logo

ҳуқуқ

МИЛИТСИЯ БА АМАЛҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ПОСУХИ САЗОВОР МЕДИҲАД

Боздошти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ҷилавгирӣ аз қасди ҳамлаҳои террористӣ, ишғоли худсаронаи қитъаҳои замин, афзоиши ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, эҷоди мафкураи зиддиифротгароӣ, пардабардорӣ аз рӯи ҷиноятҳои қаблан содиршуда, ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар суҳбати вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо хабарнигорон матраҳ гардиданд.
Бино ба иттилои вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, соли 2016 дар ҷумҳурӣ 21 ҳазору 756 ҷиноят сабт шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба як соли пеш 171 адад зиёд аст. Дар ин давра 4082 ҷинояти вазнин, аз ҷумла 93 одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, таҷовуз ба номус, қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ содир шудааст. Гузашта аз ин, 724 ҷинояти солҳои пеш содиршуда ошкор, беш аз 1,5 ҳазор шахсони дар кофтуков қарордошта дастгир ва 698 нафари бенишон гумшуда муайян гардиданд.
Кормандони ниҳодҳои вижаи мақомоти корҳои дохилӣ дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ва амалиётҳои махсус 34 гурӯҳи муташаккил дар ҳайати 169 нафарро муайян ва боздошт намуда, ҳамзамон аз қасди анҷом додани 36 ҳолати амали террористӣ ҷилавгирӣ карданд. Дар доираи тақвияти мубориза бо терроризму ифротгароӣ соли гузашта 464 нафар аъзои созмонҳои террористӣ боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаи таъсирбахши корҳои таблиғотӣ алайҳи терроризму ифротгароӣ зикр шуд, ки соли гузашта мизони шомилшавии ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои тундрави террористӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Вазири корҳои дохилӣ омили асосии канорагирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро дар тавсеаи корҳои идеологӣ, чорабиниҳои маърифатӣ-ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ арзёбӣ кард. Ба қавли ӯ, чунин тадбирҳо сатҳи огоҳии шаҳрвандонро баланд бардошта, дар шинохти чеҳраи аслии ҳизбу ҳаракатҳои террористиву гурӯҳҳои ифротгаро мусоидат кардааст. Дар давоми як соли охир 37 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таълимии динии хориҷӣ таҳсил мекарданд, ба Ватан баргардонда шуданд. Ин амр дар пайи васеъ ба роҳ мондани чораҳои тарбиявӣ, вохӯриҳои инфиродии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо падару модарон даст додааст.
Новобаста аз он ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Конститутсия замин, сарватҳои зеризаминӣ, боигарии табииро ҳамчун моликияти истисноии давлат эътироф кардаву танҳо истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат додааст, вале истифодаи ғайримақсадноки замин ва сарватҳои табиӣ ҳамоно боиси ташвиш аст. Чунончи, соли 2016 аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 402 ҷинояти худсарона ишғол, 20 ҷинояти қаллобии марбут ба замин, 5 ҳолати сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷати истифода ошкор шудааст. Ҳамзамон, 21 ҷинояти марбут ба қочоқи металл ва сангҳои қимматбаҳо ошкор гардида, ба миқдори 18 килограмму 359 грамм сангҳои навъи ёқути сурх, лаъл, тилло, нуқра ва дигар маснуоти тиллою заргарӣ мусодира гардида, арзиши онҳо наздик ба ду миллион сомонӣ ҳисоб шудааст. Дар нишаст аз мусодираи 21 килограмму 285 грамм моддаи заҳролуди симоб низ хабар дода шуд, ки арзиши ҳар килограмми он дар бозори сиёҳ 20 ҳазор доллари амрикоӣ ва маблағи умумии ин миқдор симоб 425 ҳазору 700 доллар арзёбӣ мешавад.
Соли 2016 дар пайи амалиёти муштараки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ нисбат ба 1065 шаҳрванди хориҷӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Бо ҷурми риоя накардани қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон беш аз 1 миллиону 78 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шуда, 169 нафар радди марз гардидааст.
Ҳарчанд қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар маҷмӯъ натиҷаҳои чашмрасу манфиатбор ба дунбол дорад, вале ҳолати риоя накардани меъёрҳои он аз ҷониби бархе волидон, омӯзгорон ҷойи нигаронӣ дорад. Мақомоти салоҳиятдори давлатӣ татбиқи босамари ин санади меъёрии ҳуқуқиро пайгирӣ намуда, нисбат ба 14 ҳазору 637 падару модар ва омӯзгоре, ки уҳдадориҳои худро дар ин самт сарфи назар намудаанд, бо дастрасии моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, барои дидани чораҳои қонунӣ ба суд ирсол кардаанд.  Дар натиҷа 8 ҳазору 548 нафар ба маблағи 864 ҳазору 225 сомонӣ ҷарима шудааст.
Вазири корҳои дохилӣ аз сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон нигаронӣ карда, изҳор дошт, ки барои пешгирӣ ва коҳиш додани мизони ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон ба ниҳодҳои дахлдори вазорат дастурҳои  мушаххас дода шудааст. Мутаассифона, соли гузашта бар асари 1323 садамаи нақлиётӣ 427 нафар ҷон бохта, 1415 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ 6553 ронандаро дар ҳолати мастӣ, 46584 нафари дигарро бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ боздоштанд. Аз ҳисоби ҳамаи ҷаримаҳои қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ беш аз 18 миллион сомонӣ ба буҷет ворид шудааст.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2017    №: 18    Мутолиа карданд: 2752

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед