logo

иқтисод

ТАДҚИҚОТ НИШОН ДОД, КИ …

Азбаски манбаи асосии захираи обҳои мусаффои Тоҷикистон - кӯҳҳои баланди барфпӯш ва пиряхҳои азим мебошанд, ҳифз ва нигоҳдории онҳо тавассути назорат ва санҷиши мунтазами вазъи обу ҳаво, вазъи кӯлу дарёҳо, гузарондани мониторинги ифлосшавии муҳити зист, пешгӯӣ ва муайян кардани ҳолати захираҳои обӣ аз ҷониби Агентии обуҳавошиносӣ бомаром ҷараён дорад.
Барои пешниҳоди маълумоти саҳеҳ ва саривақтӣ оид ба манбаъҳои захираи об марказҳои агентӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин шуда истодаанд. Маркази яхшиносии агентӣ низ дар доираи лоиҳаи мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ бо таҷҳизоти навъи «С» қабили либоси корӣ, асбобҳои барфсанҷӣ ва тармасанҷӣ, ҳамчунин, дигар таҷҳизоти корӣ таъмин гардид. Марказ дар давоми шаш сол бо 14 корманд ва дигар сохторҳои агентӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи пиряхҳо, кӯлҳо, кӯлҳои баландкӯҳ, пешгӯии омадани сел ва фаромадани тарма, ҳамчунин, ба омӯзиши ҳолати барф ва қонунияти тақсимоти боришот машғул мебошад. Масалан, баъди танаффуси тӯлонӣ, яъне, 10 сол соли 2016 пиряхи Федченко (ҳавзаи дарёи Муксу) бо суратгирии ҳудудҳои поёнӣ ва мушоҳидаҳои аэровизуалӣ тавассути чархбол, ҳамчунин, тадқиқотҳо оид ба ҳолати умумии пиряхҳо бо дастгирии ташкилоти байналмилалӣ (ФОКУС) оид ба ёрии башардӯстона дар Тоҷикистон мавриди тадқиқоти мутахассисони агентӣ қарор гирифт.
Абдурашид Тағойбеков, сардори Маркази яхшиносии агентӣ, ки дар экспидитсияи омӯзишӣ ширкат варзид, дар хусуси натиҷаҳои тадқиқот гуфт, ки айни ҳол дар қисмати поёнии пирях дар масофаи 6 - 8 километр таркишҳо, нишонаҳои селовардҳо ба назар мерасанд. Яке аз шохаҳои асосии пиряхи Федченко пиряхи Бивачний дарозии зиёда аз 20 километр дорад. Ҳоло қисми поёнии пирях дар дарозии 4 - 5 километр ба таркишҳо ҷудо шуда, бо кӯлҳои бисёри яхин пӯшонда шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки пиряхи бузурги кишварамон дар ҳаракати фаъол қарор дорад, аммо нисбат ба дигар пиряхҳои назоратӣ камтар тағйир ёфтааст.
Феълан барои муайян кардани захираи барф дар соли 2017 аз ҷониби кормандони соҳа корҳои омӯзишӣ оғоз гардида, то моҳи март идома меёбанд. Бо вуҷуди ин, фаъолияти соҳа бо назардошти таъминот бо техника ва технология ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Рушди системаи мушоҳидаҳои комплексӣ, ташкили шабакаҳои худкори нуқтаҳои назоратии қабати барф ва миқдори боришот дар минтақаҳои дурдаст, ҳамчунин, такмили низоми мониторинги кайҳонӣ барои идоракунии ҷараёни селу тарма тавассути тақсимоти боришоту қабати барф ҷиҳати пешгирии сар задани офатҳои табиӣ нақши пешбаранда доранд. Барои амалисозии нақшаҳои пешбарандаи соҳа феълан дар ҷумҳурӣ “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2030” амал мекунад.
Итминони комил аст, ки дар давоми 13 соли минбаъда, яъне, дар раванди татбиқи пурраи барнома то соли 2030 ҳамаи соҳаҳои марбут ба ҳифзи табиат бо техникаю технологияи муосир ва мутахассисони тавонманди кор бо ин навгониҳо таъмин гардида, рушди соҳа такони ҷиддӣ меёбад.
О. ВАФОБЕКЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2017    №: 17    Мутолиа карданд: 1478

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед