logo

иқтисод

НИҲОЛШИНОНӢ БА МАЪРАКАИ ОММАВӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД

Ниҳолшинонӣ торафт вусъат ёфта, ба маъракаи оммавии умумиҷумҳуриявӣ мубаддал мегардад. Ин иқдомро аввали соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинондани чанд ниҳол бо дасти худ ҳусни оғоз бахшиданд. 14 январ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо чор ноҳияи он ва ҷавонони пойтахт дар доираи иқдоми «75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон» таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад» дар паҳлуи пиёдароҳҳои  хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию истироҳатӣ ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинонданд. Ин ташаббуси ободгароёнаи ҷавонон ба истиқболи  20 – солагии Ваҳдати миллӣ ва «Соли ҷавонон» роҳандозӣ гардида, то 15 март  идома меёбад.
Тавре Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, зимни ифтитоҳи ярмаркаи ниҳолу гулбуттаҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа зикр кард, имсол 26 хоҷагии ниҳолпарвари вилоят зиёда аз 2 миллион бех ниҳол парвариш карда, беш аз 1 миллион бехи онро, ки дорои сертификати сифат мебошанд, ба фурӯш мебароранд. Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон низ ярмаркаи фурӯши ниҳолу буттаҳо ва маъракаи ниҳолшинонию сабзкорӣ оғоз ёфт.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода якҷо бо кормандони мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳашари  мардумӣ баромада, дар боғи нави фарҳангию истироҳатӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд бунёд меёбад, аввалин ниҳолу буттаҳои ороиширо  шинонданд.
Ҳамчунин, дар  нахустин рӯзҳои  офтобии моҳи январ ҳазорҳо сокинони вилоят, ки аксарашон ҷавонон буданд, ба маъракаи мардумии сабзкорӣ баромаданд. Соли равон, тибқи нақша, дар гулгашту хиёбон ва боғҳои шаҳри Хуҷанд беш аз 800 ҳазор дона гулҳои садбаргу лолаи навъҳои беҳтарини  ватанию ҳолландӣ ва беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишию ҳамешасабз шинонданианд. Обдиҳии гулу ниҳолҳо, тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд, бо усули қатрагӣ ҷараён мегирад, ки ин ба сарфаи об ва сабзиши хуби гулу ниҳолҳо мусоидат менамояд. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истиқболи Ҷашни 20 – солагии Ваҳдати миллӣ ва «Соли ҷавонон» маъракаи «120 рӯзи ободонӣ ва сабзкорӣ» роҳандозӣ гардидааст. Ҳадаф аз он боз ҳам ободу зебо намудани  диёр аст. Дар ҳашарҳои  то ин дам баргузоршуда дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд – Бобоҷон Ғафуров ва мавзеъҳои дигари ноҳия  беш аз 2000 бех ниҳоли ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шуд.
Дар шаҳри Ваҳдат маъракаи «75 рӯзи ниҳолшинони ҷавонон» - ро нахуст ҷавонони шаҳр оғоз намуда, шоҳроҳи Ваҳдат – Файзобод – ро бо шинондани 280 бех ниҳоли ороишӣ дар шафати он ҳусну оро доданд.
Маърака дар шаҳру навоҳии дигари кишвар низ рӯз то рӯз вусъат меёбад. Тибқи иттилои директори КВД «Ниҳолпарвар» Ю. Қурбонов, хоҷагиҳои ниҳолпарвари ин корхона тирамоҳи соли гузашта 1389152 бех, аз ҷумла 836582 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, ҳамчунин, 2974, 3 кг донаку тухми  дарахтони себ, нок, биҳӣ, зардолу, шафтолу, бодом, олуча, чормағз, хурмо ва 70, 5 кг тухми дарахтони ҳамешасабзу сояафканро барои фурӯш омода намудаанд.
А. САЙВАЛӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2017    №: 17    Мутолиа карданд: 1646

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед