logo

сиёсат

2016 - СОЛИ РУШДИ САНОАТ БА ХОТИРИ ФАРДОИ БОСАОДАТ

Сеюм: дар шаҳри Ваҳдат корхонаҳои металлҳои ранга ва ғанигардонии маъдани «Покрӯд» ба истифода дода шуданд. Ба фаъолият оғоз кардани ин корхонаҳо аз ҷумлаи иқдомҳои созандае мебошанд, ки дар баробари тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат, ҳамчунин, дар масъалаи таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои кори доимӣ аҳамияти назаррас доранд. Дар ҳар ду корхона зиёда аз 1100 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷойи кор таъмин шудаанд ва солҳои оянда вобаста ба афзудани иқтидорҳои истеҳсолӣ шумораи ҷойҳои нави корӣ бамаротиб зиёд мегардад.Танҳо дар сурати пурра фаъол гардидани истеҳсолот дар корхонаи ғанигардонии маъдани «Покрӯд» имконият фароҳам оварда мешавад, ки то 2 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гарданд;
дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи азими сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр - Суғдсемент» бо иқтидори беш аз як миллион тонна ва 1300 ҷойи нави корӣ, дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чжунгтсай Моҳирсемент” бо иқтидори 1 миллиону 200 тонна ва наздик ба 850 ҷойи корӣ бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд;
дар ноҳияи Ёвон, ҳамчунин, корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат ба истифода дода шуд, ки аз иқдомҳои бузург ва талошҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди бемайлони соҳаи саноат, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, паст кардани шиддати воридоти маҳсулоти хориҷӣ ба Тоҷикистон ва афзун намудани нишондиҳандаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад;
дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон навбати аввали маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии “Ҷунтай - Данғара Син - Силу текстил” ифтитоҳ ёфт, ки дар бунёди марҳалаи якуми он 600 миллион сомонӣ сармоягузории мустақим ҷалб шуда, 600 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Ин корхона 3 даври пурраи коркарди пахтаро фаро гирифта, дар он истеҳсолоти ресандагӣ бо коркарди беш аз 52 ҳазор тонна нахи пахта, бофандагӣ бо истеҳсоли зиёда аз 150 миллион метри мураббаъ матои пахтагин, рангуборкунии 10 ҳазор тонна ришта ва даври ниҳоӣ - дӯзандагӣ бо истеҳсоли як миллион дона маҳсулоти тайёр пешбинӣ гардидааст. Дар оянда баробари ба анҷом расидани марҳилаҳои дуюм ва сеюми корхона дар маҷмӯъ 6 ҳазор нафар сокини мамлакат соҳиби ҷойи корӣ мегардад;
дар шаҳри Ҳисор "Комбинати металлургии тоҷик" мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ин корхонаи азими саноатӣ аз 6 сехи истеҳсолӣ иборат буда, соли аввал 120 ҳазор тонна маъдан истеҳсол ва коркард мекунад ва нишондиҳандаи истеҳсолӣ солҳои оянда то ба 200 ҳазор тонна расонда мешавад.
Чаҳорум: бо иштирок ва саҳмгузории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони сарбанди бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ - Неругоҳи барқи обии Роғун, ки барои давлату миллат иншооти ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад, оғози расмӣ бахшида шуд.
Панҷум: маркази барқу гармидиҳии «Душанбе - 2» пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, баробари ба истифода додани навбати дуюми марказ бо иқтидори 300 мегават, иқтидори умумии он якҷо бо навбати аввал ба 400 мегават баробар шуд.
Шашум: натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзишу тарбияи ҷисмонӣ дар соли 2016 самари дилхоҳ оварданд. Дар ин соли таърихӣ варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио – де - Жанейрои Бразилия ғолибият бадастоварда, сазовори медали тилло гардид. Ба медали тиллоии мусобиқоти ҷаҳонӣ ноил шудани Дилшод Назаров дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат рӯйдоди фараҳбахшу беназир буда, Тоҷикистонро машҳури ҷаҳон гардонд ва Парчами миллии давлати тозаистиқлолро партавафшону мардуми шарафманди ин сарзаминро дар сайёра боз ҳам ифтихорманду сарбаланд кард. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 22 августи соли 2016, Дилшод Назаров барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI  тобистонаи олимпии Рио - де - Жанейро - 2016 бо мукофоти давлатӣ ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонда шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба Дилшод Назаров сесад ҳазор сомонӣ тақдим намуданд, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 24 августи соли 2016, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.
Ҳафтум: дар рӯзҳои охири соли 2016 бо қатъномаи СММ ва ҷонибдории беш аз 190 кишвари ҷаҳон ташаббуси нави башардӯстонаю ҷаҳонии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 - 2028 қабул шуд ва Сарвари давлат бо ин ташаббуси беназири ҷаҳонии худ бори дигар мақому манзалати Тоҷикистон ва обурӯю шуҳрати мардуми сарбаланди онро дар арсаи байналмилалӣ бештар гардонд.
Дар маҷмӯъ соли 2016, новобаста аз ҳама мушкилоту душвориҳо, соли барои давлату миллати тоҷик сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, дар ин сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ба таъмини зиндагии шоистаи мардум, пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва пешгомӣ дар ҳалли масоили мубрами минтақа ва ҷаҳон муваффақ шаванд ва кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ аз пештара бештар машҳур гардонанд.
Таъкид намудан бамаврид аст, ки бунёди иншооти хурду бузурги таъйиноти иқтисодӣ, саноатӣ, энергетикию иҷтимоӣ ва умуман, кулли дигаргуниву ободонӣ ва созандагиҳои Тоҷикистон дар соли 2016 баракати сиёсати бобарору созандаи иқтисодию иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самараи истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаи сокинони мамлакат мебошанд, ки танҳо ба хотири пешрафту тараққиёти бемайлону босуботи Тоҷикистон амалӣ шудаанд.
Пешравию дастовардҳои беназири соли 2016 ва умуман муваффақиятҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ, ки бо заҳмату талошҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, аз ҳар яки мо - шаҳрвандони ин сарзамини бостонӣ шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ, суботу оромӣ, рӯзгори ободу осоишта ва заҳмати бештарро барои ояндаи боз ҳам босаодати Ватан тақозо менамоянд.
Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,
доктори илмҳои таърих, профессор,
Самариддини Айниддин,
муовини роҳбари Хадамоти матбуоти
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2017    №: 17    Мутолиа карданд: 1864

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед