logo

сиёсат

ШУКУРҶОН ЗУҲУРОВ ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ

22 январ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Шоҳи  Арабистони Саудӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати ҳамроҳонашро, ки бо сафари расмӣ дар ин кишвар қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Ар - Риёз ба мо иттилоъ дод, ки зимни мулоқоти судманду самимӣ Шукурҷон Зуҳуров паёми гарму бародаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд расонд. Аз Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои  таъмини шароити хуб барои ҳоҷиёни тоҷик, ки ҳамасола барои адои маносики ҳаҷ ба ин кишвар меоянд, арзи сипос намуд. Раиси Маҷлиси намояндагон аз ҳамкории мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои молиявии минтақа, аз қабили Созмони ҳамкории исломӣ, Бонки исломии рушд, ки дар онҳо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ нақши муҳим дорад, инчунин Хазинаи саудии рушд ва Маркази Шоҳ Салмон оид ба кумакҳои башардӯстона  изҳори қаноатмандӣ кард.
Шукурҷон Зуҳуров тазаккур дод, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сол ба сол таҳкиму густариш меёбанд. Як сол пеш дар чунин рӯз сафари расмии пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ доир гардида буд, ки зимни он панҷ санади нави ҳамкорӣ миёни ду кишвари дӯст ба имзо расид. Ин санадҳои ҳамкорӣ дар таҳкиму густариши муносибатҳои байни ду кишвар пояҳои устувор гузоштанд. Мо омодагии худро барои баланд бардоштани сатҳи муносибатҳо ва ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун бо Арабистони Саудӣ бори дигар изҳор менамоем. Ба ифтихори 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор намудани ҷаласаи дувуми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар шаҳри Ар - Риёз, инчунин доир намудани рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва ҳамоишу вохӯриҳои соҳибкорону сармоягузорон ва тоҷирони ду кишвар ба нақша гирифта шудааст, ки дар таҳкими муносибатҳои миёни ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид. Раиси Маҷлиси намояндагон аз густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ёдовар шуда, сафари расмии Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки моҳи майи соли гузашта сурат гирифта буд, дар густариши робитаҳои минбаъдаи байнипарлумонӣ ва рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба ба ҳайси як унсури таркибии маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории созандаи байни ду кишвар муҳим арзёбӣ намуд. 
Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд ташрифи ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Арабистони Саудӣ фоли нек хонда, таъкид кард, ки он ба таҳкими ҳамкории байнипарлумонии кишварҳо мусоидат  менамояд. Ҷониби Арабистони Саудӣ хостори тақвияти ҳамкориҳо бо кишвари дӯсти Тоҷикистон буда, аз ҷониби худ талош менамояд, ки ин равобит дар сатҳи барои ҳарду кишвар манфиатовар ба роҳ монда шавад. Шоҳи Арабистони Саудӣ тазаккур дод, ки ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ ва мулоқоту вохӯриҳои сатҳи олӣ дар тақвияти муносиботи гуногунҷанбаи ду давлат такони ҷиддӣ бахшиданд ва мо умедворем, ки созишномаҳои ҳамкории дар ҷараёни ин сафар байни вазорату идораҳои марбута имзошуда босамар мавриди иҷро қарор мегиранд.
Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд ба масъулони девони шоҳигарӣ, Раиси Маҷлиси шӯро ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки барои рушду тавсеаи ҳамаҷонибаи робитаҳо бо Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ, сармоягузорӣ ва ҳавасманду сафарбар намудани доираҳои соҳибкории мамлакат тадбирҳои саривақтӣ ва муассир андешанд. Мавсуф дар фароварди суҳбат ба миллати тоҷик беҳрӯзию хушбахтӣ ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу суботи пойдор,  пешрафту шукуфоӣ таманно намуд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2017    №: 19    Мутолиа карданд: 1608

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед