logo

иқтисод

ИСТЕҲСОЛОТИ ВАТАНӢ. ЧӢ БОЯД КАРД?

Рушди истеҳсолоти ватанӣ, хусусан молҳои воридотивазкунанда,  дар меҳвари нақшаю  стратегияҳои иқтисодии мамлакат  ҷой гирифтааст. Дар натиҷаи тадбирҳои роҳандозинамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти афзоиши истеҳсоли  молҳои ватанӣ ҳаҷми воридоти онҳо солҳои охир кам гардид.

Аз  маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ бармеояд, ки  бо тараққӣ ёфтани истеҳсолоти дохилӣ, барқарор гардидани иқтидори истеҳсолии корхонаҳо ва афзудани шумораи коргоҳҳои нав  маҳсулот фаровон шуда, дар баробари муътадил боқӣ мондани нархҳо, арзиши бархе  молҳо коҳиш ёфтааст.  Хуршед Каримзода, муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати кишвар, изҳор дошт,  ки  тайи соли гузашта ҳаҷми воридоти маҳсулот ба ҷумҳурӣ беш аз 11 дарсад коҳиш ёфта, содироти он ба хориҷ 0,9 дарсад афзудааст. 
Ба андешаи коршиносон, ҳарчанд  бахши истеҳсолоти ватанӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад, барои  боз ҳам таҳким бахшидани пояҳои иқтисоди кишвар, хусусан ташаккули бозори истеъмолӣ, коҳиш додани  воридоти баъзе аз маҳсулот нақши муҳим дорад. Вобастагӣ  аз   молҳои  воридотӣ ба истеҳсолгари  ватанӣ  таъсири манфӣ расонда, ба пастравии сатҳи афзоиши   маҳсулоти худӣ  оварда мерасонад. Бинобар ин, бо назардошти шароити иқлимию табиӣ ва  захираҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ воридоти маҳсулоте, ки истеҳсолашон дар дохили мамлакат имконпазир мебошад, бояд марҳила ба марҳила коҳиш дода шавад. Бо кам гардидани  ҳаҷми маҳсулоти  беруна, хусусан озуқаворӣ  дар бозорҳои кишвар,  суръати  рушди  истеҳсолоти ватанӣ афзуда,  вобастагӣ   аз  ширкату соҳибкорони хориҷӣ ҷиҳати воридоти номгӯйи бисёри маҳсулот  аз байн хоҳад рафт. Барои  коҳиши воридоти бархе маҳсулот ба мамлакат  фишангҳои иқтисодӣ заруранд. Баланд бардоштани пардохтҳои гумрукии қисме аз молҳои  воридотии дар мамлакат истеҳсолшаванда, аз роҳҳои босамари кам сохтани миқдори онҳо дар бозорҳои дохилӣ буда, ба  тақвияти тавлидоти ватанӣ  мусоидат хоҳад намуд. 
Ба гуфтаи Хуршед Каримзода,  ҳоло  бо мақсади афзоиши истеҳсоли ватанӣ баланд бардоштани  боҷи гумрукии маҳсулоти воридотии дар кишвар истеҳсолшаванда аз ҷониби Хадамоти гумруки мамлакат  дар назар аст. Соли гузашта   боҷи гумрукии воридоти қолин 15 дарсад баланд бардошта шуд, ки дар натиҷа,  нисбат ба соли 2015 воридоти он  ба таври назаррас коҳиш ёфт. Дар оянда пардохти гумрукии номгӯйи  бисёри маҳсулоти воридотие, ки дар ҷумҳурӣ имконияти васеи истеҳсоли онҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ  фароҳам оварда шудааст,  зиёд мегардад. 
Дар  Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ низ зиёд кардани истеҳсоли  маҳсулоти хушсифат  ва  воридотивазкунанда яке аз масъалаҳои марказӣ ва афзалиятнок арзёбӣ гардидааст. Фишангҳои иқтисодӣ, бавижа баланд бардоштани пардохтҳои гумрукӣ ва андоз барои воридоти маҳсулоти хориҷӣ, яке аз роҳҳои мусоидат ба афзоиши молҳои ватанӣ мебошад. Яъне, дар самти афзоиши маҳсулоти воридотивазкунанда баробари шароити мусоиди истеҳсол маҳдудияти воридоти он зарур аст. Аз ин лиҳоз,  ҷиҳати кам намудани миқдори маҳсулоти воридотие, ки истеҳсоли онҳо дар дохили кишвар дар ҳоли афзоиш аст, роҳандозии чораҳо аз ҷониби Хадамоти гумрук нақши муҳим дорад.     
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2017    №: 19    Мутолиа карданд: 1911

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед