logo

иқтисод

ЗАМИН. ҚАДРИ ОН ҚАДРИ ИНСОН АСТ

Дар шароити камзаминии кишвари мо ҳар порча замин арзиши гарон дорад. Кишоварзони пуртаҷриба барои аз ҳар ваҷаб замин оқилона истифода бурдан ҷаҳд мекунанд. Аммо ҳолатҳои  кишт нашудани ҳазорҳо гектар дида мешавад. Дар ҳисоботи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, ки соли 2016 майдони 12830 гектар, аз ҷумла 10247 гектар замини корами обӣ, аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст. Агар аз он 9181 гектар ба сабаби бад будани ҳолати мелиоративии заминҳо кишт нашуда бошад, дар истифода нагардидани 3649 гектар худи хоҷагидорон сабаб гаштаанд. Зеро онҳо корҳои хоҷагидориро ғайриқаноатбахш ба роҳ монда, боиси партов гардидани қитъаҳо шудаанд. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати азхудсозии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов, чарогоҳҳо ва  хоҷагиҳои ҷангал тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ менамоянд. Чунончи, соли рафта аз ҳисоби замини партов 844 ва чарогоҳҳо 595 гектар мавриди истифода қарор дода шуданд.
- Сабабу омилҳои аз гардиши кишоварзӣ берун мондани қитъаҳои алоҳида гуногунанд, - мегӯяд сардори раёсати баҳисобгирии давлатии заминҳои таъйиноти кишоварзии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Мастибек Қубодов. – Таҳлилҳо нишон доданд, ки соли гузашта аз ҳисоби шӯршавию ботлоқшавӣ дар 834, аз кор баромадани шабакаҳои обёрӣ 2050, фаромадани селоб 1935, нагузарондани корҳои мелиоративӣ 119, таъмиру таҷдиди шабакаҳои обёрикунанда 1011, нарасидани оби полизӣ 3230, корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ 1772 гектар ягон зироат кишт нашудааст. Ин ҳолатҳо бештар  дар вилоятҳои Суғд (6496 гектар) ва Хатлон (6023 гектар) ҷой доранд.
Натиҷаҳои санҷиши қитъаҳои замини аз гардиши  кишоварзӣ берунмонда нишон медиҳанд, ки назорат дар ин самт дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ нагардидааст. Масъулони соҳаро лозим аст, ки барои сари вақт истифода бурдани заминҳои бекор тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.
- Бар замми нокишта мондани 12 ҳазору 830 гектар замин боз қонунвайронсозиҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар хеле зиёд ҷой доранд, - мегӯяд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ. – Дар соли гузашта 13389 ҳолати вайронсозии қонунгузории замин ошкор карда, нисбат ба 12163 ҳолат дастур, 9235 ҳолат протокол тартиб дода, ба маблағи 2 миллиону 911 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шудааст. Ҷиҳати риояи талаботи қонунгузории замин дар хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва зотпарварии шаҳри Конибодом, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамени вилояти Суғд санҷиши қоидаҳои истифодаи замин гузаронда шуд. Ҳар сол оид ба кишти зироатҳои асосӣ – пахта ва картошка ченакҳои назоратӣ гузаронда мешаванд.
Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2017    №: 19    Мутолиа карданд: 1787

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед