logo

иҷтимоиёт

БОХТАР. РӮЗИ ҚАБУЛИ САЙЁР

Рӯзи қабули сайёри шаҳрвандон дар ноҳияи Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, ки дар назар буд тӯлонӣ баргузор гардад, пас аз шунидану баррасӣ гаштани мушкилоти ҳамагӣ ҳафт нафар зуд ба итмом расид.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар рӯзи қабули сайёри шаҳрвандон нахуст арзу шикояти сокинони ноҳияро шунид. Аз ҷумла,Тоҳир Исоқов, сарвари хоҷагии деҳқонии “Парвиз. Бахтиёр” - и деҳоти Заргар ба раиси вилоят арз кард, ки мехоҳад дар заминҳои ҳудуди хоҷагиаш гармхонаи лимӯпарварӣ созад. Хоҳиш намуд, ки барои анҷоми ин кор иҷозат диҳанд.  “Мақсад дорем, ки дар масофаи ду километр роҳи дохили деҳаро мумфарш кунем. Барои ин ба мо техникаю механизмҳои роҳсозӣ заруранд”, -  иброз дошт сокини деҳаи Малик Гиёеви деҳоти Ориён Абдулхалил Мунавваров. Сокини деҳоти Меҳнатобод Суннатулло Ҳабибов  гуфт, ки ниёз ба қитъаи замин дорад. Рустам Мирзохонов, сокини деҳаи Меҳрободи деҳоти “Сарвати Истиқлол” ба ин мазмун муроҷиат намуд, ки мехоҳад саҳми заминашро аз ҳисоби хоҷагии деҳқонии “Фирӯз” ҷудо карда, хоҷагии алоҳида ташкил диҳад. Шаҳрванд Назар Исмоилов тазаккур дод, ки дар деҳаи Саричашмаи деҳоти Навбаҳор бо тарзи ҳашар бунгоҳи тиббии чорҳуҷрадор сохтаанду барои таҷҳизонданаш маблағ надоранд.
Раиси вилоят пас аз суҳбат бо ин ва дигар корафтодагон муайян кард, ки онҳо барои ҳалли мушкилоти худ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия як ҳафта ё 12 - 15 рӯз пеш муроҷиат кардаанд.
- Шумо, пеш аз ҳама, бояд ҳалли мушкилатонро аз ниҳодҳои ноҳиявӣ тақозо карда, ҳадди ақал як моҳ интизори посухи онҳо мешудед. Пас аз ин, агар мушкилатон осон намешуд, ба мо муроҷиат менамудед, - изҳор дошт раиси вилоят.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба идораҳои ноҳиявию вилоятӣ баҳри ҳалли саривақтии мушкилоти мардум дастуру супоришҳои мушаххас дод. Зикр сохт, ки аз дафъаи қаблии рӯзи қабули сайёри шаҳрвандон ду сол гузашта бошад ҳам, шумораи муроҷиаткунандагон ба ҷойи зиёд шудан, ниҳоят кам аст. “Соли гузашта аз ноҳияи Бохтар ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 180 ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 300 мактуби шикоятӣ ворид гардида буд. Ҳамон одамон дар куҷоянд, ки арзашонро шунавем?”, - суол гузошт ба аҳли 300 - нафараи толор раиси вилоят. Вале, ба ин пурсиш касе посух надод.
Дар ҷамъбаст раиси вилоят аз сатҳи пасти корбарию коргузорӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар изҳори нигаронӣ карда, инро ба мавҷуд набудани тартибу низом ва эҳтирому масъулият марбут донист. Дар ин росто, роҳбарон муваззаф шуданд, ки дар соли ҷорӣ фаъолияти худро ба таври пурсамар ба роҳ монда, дар рушди устувори мамлакат саҳми арзанда гузоранд.
Зокир ҲАСАН,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2017    №: 18    Мутолиа карданд: 1956

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед