logo

иҷтимоиёт

ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ. ҶАВОНОН ДАР ТАШАККУЛИ ОН БОЯД ФАЪОЛ БОШАНД

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи насли наврас ва нақши онҳо дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид мекунанд, ки имрӯз мо чун дар асри пешрафту инкишофи илму технологияҳои нав қарор дорем, насли ҷавонро бояд бо дастовардҳои навини он шинос кунем ва омӯзонем. Инчунин, меъёрҳои демократии бунёди ҷомеаро амалӣ гардонем, анъанаҳои миллиамонро рушди тоза бахшем.
Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон яке аз ҳадафҳои имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.
Ба ҷуз ин, таъкид месозанд, ки раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари паҳлуҳои мусбати худ имрӯз башариятро дар рӯ ба рӯи омезишу бархӯрди арзишҳо ва фарҳангҳои гуногун қарор додааст.
Дар ҳақиқат, тамаддуни муосир таъсири басо амиқ мерасонад, агар волидон ягон шакли дигарро эҷод накунанд, вай аз ҳад зиёд таассуроту иттилооти яктарафа дода, ба тадриҷ аз эҳсосоти инсонӣ маҳрум месозад. Мақсади асосӣ бошуурона ба ҷаҳон мутобиқ шудани ҷавонон мебошад. Яъне, онҳо вазъиятҳои наву то ҳанӯз дучорнаомадаро сарфаҳм рафта, бомуваффақият ҳал намоянд.
Доктори илмҳои педагогӣ, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ф. Шарифзода дар китоби худ “Педагогика: назарияи инсонофар ва ҷомеаи фарҳангӣ” таъкид мекунад, ки ҷаҳонишавӣ ба раванди таълим тавассути вусъати таркиби байналмилалии он таъсир мерасонад. Раванди ҷаҳонишавии ташаккули муҳити нави иттилоотии ҷомеа барои инкишофи ҳамаҷонибаи инсон, ҳаллу фасли пурсамари проблемаҳои тахассусӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва моддӣ имконоти зиёд фароҳам меорад. Аммо ин имконотро он аъзои ҷомеа истифода бурда метавонанд, ки донишу малакаҳои зарурӣ дошта бошанд ва ба фазои иттилоотӣ сарфаҳм раванд ва ё ворид шаванд.
Моҳиятан, ҳоло ду фаҳмиши ҷаҳонишавӣ арзи вуҷуд мекунад: ҷаҳонишавӣ ҳамчун раванди воқеӣ, ки ба ҳамдастии минтақагароӣ ва гуфтугӯи фарҳангҳо сурат мебандад ва ҷаҳонишавӣ ҳамчун ҳамгунасозӣ, ки ба таври иҷборӣ амалӣ карда мешавад. Ҷаҳонишавии таълиму тарбия яке аз тамоюлҳои инкишофи назария ва амалияи педагогикаи муосир буда, ба зарурати омодасозии инсон дар шароити зуд тағйирёбанда, ҷаҳони ҳар чӣ бештар ҳамгирошаванда, арзиши проблемаҳо ва буҳронҳои ҷаҳонӣ асос ёфтааст. Таълиму тарбия дар ҳама давру замон масъалаи мураккаб буду ҳаст ва он роҳи осони ҳал надорад. Раванди ҷаҳонишавӣ хоҳ – нохоҳ ба таълиму тарбия таъсири манфии худро мерасонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин равандҳоро ба инобат гирифтанд. Ҳамин аст, ки бо мақсади ба камол расондани наслҳои соҳибмаърифату тарбиятдида Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид. Инчунин, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид шуд. Дар асоси моддаи 34  Конститутсия падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.
Ҳадафи асосии Сарвари давлат аз он иборат мебошад, ки мардум бояд моҳияти равандҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ, мақсади неруҳои ғаразноки берунӣ ва ҳадафи нақшаву барномаҳои давлати худро мустақилона дарк карда тавонанд ва ҷавонон маҷмӯи донишҳо, малакаҳо, маҳоратҳо ва сифатҳои баланди шахсиятро аз худ карда, вазифаҳои дар наздашон гузоштаро бомуваффақият ба ҷо оранд ва дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ пурсамар фаъолият намоянд.
Мо, омӯзгорон сиёсати дурнамои давлату Ҳукуматро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ташаббусҳои созанда, суханҳои хирадмандонаву пандомӯзи Роҳнамои муаззами илму маърифат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ карда, дар амал татбиқ менамоем.
Одинашоҳ ВАЛИЗОДА,
номзади илмҳои педагогӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.01.2017    №: 19    Мутолиа карданд: 2041

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед