logo

сиёсат

НАЗИРМАДЗОДА Бахтиёр. Муовини Раиси шаҳри Душанбе

НАЗИРМАДЗОДА Бахтиёр 23 майи соли 1972 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 1994 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос, соли 2002 Академияи гумруки Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷери соҳаи гумрук ва соли 2006 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.
Солҳои 1994-2008 дар вазифаҳои мутахассиси дараҷаи 3 дар  Ширкати ҳуқуқи байналмилалии «Контракт», Мудири истеҳсолии ширкати байналмилалии иттифоқи ҳуқуқшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори генералии Ширкати «Контракт» - и шаҳри Душанбе, сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, сардори шӯъбаи ҳамоҳангсозӣ ва такмили маъмурияти дорои андоз ва гумрук ва нозири калони раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукии Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2008-2010 Сардори Раёсати сармоягузорӣ дар  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2010-2012 сардори Раёсати маркетинг ва танзими фаъолияти тиҷорат, сардори Сарраёсати таҳлили конъюнктураи бозор ва танзими фаъолияти тиҷоратии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Солҳои 2012-2014 ба ҳайси Муовини Сардори Сарраёсати пешгӯии сиёсати сармоягузорӣ ва танзими рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз 12 июли соли 2014 то 12 январи соли 2017  дар вазифаи Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ кор мекард.
12 январи соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2012

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед