logo

иҷтимоиёт

ДОРУСОЗӢ. АЗ ИМКОНИЯТҲОИ ХУДӢ ИСТИФОДА НАМЕБАРЕМ, ЧАРО?

Истеҳсоли доруи хушсифати табобатӣ бо истифода аз имкониятҳои табиии мамлакат ва ба ин васила коҳиш додани воридоти он аз хориҷ яке аз масъалаҳои мубрам мебошад, ки дар  Паёми  навбатии Пешвои миллат,  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид.  «Назорати қатъии сифати доруворӣ  яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Зеро то ба ҳол доруворӣ асосан аз хориҷи кишвар ворид шуда, сифати он дуруст муайян карда намешавад. Аз ин лиҳоз, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки ҷиҳати бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани озмоишгоҳи ташхиси маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ чораҷӯӣ карда, якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ доир ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли дору ва рушди саноати дорусозӣ бо ҷалби сармояи мустақим ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намояд», -  изҳор  доштанд дар ин бора Президенти кишвар.

Ҳамчунин, Роҳбари давлат ба вазорату идораҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор додани масъалаи сабуксозии андозҳоро дар фаъолияти фармасевтӣ дастур доданд. Ин иқдом боиси ҳавасмандии ширкатҳои ватанӣ ба истеҳсоли дору гардида, дар оянда ба афзоиши маҳсулоти соҳа ва содироти он мусоидат хоҳад намуд. Соли  гузашта  содироти маводи биологӣ  аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ  афзуда, дар  ҷумҳурӣ  аз ҷониби  22  корхонаи ватанӣ  истеҳсоли зиёда аз 200 номгӯйи   маҳсулоти табобатӣ ба роҳ монда  шуд. Аммо истифодаи имкониятҳои табиии мамлакат барои дорусозӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти он қонеъкунанда  нест. Наздики 90 дарсади дору аз хориҷи мамлакат ворид мегардад ва сифати бисёри онҳо дар сатҳи паст қарор дорад. Ҳол он ки дар гӯшаю канори мамлакат беҳтарин навъҳои гиёҳу рустаниҳои шифобахш мерӯянд. Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи дорусозӣ, аз 4 ҳазору 500 навъи рустаниҳои худрӯе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, 1 ҳазору 500 - тои онҳо шифобахшанд. Мутаассифона, парвариш ва коркарди онҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст, дар ҳоле ки талаботи корхонаҳои дорусозӣ ба гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон хеле зиёд аст.
Маҳмудшоҳ Кабиров, доктори илмҳои тиб, изҳор намуд, ки Президенти мамлакат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаи эҳёи суннатҳои миллӣ, аз ҷумла, тибби халқӣ аз солҳои аввали соҳибистиқлолии давлат таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Олимону мутахассисони варзидаи соҳа, назири Юсуф Нуралиев, Муллозуҳур Тоҳирӣ,  Анвар Исомуддинов ҳанӯз солҳои навади асри гузашта  барои эҳёву инкишофи  тибби анъанавии миллӣ заминаи устувор гузоштанд.
Имрӯз мо  аз рӯйи имкониятҳои илмӣ ва табиие, ки дорем, метавонем табобати тибби анъанавӣ ва истеҳсоли доруҳои худиро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ монем. Дастуру супоришҳои Роҳбари давлат доир ба рушди фаъолияти фармасевтӣ  ва коҳиш додани воридоти дору аз хориҷ ба заминаҳои воқеии  илмӣ  ва имкониятҳои васеи табиӣ асос ёфтааст.  Агар вазорату  идораҳои марбута ва  ширкатҳои дорусози ватанӣ дар ҳамкорӣ бо олимони соҳаи тибби  кишвар  дар такя ба дастовардҳои илмӣ ва навъҳои беҳтарини гиёҳҳо  бахши дорусозиро дар ҷумҳурӣ  ривоҷ диҳанд, аз ин ҳисоб манфиати чандкарата хоҳанд гирифт.  Маблағгузорӣ ва ҷалби сармояҳо ба ин самт самараи бузург дар пай хоҳад дошт. 
Гиёҳшифоӣ яке аз самтҳои асосии тибби шарқ мебошад, ки ба он нобиғаи илми тиб -  Абуалӣ Ибни Сино  асос гузоштааст. Табобат ба воситаи миҷоз  дар меҳвари тибби мардумӣ  қарор мегирад. Дар натиҷаи  ковишҳо ва ҷустуҷӯйҳои илмӣ  аён гашт, ки як қисми муҳими тибби халқии Чинро дастоварду ихтирооти олимони ориёитабор ташкил медиҳанд. Пас, чаро мо бо истифода аз  шароити мусоид натиҷаҳои илмии  хешро дар истеҳсолот ҷорӣ  намуда,  бозори дохилӣ ва ҳам  кишварҳои дуру наздикро бо маҳсулоти табобатии тоҷикӣ  таъмин насозем?
Далелҳои зиёде мавҷуданд, ки доруҳои воридотӣ, бо вуҷуди нархи баланд доштан, аз ҷиҳати сифат ҷавобгӯйи  талабот нестанд.  Аз ин рӯ, агар  масъулон барои ташкил кардани омӯзишгоҳ ва парвариши гиёҳҳои шифобахш дар шаҳру навоҳии мамлакат мусоидат кунанд, барои беҳбудии сиҳатии мардум  қадами ҷиддие хоҳад буд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2017    №: 17    Мутолиа карданд: 2190

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед