logo

фарҳанг

САДА - ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР

Пайдоиши ҷашни Сада бидуни тардид ба пайдоиши Оташ иртиботи ногусастанӣ дорад. Дар байни ориёиҳои ҳиндуэронӣ ривоят ва достонҳои зиёд дар бораи Оташ ва чӣ тавр пайдо шудани он арзи ҳастӣ намудааст ва роиҷтарини он ривояти Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» мебошад.

Тибқи он ҳангоми шикори шоҳи пешдодӣ Ҳушанги номвар мори сиёҳ намудор мешавад. Ӯ сангеро гирифта, ба ҷониби он мор партоб мекунад. Санг ба мор намерасад. Санг ба санги дигар бархӯрда, аз онҳо оташак парида, хасу хошоки гирду атроф оташ мегирад. Оташ забона зада, мор мегурезад:
Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳамону ҳамин санг бишкаст гурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг…
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр!

Муҳаққиқону пажӯҳандагони ҷашнҳои ориёӣ бар онанд, ки чун нур рӯшноӣ, Оташу Хуршед мазҳари Аҳуроӣ аст, ҳамин ки оташ афрӯхта мешавад ва Хуршед нурафшону гармидиҳӣ мекунад, торикӣ, ки мазҳари Аҳриман аст, фурсати зараррасонӣ наёфта, роҳи гурезро пеш мегирад. Ба ҳамин ҷиҳат, Оташ дар фарҳанги бостонии мардумони ориёӣ дар маънии маҷозиву маънавӣ аҳамияти фаровон дорад.
Баъди аз ҷониби шоҳи пешдодӣ Ҳушанг кашф гардидани Оташ ва мавқеву манзалати он дар рӯзгори ориёиҳои эронитабор ин эзиди Худовандӣ ба парастиш табдил меёбад ва ба ҷашни оташ – Сада мубаддал мегардад. Бояд тазаккур дод, ки вожаи Сада марбут ба рақами сад аст. Аз он даврон панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз, ки ба ҷашни Наврӯз мемонд, ин ҷашнро созмон медоданд. Ангезаҳои ривоятӣ ва достонии ҷашни Сада низ монанди ҷашнҳои дигар мансуб ва марбут ба оташ аст. Баъзе сарчашмаҳо Садаро ба фаъолияти Ардашери Бобакон ва баъзе таърихнигорон мансуб ба Каюмарс, ки дар ислом ӯро ҳазрати Одам маънидод намудаанд, мутааллиқ медонанд. Тибқи ин ривоят гӯё чун адади фарзандони Каюмарс ба сад мерасад, оташи фаровон афрӯхта, дар атрофи он ҷашни бузург созмон медиҳанд ва онро Сада меноманд. Ҳамин ривоят дар баъзе сарчашмаҳо марбут ба ҳазрати Одам алайҳиссалом ба назар мерасад. Инчунин Манучеҳрии Домғонӣ дар яке аз қасидаҳояш аз Исфандиёру Каюмарс ёдгор мондани ҷашни Садаро низ ишора намудааст.
Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,
Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад.
З-он барфурӯз, ки имшаб андар ҳисор бошад,
Ӯро ҳисор, миро, чархи уқор бошад.

Дар баъзе ривоятҳои устуравӣ пайдоиши ҷашни Садаро ба фаъолияти шоҳ Фаридун ва даврони салтанати ӯ низ нисбат медиҳанд. Заҳҳок, ки шоҳи ҷоҳил ва одамхор буд, ҳар рӯз барои морони китфи ӯ ду нафар шахсони бегуноҳро ба шаҳодат расонда, аз мағзи сари онҳо барои моронаш ғизо таҳия мекарданд.
Шоири қасидасарои қарни ХI Унсурӣ фармудааст:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Аз Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

Тибқи иттилои Ибни Мискавайҳ дар даврони бостон, хосатан, дар аҳди Сосониён барои бошукӯҳу аҷибу ғариб гузаштани ҷашни Сада дар талу теппа ва ҷойҳои баланди шаҳрҳо ҳезумҳои бисёреро болои ҳам чида, онҳоро бо тасмаҳои оҳанин мебастаанд. Дар болои ҳезум ва маводи сӯхт парандаҳои гуногунро аз пояшон мебастанд. Чормағзро кофта, дарунашро бо пахтаи нафтолуд пур мекарданд ва бо сими борик ба пойҳову гардани парандагон овезон мекарданд. Дар базмгоҳ сутунҳо аз шамъҳои ранга озинбастаро мегузоштанд. Баробари фаро расидани вақту соати ҷашни Сада оташро дар як вақт ҳам дар базмгоҳ ва ҳам дар талу теппа фурӯзон мекарданд. Чормағзҳоро даргиронда, парандаҳоро раҳо менамуданд. Шаби тор равшан гардида, қалби мардумро фараҳу шодӣ фаро мегирифт.
Яке аз вижагии ҷашни Сада ҳамкории мардум ва ба таври дастҷамъӣ ё ҳашар анҷом додани корҳо мебошад. Дар гузашта аз рӯи  анъана барои ҷашн ҳезум ва хору хошокро дастҷамъона гирд меоварданд. Ин амалро барои он иҷро мекарданд, ки зудтар оташи Садаро афрӯхта, қувваҳои аҳриманиро заиф сохта, нобуд  созанд ва ҷашнро хушу хурсандона таҷлил намоянд.
Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯз аз моҳи Баҳман (баробар ба 30 – юми моҳи январи мелодӣ) баргузор мекарданд. Ба ақидаи мардум дар ин ҳангом сармо дар зимистон ба авҷи худ мерасад. Аз ин пас ҳаво рӯ ба эътидол меорад. Тибқи гуфтаи Абурайҳони Берунӣ, мардум ҷашни Садаро ба муносибати «аз дӯзах ба рӯи олам баромадани зимистон» оташ афрӯхта, ҷашн мегирифтанд, моддаҳои хушбӯй бухор мекарданд, то аз сармои зимистон ба инсонҳо зиёне нарасад. Ӯ дар ҷойи дигар изҳори ақида кардааст, ки: «Ва аммо чунон аст, ки аз он (ҷашни Сада) то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб». Яъне бист рӯз аз моҳи Баҳман ва сӣ рӯз аз моҳи Исфанд, ки (баробари аввали феврал то 20 март) панҷоҳ шабонарӯз, якҷоя панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз ба сад баробар аст. Оид ба ин муддати фарорасии ҷашнҳои Садаву Наврӯз шоири қасидасаро Манучеҳрии Домғонӣ чунин гуфтааст:
…Ва нек биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш,
Ҷашни Сада талояи Наврӯзу навбаҳор.

Баъзе аз олимони хориҷӣ, ки дар соҳаи таърихи дин ва фарҳанги мардумӣ  пажӯҳиш бурдаанд, аз ҷумла Тумос Ҳоид бар он ақида аст, ки бидуни ҷанбаҳои достониву ривоятӣ пайдоиши ҷашни Сада тавзия ва ҷанбаи нуҷумӣ дорад. Аз ин айём ба тадриҷ шабҳо коҳиш ёфта, кӯтоҳтар мегарданд ва рӯзҳо тӯлонитар мешаванд.
Мардумони эронитабор ҳоло ҳам дар баъзе маҳалҳо ҷашни Садаро бо роҳу равиши дигар ҷашн мегиранд. Ин ҷашни ориёӣ дар байни тоҷикони Осиёи Марказӣ  бештар бо корҳои кишоварзӣ ва хосатан боғдориву ғаллакорӣ иртибот дорад. Тадқиқ ва баррасии он барои худшиносӣ ва бедории рӯҳи миллии ҷавонони тоҷик мусоидат менамояд.  Зеро ба қавли Муҳаммад Дабири Сиёқӣ, оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан мебошад:
Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст,
К-андарин мулк нахоҳад, ки шаби тор бувад.
Дар чунин ҷашни тараб, оре, Хуршед дигар,
Гар битобад зи дили хок сазовор бувад.
Рӯзии АҲМАД, фолклоршинос,
номзади илми филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2017    №: 19    Мутолиа карданд: 2666

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед