logo

иҷтимоиёт

ФАРЗАНДИ ПАДАР

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1994 дар айёми нобасомониҳо зимни сафари корӣ ба ноҳияи Лахш (он вақт – Ҷиргатол) ва мулоқот бо сокинон  баробари ба муттаҳидӣ даъват кардани мардуми парешонгашта  аз олими маъруф Ҳаким Шоҳимардонов, ки умри пурбаракати худро сарфи илм ва тарбияи шогирдон намудааст, ёдоварӣ намуда, дар ҳақаш  суханони нек гуфтанд.  Ӯро Президенти мамлакат  аз ҷумлаи нафарони поксиришту баландмаърифат донистанд.  Ёдоварии  Сарвари давлат аз ҳаёту фаъолияти номбурда ба фарзандони ӯ нерую илҳом бахшид.
Фурқат - фарзанди Ҳаким Шоҳимардонов баҳри ободии диёри худ  имрӯзҳо корҳои назаррас ба сомон мерасонад. Барои таъмини сокинони ин минтақаи кӯҳистон бо оби ошомиданӣ, таъмиру бунёди муассисаҳои таълимии деҳот ёрӣ расонд. Бунёди  хати оби нӯшиданӣ барои бошандагони деҳаи Яраш  ва  таъмиру бунёди  муассисаҳои таълимӣ дар деҳоти Саракенҷаю Сартоло  аз зумраи корҳои созандагии  номбурда мебошанд. Аз баракати меҳнати ӯ ҳоло  қисме аз аҳолии рустоҳои дурдасти минтақа бо оби фаровони нӯшиданӣ ва обшорӣ таъминанд. Хонандагоне, ки солҳои пеш масофаҳои дурро, хусусан дар зимистони қаҳратун,  тай намуда, ба мактаб мерафтанд, акнун бо ҳиммати ин марди нексиришт  соҳиби таълимгоҳи наванд.
Ориф Тоиров, сокини ноҳия, изҳор намуд, ки созандагию ободкорӣ аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва  хайрхоҳии Фурқат Шоҳимардонов шаҳодат медиҳад. Ӯ  аз зумраи ҷавонмардонест, ки дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат дар деҳоти дурдасти ноҳияи Лахш  ҷиҳати ободию зебоии маҳаллаҳо корҳои шоиста анҷом додааст. 
- Пайравӣ ба амалҳои ҷавонмардона ва созандагии Президенти мамлакат бароям  мояи сарфарозист. Ҳарфҳои неки Сарвари давлат дар бораи қиблагоҳам – Ҳаким Шоҳимардонов ҳангоми нахустин сафари кориашон  ба ноҳия  мӯҷиби дилбастагии банда ба ободкорӣ гардида, ба созандагиву меҳнати шарафмандона водорам сохт. Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат  ҳамеша сармашқи корам мебошанд. Дар заминаи тадбиру чораҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳоло соҳибкорон аз фазои мусоид бархӯрдоранд. Бовар дорам, ки сафи шахсони ободкор ва саховатпеша сол аз сол меафзояд, - гуфт Фурқат Шоҳимардонов.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2017    №: 19    Мутолиа карданд: 1908

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед