳбарони кишварҳои гуногуни сайёра ва макони чорабиниҳои бузурги сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфта буд. Моҳи май татбиқи лоиҳаи бунёди хати интиқоли барқи CАSА - 1000, ки барои кишварҳои минтақа ҳамчун рамзи шурӯи ҳамкориҳои воқеӣ байни давлатҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аҳамияти таърихӣ дорад, оғоз гардид. Дар ин чорабинии муҳим Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Навоз Шариф, Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков иштирок намуданд, ки намунаи олии таваҷҷуҳ ва изҳори омодагию ҳавасмандии роҳбарияти сатҳи олии Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи ҳамгироии густурда ва ҳамдастии созандаи кулли кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Охири моҳи сентябр бори нахуст дар мамлакат “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” қайд карда шуд, ки дар чорабинии тантанавӣ ба ин муносибат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҳамин рӯз Сарвари давлат дар шаҳри Душанбе бинои хуштарҳу замонавии Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар раванди пешбурди сиёсати хориҷии “дарҳои кушода”, рушду тавсеаи муштаракоти дуҷонибаю бисёрҷониба ва таҳкими робитаҳои шарикию ҳамсоягии нек дар соли 2016, ҳамчунин, дидору мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе ва дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бо роҳбарону намояндагони воломақоми давлатии кишварҳои хориҷӣ, ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, ниҳодҳои дипломатию сиёсати хориҷӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳои молиявию иқтисодии байналмилалӣ ва қабули эътимодномаҳои сафирони навтаъйини як қатор мамолики хориҷӣ нақши муассир гузоштаанд.
Дар соли таърихии 2016 дар баробари истиқболи сазовори Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар санаҳои фархунда, аз қабили Наврӯз, Рӯзи Модар, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Парчами давлатӣ, Рӯзи Ғалаба, Иди саиди Фитр ва Иди Қурбон таҷлил карда шуданд, ки дар тантанаҳои ҷашнии аксари онҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Ҳамчунин, Пешвои миллат тавассути паёмҳои шодбошии телевизионӣ мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ин санаҳои фархунда табрику таҳният гуфтанд.
Ҳаминтавр, бояд зикр намоем, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон хусусиятҳои фарқкунандаи соли 2016 аз солҳои дигари соҳибистиқлолӣ ба маротиб бештару назаррастар мебошад. Дар ин соли истиқболи сазовор аз 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат таҳаввулоти ҷиддӣ ва беназир ба вуқӯъ пайвастанд:
Якум: бо дастгирию таваҷҷуҳ ва талошҳои доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ба татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи САSА - 1000 оғози расмӣ бахшида шуд, ки рамзи шурӯи ҳамкориҳои воқеӣ байни кишварҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ буда, аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дорад.
Дуюм: роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, ки дорои аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ мебошад, маҳз бо иқдомоти созанда ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ба истифода додани ин роҳи оҳан дар қатори дигар дастовардҳои даврони истиқлолият барои боз ҳам беҳтар шудани некуаҳволии сокинони мамлакат ва пешрафту тараққиёти иқтисоди миллии Тоҷикистон нақши басо муҳиму арзишманд гузошта, ба рафтуомади осону арзони мусофирон ва боркашонӣ аз марказ ба ҷануби мамлакат ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,
доктори илмҳои таърих, профессор,
Самариддини Айниддин,
муовини роҳбари Хадамоти матбуоти
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.01.2017    №: 16    Мутолиа карданд: 2024

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед