logo

иҷтимоиёт

ПОКИИ ОБ ТОЗАГИИ САЙЁРА АСТ

Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам, захираи бузургест, ки ҷаҳону зиндагониро таровату сарсабзӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, рустаниву инсоният, хоса зиндагии пурбаракати ҳама ба об вобастагӣ дорад.
Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй, сохтани манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инсон бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ меронад. Об турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, тайёр кардани қоғаз, собун, нонпазӣ, нӯшокиҳои гуногун ва корҳои дигар истифода мебаранд. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин нигоҳ медорад.
Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз қадимулайём  об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки нахустини онҳо об аст. Мо вазифадорем ин неъмати бузургро чун асоси ҳастӣ, чароҳи равшанидиҳанда, созгори дунёи  ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки онро ифлос гардонад, ба он партовҳо партояд ё ягон амали носазое раво бинанд, зеро бузургон гуфтаанд:

Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок.

Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки манбаи нуру рӯшноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист:

Об бошад, гавҳари қиматтар аз лаълу гуҳар,
Покии ҳар қатраи он - покии хайрулбашар.

Ба гуфтаи Расули Акрам (с), «Об ҳақиқатан поккунанда  ва  асоси  ҳастист».
Имрӯз диққати ҷомеаро ҳалли  мушкилоти оби тоза ба худ ҷалб намудааст. Боиси сарфарозист, иқдоми наву наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҳамовозӣ пайдо намуд ва Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018 - 2028 - ро қабул намуд. Ин омил, боз як  нишонаи муҳими он аст, ки ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавии ҷаҳони имрӯза оид ба об яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати мост ва ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами мо ба хотири  саодати сокинони тамоми сайёра ва дастрасии онҳо ба оби тозаи нӯшиданӣ равона гардидааст.
Ҷамил ВАЛИЕВ,
корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2017    №: 17    Мутолиа карданд: 2031

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед